bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 1
John 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 2 →
1
Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.
2
Он дар ибтидо бо Худо буд.
3
Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.
4
Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.
5
Ва нур дар торикӣ медурахшад, ва торикӣ онро дарнаёфт.
6
Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуд; номаш Яҳё буд.
7
Вай барои шаҳодат омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ҳама ба воситаи вай имон оваранд.
8
Вай он Нур набуд, балки бояд бар Нур шаҳодат медод.
9
Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро пурнур мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
10
Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашинохт.
11
Ӯ ба мулки Худ омад, ва қавмаш Ӯро қабул накард.
12
Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба номи Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо гарданд,
13
ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
14
Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли Писари ягонаи Падар аст.
15
Ва Яҳё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст он ки дар бораи Ӯ гуфтам: “Он ки пас аз ман меояд, аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман будааст”».
16
Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо баҳраманд шудем, файз аз пайи файз;
17
чунки шариат ба воситаи Мусо дода шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
18
Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро шиносонд.
19
Ва ин аст шаҳодати Яҳё ҳангоме ки яҳудиён аз Уршалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки «ту кистӣ?»
20
Вай иқрор кард ва инкор накард, балки эътироф намуд: «Ман Масеҳ нестам».
21
Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Илёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он пайғамбар ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не».
22
Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?»
23
Гуфт: «Ман “овози нидокунандае дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед”, чунон ки Ишаъёи пайғамбар гуфтааст».
24
Он фиристодагон аз фарисиён буданд.
25
Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Илёс ва на он пайғамбар, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?»
26
Яҳё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед:
27
Ӯ он аст, ки пас аз ман меояд, аммо бар ман бартарӣ ёфтааст; ва ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро кушоям».
28
Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Урдун аст, дар ҷое ки Яҳё таъмид медод, рӯй дод.
29
Фардои он, Яҳё Исоро дид, ки ба сӯи вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;
30
ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам: “Пас аз ман марде меояд, ки бар ман бартарӣ ёфтааст, зеро пеш аз ман будааст”;
31
ман Ӯро намешинохтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил ошкор гардад, омадам ва бо об таъмид медодам».
32
Ва Яҳё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон фуруд омада, бар Ӯ қарор гирифт;
33
ман Ӯро намешинохтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: “Бар Касе бинӣ, ки Рӯҳ фуруд омада, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад”.
34
Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».
35
Фардои он, боз Яҳё бо ду шогирди худ истода буд.
36
Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».
37
Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз пайи Исо равона шуданд.
38
Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, ва гуфт: «Чӣ мехоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ (ки тарҷумааш «эй Устод» аст), дар куҷо истиқомат дорӣ?»
39
Ӯ ба онҳо гуфт: «Биёед ва бинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ монданд. Тақрибан соат даҳ буд.
40
Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз пайи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд.
41
Ин шахс аввал бародари худ Шимъунро ёфта, ба вай гуфт: «Мо Масеҳро (ки тарҷумааш “масҳшуда” аст) ёфтем».
42
Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъун, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо мешавад (ки тарҷумааш “Петрус” аст)».
43
Фардои он, Исо хост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё».
44
Филиппус аз Байт-Сайдо, аз шаҳри Андриёс ва Петрус буд.
45
Филиппус Натанъилро ёфта, ба вай гуфт: «Он Касеро, ки дар бораи Ӯ Мусо дар Таврот ва пайғамбарон навиштаанд, ёфтаем. Ӯ Исо, писари Юсуф, аз Носира аст».
46
Вале Натанъил ба вай гуфт: «Оё аз Носира чизи некӯе буда метавонад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бин».
47
Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай фиребе нест».
48
Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам».
49
Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».
50
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Оё азбаски ба ту гуфтам, ки туро зери дарахти анҷир дидам, имон меоварӣ? Чизҳои бузургтар аз ин хоҳӣ дид».
51
Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштаҳои Худоро, ки бар Писари Одам болову поён мераванд, мебинед».
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21