bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 4
John 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 5 →
1
Чун Худованд дарёфт, ки фарисиён шунидаанд, ки Ӯ беш аз Яҳё шогирдон пайдо мекунад ва таъмид медиҳад,
2
гарчанде ки на Худи Исо, балки шогирдонаш таъмид медоданд,
3
Яҳудияро тарк карда, ба Ҷалил рафт.
4
Ва Ӯро лозим буд аз Сомара гузашта равад.
5
Пас ба яке аз шаҳрҳои Сомара омад, ки Сухар ном дошта, дар наздикии қитъаи замине буд, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд.
6
Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст; тақрибан соат шаш буд.
7
Зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман об деҳ».
8
Зеро шогирдонаш барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд.
9
Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман об мехоҳӣ, дар ҳоле ки ман зани сомариам?» Зеро яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд.
10
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: “Ба Ман об деҳ”, пас худ аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
11
Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва чоҳ чуқур аст, пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ?
12
Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?»
13
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад;
14
лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, то абад ташна намемонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе мегардад, ки то ҳаёти абадӣ меҷӯшад».
15
Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Ба ман аз он об деҳ, то дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям».
16
Исо ба вай гуфт: «Рав, ва шавҳаратро ҷеғ зан, ва ба ин ҷо биё».
17
Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ;
18
зеро панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки акнун дорӣ, шавҳари ту нест; он чи гуфтӣ, рост аст».
19
Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ;
20
падарони мо дар болои ин кӯҳ парастиш мекарданд, вале шумо мегӯед, ки ҷое ки дар он бояд парастиш кард, дар Уршалим мебошад».
21
Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Ба Ман бовар кун, соате мерасад, ки на дар болои ин кӯҳ Падарро парастиш мекунед, ва на дар Уршалим.
22
Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро наҷот аз яҳудиён аст.
23
Лекин соате мерасад, ва акнун расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро дар рӯҳ ва ростӣ парастиш мекунанд, зеро Падар ҷӯёи ин гуна парастандагони Худ аст:
24
Худо Рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».
25
Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Масеҳ, яъне Масҳшуда, меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар медиҳад».
26
Исо ба вай гуфт: «Ман, ки ба ту сухан мегӯям, Ҳамонам».
27
Ҳамин вақт шогирдонаш омада, ҳайрон шуданд, ки Ӯ бо зане гуфтугӯ мекунад. Лекин ҳеҷ кас нагуфт: «Чӣ мехоҳӣ?» ё «Барои чӣ ба вай сухан мегӯӣ?»
28
Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба одамон гуфт:
29
«Биёед ва Касеро бинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ӯ Масеҳ нест?»
30
Онҳо аз шаҳр берун шуда, назди Ӯ меомаданд.
31
Дар ин миён шогирдон аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Эй Устод! Хӯр!»
32
Ба онҳо гуфт: «Ман ғизое барои хӯрдан дорам, ки шумо онро намедонед».
33
Шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар касе ба Ӯ хӯрданӣ овардааст?»
34
Исо ба онҳо гуфт: «Ғизои Ман ин аст, ки хости Фиристандаи Худро ба ҷо оварам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.
35
Оё шумо намегӯед, ки боз чор моҳ мондааст, ва дарав фаро мерасад? Инак, Ман ба шумо мегӯям: ба атроф нигоҳ карда, киштзорро бинед, ки барои дарав сафед шудааст.
36
Даравгар музди худро мегирад ва маҳсулеро барои ҳаёти абадӣ ҷамъ мекунад, то коранда ва даравгар бо ҳам шодӣ кунанд;
37
зеро дар ин ҷо гуфтае дуруст аст, ки «яке мекорад ва дигаре дарав мекунад».
38
Ман шуморо барои даравидани маҳсуле фиристодаам, ки барои он шумо меҳнат накардаед: дигарон меҳнат кардаанд, ва шумо дар меҳнати онҳо дохил шудаед».
39
Ва аз рӯи сухани он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бисёр сомариён ба Ӯ имон оварданд.
40
Бинобар ин, чун сомариён пеши Ӯ омаданд, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки назди онҳо монад; ва Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд.
41
Ва боз бисёре аз рӯи сухани Ӯ имон оварданд.
42
Ва ба он зан гуфтанд: «Пас аз ин имони мо аз рӯи сухани ту нест, зеро худ шунидем ва донистем, ки Ӯ ба ростӣ Масеҳ ва Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
43
Пас аз ду рӯз Ӯ аз он ҷо берун омада, ба Ҷалил равона шуд;
44
агарчи Худи Исо гувоҳӣ додааст, ки пайғамбар дар ватани худ беқадр аст.
45
Чун Ӯ ба Ҷалил омад, аҳли Ҷалил Ӯро пазируфтанд, зеро ҳар он чи дар Уршалим дар ид карда буд, дида буданд, чунки онҳо низ ба ид рафта буданд.
46
Ва Исо бори дигар ба Қонои Ҷалил омад, ки дар он ҷо обро май гардонда буд. Ва шахсе аз дарбориён буд, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд.
47
Чун шунид, ки Исо аз Яҳудия ба Ҷалил омадааст, назди Ӯ рафта илтимос кард, ки омада писарашро шифо диҳад, зеро вай дар дами марг буд.
48
Исо ба вай гуфт: «Агар аломатҳо ва муъҷизаҳо набинед, имон намеоваред».
49
Дарборӣ ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Пеш аз он ки фарзандам мурад, биё».
50
Исо ба вай гуфт: «Рав, писарат зинда аст». Он шахс ба сухане ки Исо гуфт, бовар карда, равона шуд.
51
Ва ҳангоме ки мерафт, ғуломонаш вайро пешвоз гирифтанд, ва хабар доданд: «Бачаат зинда аст».
52
Аз онҳо пурсид: «Дар кадом соат аҳволаш беҳтар шуд?» Ба вай гуфтанд: «Дирӯз дар соати ҳафт таб вайро тарк кард».
53
Ва падар донист, ки ин ҳамон соате буд, ки Исо ба вай гуфт: «Писарат зинда аст». Ва худаш ва тамоми аҳли хонааш имон оварданд.
54
Ин муъҷизаи дуюм буд, ки Исо пас аз омаданаш аз Яҳудия ба Ҷалил нишон дод.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21