bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 7
John 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 8 →
1
Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудия бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд.
2
Ва иди яҳудиён, ки иди Хаймаҳо аст, наздик буд.
3
Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудия равона шав, то шогирдонат низ он корҳоеро, ки Ту ба ҷо меоварӣ, бинанд;
4
зеро касе ки мехоҳад машҳур бошад, дар ниҳон амал намекунад. Агар Ту чунин корҳоро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон нишон деҳ».
5
Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд.
6
Исо ба онҳо гуфт: «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст.
7
Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, лекин аз Ман нафрат дорад, чунки Ман бар он гувоҳӣ медиҳам, ки корҳояш бад аст.
8
Шумо ба ин ид равед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз пур нашудааст».
9
Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.
10
Пас аз он бародаронаш ба ид рафтанд, Ӯ низ рафт, на ошкоро, балки дар ниҳон.
11
Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд: «Ӯ куҷост?»
12
Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисёре буд. Баъзе мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад».
13
Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт.
14
Чун нисфи ид гузашт, Исо ба ибодатгоҳ рафта, ба таълим додан сар кард.
15
Ва яҳудиён ҳайрон шуда, гуфтанд: «Ин Шахс Китобро чӣ гуна медонад, дар ҳоле ки ҳаргиз таълим наёфтааст?»
16
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст.
17
Касе ки хости Ӯро ба амал овардан мехоҳад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям.
18
Ҳар кӣ аз худ сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ростгӯй аст, ва дар Ӯ норостӣ нест.
19
Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро кушед?»
20
Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро кушад?»
21
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо ҳайрон мондед.
22
Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо касро дар рӯзи шанбе хатна мекунед.
23
Пас агар кас дар рӯзи шанбе низ хатна мешавад, то шариати Мусо вайрон нашавад, чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро пурра шифо додаам?
24
Аз рӯи зоҳир доварӣ накунед, балки аз рӯи ростӣ доварӣ кунед».
25
Он гоҳ баъзе аз уршалимиён гуфтанд: «Оё ин ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд кушанд?
26
Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон ҳақиқатан донистаанд, ки Ӯ ба ростӣ Масеҳ аст?
27
Лекин мо медонем, ки ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе намедонад, ки Ӯ аз куҷост».
28
Ва Исо ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристандаи Ман ҳақ аст, ки шумо Ӯро намешиносед.
29
Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст».
30
Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд.
31
Лекин бисёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Оё чун Масеҳ ояд, аз ин Шахс бештар муъҷизаҳо нишон медиҳад?»
32
Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ пинҳонӣ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва сардорони коҳинон нигаҳбононро фиристоданд, то Ӯро дастгир кунанд.
33
Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам.
34
Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед».
35
Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо мехоҳад равад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё мехоҳад назди онҳое равад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад?
36
Чист маънои суханоне ки Ӯ гуфт: “Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед”?» Ҷудоӣ дар байни мардум
37
Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман ояд ва нӯшад.
38
Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Китоб гуфта шудааст, аз даруни вай дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд».
39
Инро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, онро меёбад; зеро Рӯҳулқудс ҳанӯз дода нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд.
40
Бисёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Ба ростӣ ин Шахс ҳамон пайғамбар аст».
41
Дигарон гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин баъзеи дигар гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд?
42
Оё дар Китоб гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт-Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?»
43
Инак, дар бораи Ӯ дар байни мардум ҷудоӣ афтод.
44
Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт.
45
Пас нигаҳбонон назди сардорони коҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва инҳо ба онон гуфтанд: «Чаро Ӯро наовардед?»
46
Нигаҳбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин Шахс сухан нагуфтааст».
47
Фарисиён дар ҷавоб ба онҳо гуфтанд: «Оё шумо низ гумроҳ шудаед?
48
Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст?
49
Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, лаънатӣ мебошанд».
50
Никӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:
51
«Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро шунаванд ва донанд, ки вай чӣ кор кардааст?»
52
Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ аз Ҷалил ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бин, ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил барнахостааст».
53
Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21