bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 15
John 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 16 →
1
Ман токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман токдор аст.
2
Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева намеоварад, Ӯ мебурад; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то бештар мева оварад.
3
Шумо аллакай ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед.
4
Дар Ман монед, ва Ман дар шумо мемонам. Чунон ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед.
5
Ман ток ҳастам, ва шумо навдаҳо. Касе ки дар Ман монад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
6
Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянд, ва онҳо месӯзанд.
7
Агар дар ман монед, ва суханони Ман дар шумо монанд, ҳар чи мехоҳед, хоҳиш мекунед, ва он ба шумо дода мешавад.
8
Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред ва шогирдони Ман шавед.
9
Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст медорам; дар муҳаббати Ман монед.
10
Агар фармудаҳои Маро риоя кунед, дар муҳаббати Ман мемонед, чунон ки Ман фармудаҳои Падари худро риоя кардаам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам.
11
Инро ба шумо гуфтам, то шодии Ман дар шумо монад ва шодии шумо комил бошад.
12
Фармудаи Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштаам.
13
Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.
14
Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар фармудаҳои Маро ба ҷо оваред.
15
Дигар шуморо банда намегӯям, зеро банда намедонад, ки хоҷааш чӣ мекунад; лекин шуморо дӯст гуфтаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардаам.
16
На шумо Маро интихоб кардаед, балки Ман шуморо интихоб кардаам ва шуморо таъйин кардаам, ки шумо равед ва мева оваред, ва меваи шумо монад, то ҳар чи аз Падар ба номи Ман хоҳиш кунед, ба шумо диҳад.
17
Ин чизҳоро ба шумо мефармоям, то якдигарро дӯст доред.
18
Агар ҷаҳон аз шумо нафрат дошта бошад, донед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат доштааст.
19
Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон аз они худро дӯст медошт; лекин шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон интихоб кардаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.
20
Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: “Ғулом бузургтар аз хоҷаи худ нест”. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб мекунанд; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя мекунанд.
21
Лекин ҳамаи инро барои номи Ман ба шумо мекунанд, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд.
22
Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд.
23
Ҳар кӣ аз Ман нафрат дошта бошад, аз Падари Ман низ нафрат дорад.
24
Агар дар миёни онҳо корҳоеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он корҳоро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат доранд,
25
то ба амал ояд сухане ки дар Тавроташон навишта шудааст: “Бе сабаб аз Ман нафрат доранд”.
26
Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, ояд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар мебарояд, Ӯ бар Ман шаҳодат медиҳад;
27
ва шумо низ шаҳодат медиҳед, зеро аз ибтидо бо Ман будаед.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21