bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 10
Revelation 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 11 →
1
Ва фариштаи зӯрманде дидам, ки аз осмон фуруд меомад, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш чун сутунҳои оташ;
2
дар дасташ китобчаи кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,
3
ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мезанад; ва ҳангоме ки нидо кард, ҳафт тундар бо садоҳои худ сухан гуфтанд.
4
Ва ҳангоме ки ҳафт тундар сухан гуфтанд, мехостам нависам; лекин овозе аз осмон шунидам, ки гуфт: «Он чи ҳафт тундар гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис».
5
Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасти росташро сӯи осмон бардошт,
6
ва ба Ӯ, — ки то абад зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, — қасам ёд кард, ки дигар вақт намешавад,
7
балки дар айёме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, /яъне/ вақте ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом меёбад, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ пайғамбарон башорат додааст.
8
Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Рав ва китобчаи кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, гир».
9
Ва назди фаришта рафта, ба вай гуфтам, ки китобчаро ба ман диҳад. Ба ман гуфт: «Онро гир ва хӯр; он шикаматро талх мекунад, аммо дар даҳонат монанди асал ширин мешавад».
10
Ва китобчаро аз дасти фаришта гирифта, хӯрдам; ва он дар даҳонам монанди асал ширин буд; лекин вақте ки онро хӯрдам, шикамам талх шуд.
11
Ва ба ман гуфтанд: «Ту боз дар бораи қавмҳо ва халқҳо ва забонҳо ва подшоҳони бисёр бояд пайғамбарӣ кунӣ».
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22