bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 6
John 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 7 →
1
Пас аз он Исо ба он тарафи кӯли Ҷалил, ё кӯли Табария рафт;
2
ва мардуми бисёре аз паси Ӯ равона шуданд, зеро он муъҷизаҳоеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд.
3
Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст.
4
Иди Песаҳи яҳудиён наздик буд.
5
Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон харем, то инҳо хӯранд?»
6
Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ кардан мехост.
7
Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ҳар яке андаке нон хӯранд».
8
Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус, ба Ӯ гуфт:
9
«Ин ҷо бачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?»
10
Исо гуфт: «Одамонро шинонед». Дар он ҷо сабза бисёр буд, ва мардон, ки қариб панҷ ҳазор буданд, нишастанд.
11
Исо нонҳоро гирифта, шукр гуфт ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд.
12
Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ғундоред, то чизе ҳайф нашавад».
13
Ва ғундошта, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14
Ҳангоме ки одамон ин муъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ба ростӣ он пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон ояд».
15
Лекин Исо чун дарёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад. Қадам задани,,,,\ Исо бар кӯл
16
Шомгоҳон шогирдонаш сӯи кӯл фуромаданд.
17
Ва ба киштие савор шуда, ба он тарафи кӯл, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд.
18
Ва боди сахте вазида, кӯл ба талотум омад.
19
Ҳангоме ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия киштӣ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар кӯл қадам зада, ба киштӣ наздик меояд, ва тарсиданд.
20
Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед».
21
Онҳо мехостанд Ӯро ба киштӣ дароваранд; ҳамон дам киштӣ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид.
22
Фардои он, мардуме ки дар он сӯи кӯл истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ киштие набуд, ғайр аз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он киштӣ надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд;
23
лекин киштиҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз шукргузории Худованд нон хӯрда буданд, расиданд;
24
ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба киштиҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд.
25
Ва Ӯро дар он сӯи кӯл ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?»
26
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби аломатҳое ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед.
27
На аз барои ғизои гузарон, балки барои ғизое меҳнат кунед, ки то ҳаёти абадӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо медиҳад; зеро Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».
28
Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки корҳои писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?»
29
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Кори писандидаи Худо ин аст, ки ба он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред».
30
Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, Ту чӣ муъҷизае нишон медиҳӣ, то дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ?
31
Падарони мо дар биёбон манн хӯрданд, чунон ки навишта шудааст: “Аз осмон ба онҳо нон дод, то хӯранд”».
32
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: на Мусо нонро ба шумо аз осмон додааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад;
33
зеро нони Худо Он аст, ки аз осмон фуруд омада, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
34
Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Ҳамеша ин нонро ба мо деҳ».
35
Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна намемонад, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна намемонад.
36
Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро дидаед, ва имон намеоваред.
37
Ҳар он чи Падар ба Ман диҳад, назди Ман меояд, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар намеронам.
38
Зеро аз осмон фуруд омадаам на аз барои он ки ба хости Худ амал кунам, балки ба хости Фиристандаи Худ.
39
Ва хости Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман дода шудааст, чизе аз даст надиҳам, балки дар рӯзи вопасин онро бархезонам.
40
Ва хости Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти абадӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро бармехезонам».
41
Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, чунки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон фуруд омад».
42
Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ гуна мегӯяд, ки “Ман аз осмон фуруд омадаам”?»
43
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Байни якдигар шикоят накунед.
44
Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин бармехезонам.
45
Дар навиштаҳои пайғамбарон омадааст: “Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт”. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.
46
На ин ки касе Падарро дидааст, магар Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст.
47
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти абадӣ дорад.
48
Ман нони ҳаёт ҳастам.
49
Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд;
50
валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон фуруд омад, то ҳар кӣ аз он хӯрад, намурад.
51
Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон фуруд омад. Касе ки аз ин нон хӯрад, то абад зинда мемонад. Ва ноне ки Ман медиҳам, ҷисми Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон медиҳам».
52
Яҳудиён бо ҳамдигар баҳс карда, мегуфтанд: «Чӣ гуна ин Шахс метавонад ҷисми Худро диҳад, то мо хӯрем?»
53
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ҷисми Писари Одамро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред.
54
Ҳар кӣ ҷисми Маро хӯрад ва хуни Маро нӯшад, ҳаёти абадӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро бармехезонам;
55
зеро ҷисми Ман ғизои ҳақиқист, ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқӣ.
56
Ҳар кӣ ҷисми Маро хӯрад ва хуни Маро нӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай.
57
Чунон ки Падари Зинда Маро фиристод, ва Ман ба воситаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро хӯрад, ба воситаи Ман зинда мемонад.
58
Ин аст ноне ки аз осмон фуруд омад; ин монанди он манн нест, ки падарони шумо хӯрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро хӯрад, то абад зинда мемонад».
59
Ин суханонро дар куништ гуфт, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод. Ҷудоӣ дар байни шогирдон
60
Бисёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро шунавад?»
61
Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бора шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо нороҳат мекунад?
62
Пас, агар Писари Одамро бинед, ки ба ҷои аввалааш боло меравад, чӣ мегӯед?
63
Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест. Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаётанд;
64
лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим мекунад.
65
Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад».
66
Аз он вақт бисёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд.
67
Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам рафтан мехоҳед?»
68
Шимъуни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Назди кӣ равем? Суханони ҳаёти абадӣ назди Туст,
69
ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои зинда ҳастӣ».
70
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Бо вуҷуди ин яке аз шумо иблис аст».
71
Инро Ӯ дар бораи Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ гуфт, зеро вай, ки яке аз дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21