bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 22
Revelation 22
Tajik NT 1999
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
1
Ва дарёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки чун булӯр дурахшон буда, аз тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд.
2
Дар миёнаи кӯчаҳои шаҳр, дар ҳар ду канори дарё, дарахти ҳаёт буд, ки дувоздаҳ мева меовард, яъне ҳар моҳ меваи худро медод; ва баргҳои дарахт барои шифои халқҳо буд.
3
Ва дигар ҳеҷ лаънате намешавад; ва тахти Худо ва Барра дар вай мешавад, ва бандагони Ӯ ба Ӯ ибодат мекунанд,
4
ва рӯи Ӯро мебинанд, ва номи Ӯ бар пешониҳошон мешавад.
5
Ва шаб он ҷо намешавад, ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб мӯҳтоҷ намешаванд, зеро Худо Худованд ба онҳо рӯшноӣ мебахшад; ва то абад подшоҳӣ мекунанд.
6
Ва ба ман гуфт: «Ин суханон боваринок ва рост мебошанд; ва Худованд Худои рӯҳҳои пайғамбарон фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба зудӣ рӯй диҳад, ба бандагони Худ нишон диҳад».
7
«Инак, ба зудӣ меоям. Хушо касе ки суханони пайғамбарии ин китобро риоя мекунад».
8
Ва ман, Юҳанно, ҳамон касе ҳастам, ки ин чизҳоро дидам ва шунидам. Ва пас аз он ки шунидам ва дидам, пеши пойҳои фариштае ки инҳоро ба ман нишон дода буд, афтодам, то саҷда кунам.
9
Лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; зеро ман бо ту ва бо бародаронат — пайғамбарон ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоя мекунанд, ҳамкор ҳастам; ба Худо саҷда кун».
10
Ва ба ман гуфт: «Суханони пайғамбарии ин китобро мӯҳр накун; зеро вақт наздик аст.
11
Бигзор бадкор бадӣ кардан гирад, ва нопок худро нопок сохтан гирад, ва росткор ростӣ кардан гирад, ва муқаддас худро муқаддас кардан гирад.
12
Инак, ба зудӣ меоям, ва подоши Ман бо Ман аст, то ҳар касро мувофиқи амалаш сазо диҳам.
13
Ман алфа ва омега, аввалин ва охирин, оғоз ва анҷом ҳастам».
14
Хушо онҳое ки фармудаҳои Ӯро риоя мекунанд, то ба дарахти ҳаёт ҳуқуқдор шаванд ва ба дарвозаҳои шаҳр дароянд.
15
Вале сагон ва ҷодугарон ва фосиқон ва одамкушон ва бутпарастон ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, берун /аз он/ ҳастанд.
16
«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то дар ҷамоатҳо ба шумо аз ин чизҳо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».
17
Ва Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: «Биё!» Ва ҳар кӣ мешунавад, гӯяд: «Биё!» Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ хоҳад, оби ҳаётро муфт гирад.
18
Ман ба ҳар касе ки суханони пайғамбарии ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова мекунад, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст.
19
Ва агар касе аз суханони ин китоби пайғамбарӣ чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахти ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам мекунад.
20
Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Худованд Исо!
21
Файзи Худованд Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасон бод. Омин.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22