bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 13
John 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 14 →
1
Пеш аз иди Песаҳ, чун Исо медонист, ки соати Ӯ расидааст, то аз ин ҷаҳон назди Падар равад, Ӯ, ки одамони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт.
2
Ва пас аз хӯроки шом, ки иблис дар дили Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ андохта буд, ки Ӯро таслим кунад,
3
ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад,
4
аз сари дастархон бархеста, ҷомаи Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;
5
пас аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушкондани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, сар кард.
6
Чун назди Шимъуни Петрус омад, вай гуфт: «Хоҷаам! Магар Ту пойҳои маро мешӯӣ?»
7
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, ҳоло намедонӣ, лекин баъд мефаҳмӣ».
8
Петрус ба Ӯ гуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз намешӯӣ». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест».
9
Шимъуни Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! На танҳо пойҳои маро, балки дастҳо ва сари маро низ шӯй».
10
Исо ба вай гуфт: «Касе ки шустушӯй кардааст, танҳо ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама».
11
Зеро таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед».
12
Чун пойҳои онҳоро шуст, ҷомаи Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед барои шумо чӣ кардам?
13
Шумо Маро Устод ва Хоҷа мегӯед ва рост мегӯед, зеро Ман чунин ҳастам.
14
Пас агар ман, ки Хоҷа ва Устод ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро шӯед;
15
зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман ба шумо кардам, шумо низ кунед.
16
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом аз хоҷаи худ бузургтар нест, ва фиристода бузургтар аз фиристандаи худ нест.
17
Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
18
Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям; онҳоеро, ки интихоб кардаам, медонам. Лекин ин навишта бояд ба амал ояд: «Он ки бо Ман нон мехӯрд, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст».
19
Акнун, пеш аз рӯй додан, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми рӯй доданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам.
20
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».
21
Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ ошуфта шуд, ва гувоҳӣ дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим мекунад».
22
Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, ҳайрон шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд.
23
Яке аз шогирдонаш, ки Исо вайро дӯст медошт, дар сандуқи синаи Исо такя зада буд.
24
Шимъуни Петрус ба вай ишора кард, то пурсад: он кист, ки дар борааш чунин гуфт.
25
Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такя зада, пурсид: «Хоҷаам! Он кист?»
26
Исо ҷавоб дод: «Он аст, ки тиккаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва тиккаро ғӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ дод.
27
Пас аз он ки тиккаро гирифт, шайтон ба даруни вай рафт. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ кун».
28
Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.
29
Баъзе гумон карданд, ки чун ҳамён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо даркор аст, харид кунад ё чизе ба камбағалон диҳад.
30
Вай тиккаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.
31
Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Акнун Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт.
32
Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол медиҳад, ва ба зудӣ Ӯро ҷалол медиҳад.
33
Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам; баъд Маро ҷустуҷӯ мекунед, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед оед.
34
Ба шумо фармудаи наве медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштаам, шумо низ якдигарро дӯст доред.
35
Аз рӯи ҳамин ҳама медонанд, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред».
36
Шимъуни Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба ҷое ки ман меравам, ҳоло наметавонӣ аз паси Ман биёӣ, лекин дертар аз паси Ман меоӣ».
37
Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Чаро ҳоло аз паси Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо мекунам».
38
Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо мекунӣ? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ».
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21