bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 14
John 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 15 →
1
«Дили шумо парешон нашавад. Ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред.
2
Дар хонаи Падари Ман манзил бисёр аст; ва агар чунин намебуд, ба шумо мегуфтам. Меравам, то барои шумо ҷой тайёр кунам.
3
Ва чун равам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед.
4
Ҷое ки Ман меравам, шумо медонед, роҳро низ медонед».
5
Тумо ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Намедонем куҷо меравӣ; пас чӣ гуна метавонем роҳро донем?»
6
Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи Ман.
7
Агар маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед; ва аз ҳамин дам Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед».
8
Филиппус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо басанда аст».
9
Исо ба вай гуфт: «Ин қадар вақт Ман бо шумо будам, ва ту Маро нашинохтӣ, Филиппус? Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст; пас чӣ гуна мегӯӣ: “Падарро ба мо нишон деҳ”?
10
Оё бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман? Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям; ва Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин корҳоро мекунад.
11
Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагарна, ба хотири он корҳо ба Ман бовар кунед.
12
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай низ мекунад ва ҳатто бузургтар аз он ҳам мекунад, зеро Ман назди Падарам меравам.
13
Ва ҳар чиро, ки ба номи Ман хоҳиш кунед, ба ҷо меоварам, то Падар дар Писар ҷалол ёбад.
14
Агар чизе ба номи Ман аз Ман хоҳиш кунед, онро ба ҷо меоварам.
15
Агар Маро дӯст доред, фармудаҳои Маро риоя кунед.
16
Ва Ман аз Падар илтимос мекунам, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре медиҳад, то ҳамеша бо шумо монад,
17
яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро қабул кунад, зеро Ӯро намебинад ва намешиносад, лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо мешавад.
18
Шуморо ятим намегузорам; назди шумо меоям.
19
Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро намебинад; лекин шумо Маро мебинед, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист.
20
Дар он рӯз шумо мефаҳмед, ки Ман дар Падар ҳастам, ва шумо дар Ман, ва Ман дар шумо.
21
Ҳар кӣ фармудаҳои Маро дорад ва онҳоро риоя кунад, касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст медорад, ва Ман вайро дӯст медорам ва Худро ба вай ошкор месозам».
22
Яҳудо, на он Яҳудои Исқарютӣ, ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ин чист, ки Ту мехоҳӣ Худро ба мо ошкор созӣ ва на ба ҷаҳон?»
23
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад; ва Падари Ман вайро дӯст медорад, ва Мо ба пеши вай омада, дар назди вай манзил мегирем.
24
Касе ки Маро дӯст надорад, суханони Маро риоя намекунад; ва каломе ки мешунавед, аз они Ман нест, балки аз они Падарест, ки Маро фиристод».
25
Ин суханонро ба шумо гуфтам, ҳангоме ки бо шумо будам.
26
Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба номи Ман мефиристад, ҳама чизро ба шумо таълим медиҳад ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо меоварад.
27
Осоишро ба шумо мегузорам, осоиши Худро ба шумо медиҳам; на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо парешон нашавад ва ҳаросон набошад.
28
Шунидед, ки ба шумо гуфтам: “Меравам ва назди шумо бармегардам”. Агар Маро дӯст медоштед, шод мешудед, ки гуфтам: “Назди Падар меравам”; зеро Падар аз Ман бузургтар аст.
29
Ва инак, пеш аз рӯй додан ба шумо гуфтам, то ҳангоми рӯй доданаш имон оваред.
30
Пас аз ин ба шумо бисёр гуфтугӯ намекунам, чунки мири ҷаҳон меояд, ва бар Ман қудрате надорад.
31
Лекин то ҷаҳон донад, ки Ман Падарро дӯст медорам, чунон ки Падар ба Ман фармудааст, амал мекунам: бархезед, аз ин ҷо равем.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21