bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Revelation 3
Revelation 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 4 →
1
Ва ба фариштаи ҷамоати Сардис навис: Ӯ, ки ҳафт рӯҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегӯяд: “Амалҳои туро медонам: ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекин мурда ҳастӣ.
2
Бедор бош ва боқимондаеро, ки партофтанӣ будӣ, нигоҳ дор, зеро Ман амалҳои туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам.
3
Акнун ба ёд ор, ки /он чи дорӣ,/ чӣ гуна ёфтаӣ ва чӣ гуна шунидаӣ, ва онро нигоҳдорӣ намо ва тавба кун. Ва агар бедор набошӣ, Ман чун дузд бар сари ту меоям, ва ту намедонӣ, ки дар кадом соат бар сари ту меоям.
4
Валекин назди ту дар Сардис якчанд нафар ҳастанд, ки либоси худро нопок накардаанд ва дар либоси сафед бо Ман мегарданд, чунки онҳо сазовори ин мебошанд.
5
Ҳар кӣ ғолиб ояд, либоси сафед дар бар мекунад; ва Ман номи вайро аз дафтари ҳаёт пок намекунам, ва номи вайро дар ҳузури Падари Худ ва дар ҳузури фариштаҳои Ӯ эътироф мекунам.
6
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”.
7
Ва ба фариштаи ҷамоати Филоделфия навис: он Қуддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, Он ки мекушояд ва ҳеҷ кас намебандад, ғайр аз Он ки мекушояд, ва ҳеҷ каси /дигар/ намекушояд, чунин мегӯяд:
8
“Амалҳои туро медонам; инак, дари кушодае пеши рӯи ту гузоштаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; зеро ту қуввати каме дорӣ, ва каломи Маро риоя намудаӣ, ва номи Маро инкор накардаӣ.
9
Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, — инак, тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту афтанд ва донанд, ки туро дӯст доштаам.
10
Азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ мекунам, ки он бар тамоми ҷаҳон меояд, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад.
11
Ба зудӣ меоям; он чи дорӣ,маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад.
12
Ҳар кӣ ғолиб ояд, вайро дар ибодатхонаи Худои Худ сутуне мегардонам, ва дигар берун намеравад; ва номи Худои Худро ва номи шаҳри Худои Худро, яъне Уршалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои ман фуруд меояд, ва номи нави Худро бар вай менависам.
13
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”.
14
Ва ба фариштаи ҷамоати Лоудикия навис: он Омин, ки шоҳиди боваринок ва ҳақ, ибтидои офариниши Худост, чунин мегӯяд:
15
“Амалҳои туро медонам: на сард ҳастӣ на гарм. Кошки сард ё гарм мебудӣ!
16
Лекин азбаски ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай мекунам.
17
Зеро мегӯӣ: «Сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам»; аммо намедонӣ, ки ту бечора ва бадбахт ва камбағал ва кӯр ва луч ҳастӣ.
18
Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо харӣ, то сарватманд шавӣ; ва либоси сафедро, то пӯшӣ, ва расвоии лучии ту аён нашавад; ва ба чашмони худ марҳамро бимол, то бино шавӣ.
19
Ҳар киро Ман дӯст дорам, сарзаниш мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас боғайрат бош ва тавба кун.
20
Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, пас назди ӯ даромада, бо ӯ хӯроки шом мехӯрам, ва ӯ бо Ман.
21
Ҳар кӣ ғолиб ояд, ба вай ато мекунам, ки бо Ман бар тахт нишинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.
22
Он ки гӯш дорад, шунавад, ки Рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22