bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 3
John 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 4 →
1
Дар байни фарисиён шахсе ки Никӯдимус ном дошт, сардори яҳудиён буд.
2
Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, магар ин ки Худо бо вай бошад».
3
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз нав таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад».
4
Никӯдимус ба Ӯ гуфт: «Одами пир чӣ гуна метавонад таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?»
5
Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад:
6
Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.
7
Аз он чи ба ту гуфтам, ҳайрон нашав: бояд шумо аз нав таваллуд ёбед.
8
Бод ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад».
9
Никӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ гуна метавонад чунин шавад?»
10
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инро намедонӣ?»
11
Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед.
12
Ҳангоме ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ гуна бовар мекунед?
13
Ҳеҷ кас ба осмон боло нарафтааст, магар танҳо он ки аз осмон фуруд омадааст, яъне Писари Одам, ки дар осмон аст.
14
Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,
15
то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад.
16
Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад.
17
Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18
Ҳар кӣ ба Ӯ имон дорад, маҳкум намешавад; лекин ҳар кӣ имон надорад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
19
Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале одамон торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст.
20
Зеро ҳар кӣ кори бад мекунад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то корҳояш фош нашаванд;
21
лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор шавад, ки корҳояш дар Худо карда шудаанд».
22
Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудия омад ва дар он ҷо бо онҳо монда, таъмид медод.
23
Ва Яҳё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Шалим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисёр буд; ва мардум омада, таъмид мегирифтанд.
24
Зеро Яҳё ҳанӯз ба зиндон андохта нашуда буд.
25
Ва байни шогирдони Яҳё ва як яҳудӣ оид ба расми покшавӣ баҳс шуд;
26
ва назди Яҳё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Урдун бо ту буд, ва ту бар Ӯ шаҳодат дода будӣ, акнун таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд».
27
Яҳё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба даст оварад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.
28
Шумо худ шоҳид ҳастед, ки гуфтам: «Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам».
29
Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст.
30
Ӯ бояд бузург шавад, ва ман — хурд.
31
Он ки аз боло меояд, бартар аз ҳама аст; он ки аз замин аст, заминӣ аст ва чун заминӣ сухан мегӯяд; он ки аз осмон меояд, бартар аз ҳама аст.
32
Ва он чиро дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад.
33
Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо ҳақ аст.
34
Зеро Он ки Худо Ӯро фиристод, суханони Худоро мегӯяд; зеро Худо Рӯҳро ба андоза намедиҳад.
35
Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.
36
Касе ки ба Писар имон дорад, ҳаёти абадӣ дорад. Касе ки ба Писар имон надорад, ҳаёт намебинад, балки хашми Худо бар вай мемонад».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21