bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 11
John 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 12 →
1
Элъозор ном шахсе аз аҳли Байт-Анё, деҳаи Марям ва хоҳараш Марто, бемор буд.
2
Марям ҳамон буд, ки ба Худованд равғани хушбӯй молида, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконд; бародараш Элъозор бемор буд.
3
Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Эй Хоҷа! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст».
4
Чун Исо шунид, гуфт: «Ин беморӣ барои марг нест, балки барои ҷалоли Худост, то Писари Худо ба воситаи он ҷалол ёбад».
5
Исо Марто ва хоҳараш ва Элъозорро дӯст медошт.
6
Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд.
7
Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудия равем».
8
Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Бисёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳӣ боз ба он ҷо равӣ?»
9
Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздаҳ соат нест? Касе ки рӯзона роҳ меравад, пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад.
10
Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест».
11
Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Элъозор хобидааст, лекин Ман меравам, то вайро бедор кунам».
12
Пас шогирдонаш гуфтанд: «Эй Хоҷа! Агар хобида бошад, шифо меёбад».
13
Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби одӣ сухан меронад.
14
Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Элъозор мурдааст;
15
ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то имон оваред; вале акнун назди вай равем».
16
Тумо, ки Дугоник номида мешуд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед мо ҳам равем, то бо Ӯ мурем».
17
Чун Исо омад, фаҳмид, ки чор рӯз аст вай дар қабр мебошад.
18
Байт-Анё дар наздикии Уршалим, дар масофаи тақрибан понздаҳ стадия буд;
19
ва бисёре аз яҳудиён ба касоне ки назди Марто ва Марям буданд, ҳамроҳ шуданд, то онҳоро барои бародарашон тасаллӣ диҳанд.
20
Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марям дар хона монд.
21
Марто ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд.
22
Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо хоҳиш кунӣ, Худо онро ба Ту медиҳад».
23
Исо ба вай гуфт: «Бародари ту бармехезад».
24
Марто ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар растохез, дар рӯзи вопасин бармехезад».
25
Исо ба вай гуфт: «Ман растохез ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар мурад ҳам, зинда мешавад;
26
ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад намемурад. Оё ба ин бовар мекунӣ?»
27
Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ман бовар мекунам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд».
28
Чун инро гуфт, рафта хоҳари худ Марямро пинҳонӣ ҷеғ зад ва гуфт: «Устод ин ҷост ва туро ҷеғ мезанад».
29
Инро шунида, вай зуд бархест ва назди Ӯ омад.
30
Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт.
31
Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марям зуд бархеста, берун рафт, аз пайи вай равона шуданд ва мегуфтанд, ки «ба сари қабр меравад, то дар он ҷо гиря кунад».
32
Чун Марям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Хоҷаам, агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33
Ҳангоме ки Исо вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирён дид, дар рӯҳ оҳ кашиду ба изтироб афтод,
34
ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Биё ва бин».
35
Исо гиря кард.
36
Яҳудиён гуфтанд: «Нигаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!»
37
Баъзе аз онҳо гуфтанд: «Оё ин Шахс, ки чашмони кӯрро воз кард, наметавонист коре кунад, то ин ҳам намурад?»
38
Исо, дар ҳолате ки дар худ оҳ мекашид, ба сари қабр омад. Ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанааш гузошта буданд.
39
Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Акнун бадбӯй шудааст; зеро чор рӯз гузаштааст».
40
Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро мебинӣ?»
41
Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мегӯям, ки сухани Маро шунидӣ.
42
Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то бовар кунанд, ки Ту Маро фиристодаӣ».
43
Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Элъозор, берун ой!»
44
Ва мурда, ки дастҳо ва пойҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва монед, ки равад».
45
Бисёре аз яҳудиён, ки бо Марям омада буданд, чун кори Исоро диданд, ба Ӯ имон оварданд.
46
Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд.
47
Сардорони коҳинон ва фарисиён дар шӯро ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шахс муъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад.
48
Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон меоваранд, ва румиён омада, кишвар ва халқи моро мегиранд».
49
Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, ба онҳо гуфт: «Шумо чизе намедонед,
50
ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас барои қавм мурад, ва тамоми халқ нобуд нашавад».
51
Лекин вай инро аз худ нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, пайғамбарӣ кард, ки Исо бояд барои халқ мурад,
52
ва на танҳо барои халқ, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад.
53
Аз ҳамон рӯз машварат карданд, ки Ӯро кушанд.
54
Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба ҷое ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд.
55
Чун Песаҳи яҳудиён наздик шуд, бисёре аз аҳли кишвар пеш аз Песаҳ ба Уршалим омаданд, то худро пок гардонанд.
56
Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар ибодатгоҳ истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?»
57
Лекин сардорони коҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то Ӯро дастгир кунанд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21