bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 2
Revelation 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 3 →
1
Ба фариштаи ҷамоати Эфесус навис: Ӯ, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд:
2
“Амалҳои туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба бадкорон наметавонӣ тоб оварӣ; ва онҳоеро, ки худро расул меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурӯғгӯ ёфтаӣ;
3
ва сабр дорӣ, ва барои номи Ман /бисёр чизҳоро/ аз сар гузарондаӣ, ва хаста нагаштаӣ.
4
Аммо эроде бар ту дорам, ки муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ.
5
Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва амалҳои пештараро ба ҷо овар; вагарна назди ту ба зудӣ меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунӣ.
6
Лекин фазилати ту ин аст, ки аз амалҳои никулосиён нафрат дорӣ, ки Ман низ аз амалҳои онҳо нафрат дорам.
7
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, ба вай ато мекунам, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худои ман аст, хӯрад”.
8
Ва ба фариштаи ҷамоати Исмирно навис: аввалин ва охирин, ки мурда буд ва зинда шуд, чунин мегӯяд:
9
“Амалҳои туро медонам, ва душвориҳои туро, ва бенавоии туро, — валекин ту сарватманд ҳастӣ, — ва бадгӯии онҳоеро, ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки куништи шайтонанд.
10
Аз азобе ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз шумо ба зиндон меандозад, то озмуда шавед, ва даҳ рӯз ранҷ мекашед. То дами марг вафодор бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту медиҳам.
11
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, аз марги дуюм зараре намебинад”.
12
Ва ба фариштаи ҷамоати Паргомус навис: Ӯ, ки шамшери тези дудама дорад, чунин мегӯяд:
13
“Амалҳои туро медонам, ва манзили туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту номи Маро маҳкам нигоҳ медорӣ ва дар айёме ки шоҳиди вафодори Ман Антипос дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.
14
Аммо эроди каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣ-Исроил васваса андозад, то қурбониҳои бутҳоро хӯранд ва фосиқӣ кунанд.
15
Ҳамчунин назди ту пайравони таълимоти никулосиён ҳастанд.
16
Тавба кун, вагарна назди ту ба зудӣ меоям ва бо шамшери даҳони Худ бо онҳо ҷанг мекунам.
17
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд. Ҳар кӣ ғолиб ояд, ба вай аз манни ниҳонӣ медиҳам; ва ба вай санги сафеде медиҳам, ва бар ин санг номи наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ғайр аз касе ки онро гирифтааст”.
18
Ва ба фариштаи ҷамоати Тиётиро навис: Писари Худо, ки чашмонаш чун шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш чун миси дурахшон аст, чунин мегӯяд:
19
“Амалҳои туро медонам, ва муҳаббати туро, ва хизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки амалҳои охиринат аз аввалинат бештар аст.
20
Аммо эроде бар ту дорам, зеро ба занат Изобал, ки худро пайғамбар меномад, роҳ медиҳӣ; вай бандагони Маро таълим дода, гумроҳ мекунад, то фосиқӣ кунанд ва қурбониҳои бутҳоро хӯранд.
21
Ва ман ба вай фурсат додам, ки аз фосиқии худ тавба кунад, валекин вай тавба кардан намехоҳад.
22
Инак, Ман вайро бар бистаре меандозам, ва онҳоеро, ки бо вай зино мекунанд, гирифтори азоби сахте мегардонам, агар аз амалҳое ки бо вай кардаанд, тавба накунанд.
23
Ва фарзандони вайро ба ҳалокат мерасонам, ва ҳамаи ҷамоатҳо хоҳанд донист, ки Ман санҷандаи гурдаҳо ва дилҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи амалҳояш ато мекунам.
24
Валекин ба шумо, яъне ба касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ҳамаи онҳое ки ин таълимотро надоранд ва, чунон ки мегӯянд, аз сирҳои ниҳони шайтон хабар надоранд, мегӯям: бар шумо бори дигаре намегузорам;
25
фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям.
26
Ва ҳар кӣ ғолиб ояд ва амалҳои Маро то ба охир риоя кунад, ба вай бар халқҳо қудрат мебахшам,
27
ва онҳоро вай бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад, ва онҳо чун кӯзаи кулол мешикананд, — чунон ки Ман низ аз Падари Худ /қудрат/ ёфтаам.
28
Ва ба вай ситораи субҳро ато мекунам.
29
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22