bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 10
John 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 11 →
1
«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст.
2
Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, чӯпони гӯсфандон аст.
3
Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном ҷеғ мезанад ва берун мебарад.
4
Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз паси вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд.
5
Лекин аз паси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд».
6
Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт.
7
Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.
8
Ҳамаи касоне ки омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози онҳо гӯш надоданд.
9
Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба воситаи Ман дарояд, наҷот меёбад, ва ба даруну берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.
10
Дузд меояд, то дуздад, кушад ва нобуд кунад; Ман омадаам, то онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
11
Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад.
12
Лекин шахси кирошудае ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад; ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад.
13
Шахси кирошуда мегурезад, чунки кирошуда аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад.
14
Ман чӯпони некам, ва гӯсфандони Худро мешиносам, ва гӯсфандонам Маро мешиносанд,
15
чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам; ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.
16
Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд; ва онҳоро низ бояд оварам, онҳо низ овози Маро мешунаванд, ва як рамаву як чӯпон мешаванд.
17
Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то онро боз ёбам.
18
Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам. Қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам. Ин фармударо аз Падари Худ гирифтаам».
19
Ба сабаби ин суханон боз дар байни яҳудиён ҷудоӣ афтод.
20
Бисёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона аст; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?»
21
Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девзада нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»
22
Дар Уршалим иди Таҷдид барпо шуд; ва зимистон буд.
23
Ва Исо дар ибодатгоҳ, дар айвони Сулаймон мегашт.
24
Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар шубҳа мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро гӯй».
25
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва бовар намекунед. Корҳое ки Ман ба номи Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳанд;
26
лекин шумо бовар намекунед, зеро аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам.
27
Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд;
28
ва Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам, ва онҳо то абад нобуд намешаванд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад.
29
Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад.
30
Ман ва Падар як ҳастем».
31
Боз яҳудиён санг бардоштанд, то Ӯро сангсор кунанд.
32
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисёр корҳои нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?»
33
Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои кори нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ».
34
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: “Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед”?
35
Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон фуруд омад, худоён номидааст, ва Китоб наметавонад беэътибор шавад,
36
пас ба Касе ки Падар Ӯро муқаддас шуморида, ба ҷаҳон фиристод, чӣ гуна шумо мегӯед, ки “куфр мегӯӣ”, чунки гуфтам: “Писари Худо ҳастам”?
37
Агар корҳои Падари худро ба ҷо наоварам, ба Ман бовар накунед;
38
ва агар ба ҷо оварам, ҳарчанд шумо ба Ман бовар намекунед, пас ба корҳо бовар кунед, то донед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ».
39
Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд.
40
Ва боз ба он тарафи Урдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.
41
Ва бисёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳё ҳеҷ муъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳё дар бораи ин Шахс гуфт, рост буд».
42
Ва бисёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21