bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 5
John 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 6 →
1
Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Уршалим омад.
2
Дар Уршалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегӯянд, ва он панҷ айвон дорад:
3
Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд.
4
Зеро фариштае гоҳ-гоҳ ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ пас аз ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар беморие ки дошт, шифо меёфт.
5
Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол гирифтори беморӣ буд.
6
Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?»
7
Бемор ҷавоб дод: «Эй Хоҷа! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро ба ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре ба ҳавз мефарояд».
8
Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва рав».
9
Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд.
10
Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд: «Имрӯз шанбе аст, ва раво нест, ки бистари худро бардорӣ».
11
Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: “Бистаратро бардор ва рав”».
12
Аз вай пурсиданд: «Кист он Кас, ки ба ту гуфт: “Бистаратро бардор ва рав”?»
13
Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ӯ кист; зеро он ҷо мардуми бисёре буданд, ва Исо дар байнашон нопадид шуда рафт.
14
Пас аз он Исо вайро дар ибодатгоҳ ёфта, гуфт: «Инак, шифо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ба ҳоли бадтаре дучор нашавӣ».
15
Он шахс рафта, ба яҳудиён хабар дод, ки шифодиҳандаи вай Исо аст.
16
Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ӯро мехостанд кушанд, чунки ин корро дар рӯзи шанбе карда буд.
17
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам».
18
Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ӯро кушанд, зеро на танҳо шанберо риоя намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист.
19
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад.
20
Зеро Падар Писарро дӯст медорад ва ҳар он чи Худ мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ӯ нишон медиҳад, то шумо ҳайрон шавед.
21
Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро бармехезонад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро хоҳад, зинда мегардонад.
22
Зеро Падар ҳеҷ касро доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст,
23
то ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст.
24
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ сухани Маро шунавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
25
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате мерасад, ва акнун расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ шунавад, зинда мегардад.
26
Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад;
27
ва ба Ӯ қудрат додааст, ки доварӣ кунад, зеро Ӯ Писари Одам аст».
28
Аз ин ҳайрон нашавед, зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар гӯр мебошанд, овози Ӯро мешунаванд,
29
ва берун меоянд — некӯкорон барои растохези ҳаёт ва бадкорон барои растохези доварӣ.
30
Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одилона аст, зеро на ҷӯёи хости Худ, балки ҷӯёи хости Падаре ҳастам, ки маро фиристодааст.
31
Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест.
32
Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодате ки вай бар Ман медиҳад, рост аст.
33
Шумо назди Яҳё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод.
34
Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегӯям, то шумо наҷот ёбед.
35
Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате дар рӯшноии вай шодӣ кунед.
36
Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман супурдааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст.
37
Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст. Ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед,
38
ва каломи Ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред.
39
Шумо Китобро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи он ҳаёти абадӣ пайдо мекунед, вале он бар Ман шаҳодат медиҳад.
40
Ва шумо намехоҳед назди Ман оед, то ҳаёт ёбед.
41
Эҳтиромро аз одамон қабул намекунам.
42
Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ муҳаббати Худоро надоред.
43
Ман ба номи Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба номи худ биёяд, вайро қабул мекунед.
44
Шумо чӣ гуна метавонед имон оваред, дар ҳоле ки эҳтиромро аз якдигар қабул мекунед, лекин эҳтиромеро, ки аз Худои ягона аст, ҷӯё нестед?
45
Гумон накунед, ки Ман назди Падар шуморо айбдор мекунам: айбдоркунандаи шумо Мусо аст, ки ба вай умед бастаед.
46
Зеро агар ба Мусо бовар медоштед, ба Ман ҳам бовар мекардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст.
47
Аммо агар ба навиштаҳои вай бовар накунед, ба суханони Ман чӣ гуна бовар мекунед?»
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21