bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 17
John 17
Tajik NT 1999
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 18 →
1
Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст; Писари Худро ҷалол деҳ, то Писарат низ Туро ҷалол диҳад.
2
Зеро Ӯро бар тамоми башарият қудрат додаӣ, то ба ҳар кӣ Ту ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад.
3
Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, ки ягона Худои ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодаӣ, шиносанд.
4
Ман Туро дар рӯи замин ҷалол додам ва кореро, ки ба Ман супурда будӣ, то кунам, ба анҷом расондам.
5
Ва акнун Ту, эй Падар, Маро назди Худ ҷалол деҳ ба ҳамон ҷалоле ки пеш аз ҳастии ҷаҳон назди Ту доштам.
6
Номи Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман додӣ, шиносондам. Онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман додӣ, ва онҳо каломи Туро нигоҳ доштаанд.
7
Ва акнун донистанд, ки ҳар он чи ба Ман додаӣ, аз ҷониби Туст;
8
зеро суханонеро, ки ба Ман додӣ, ба онҳо супурдам, ва онҳо қабул карданд ва ба ростӣ донистанд, ки Ман аз ҷониби Ту омадаам, ва бовар карданд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
9
Ман барои онҳо илтимос мекунам: на барои ҷаҳон, балки барои онҳое ки Ту ба Ман додаӣ, зеро онҳо аз они Ту мебошанд;
10
ва он чи аз они Ман аст, аз они Туст, ва он чи аз они Туст, аз они Ман аст; ва Ман дар онҳо ҷалол ёфтаам.
11
Ман дигар дар ҷаҳон нестам, лекин онҳо дар ҷаҳон ҳастанд, ва Ман назди Ту меоям. Эй Падари Қуддус! Инҳоро, ки ба Ман додаӣ, ба номи Худ нигоҳ дор, то як бошанд, чунон ки Мо ҳастем.
12
Ҳангоме ки бо онҳо дар ҷаҳон будам, онҳоро ба номи Ту нигоҳ доштам; онҳоеро, ки Ту ба Ман додӣ, нигаҳбонӣ кардам, ва ҳеҷ яке аз онҳо ҳалок нашуд, ғайр аз писари ҳалокат, то /гуфтаҳои/ Китоб ба амал оянд.
13
Вале акнун назди Ту меоям, ва инро дар ҷаҳон мегӯям, то шодии Ман дар онҳо комил бошад.
14
Ман каломи Туро ба онҳо супурдам, ва ҷаҳон аз онҳо нафрат дорад, чунки онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.
15
Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон барӣ, балки онҳоро аз шарир нигоҳ дорӣ.
16
Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман низ аз ҷаҳон нестам.
17
Онҳоро бо ростии Худ муқаддас гардон: каломи Ту ростист.
18
Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодӣ, Ман низ онҳоро ба ҷаҳон фиристодам;
19
ва Худро барои онҳо муқаддас мегардонам, то онҳо низ бо ростӣ муқаддас гардонда шаванд.
20
Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба воситаи сухани онҳо ба Ман имон меоваранд,
21
то ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, то ҷаҳон бовар кунад, ки Ту Маро фиристодӣ.
22
Ва Ман ҷалолеро, ки ба Ман додаӣ, ба онҳо додаам, то як бошанд, чунон ки Мо як ҳастем.
23
Ман дар онҳо ҳастам, ва Ту дар Ман; то онҳо дар ягонагӣ комил бошанд, ва ҷаҳон донад, ки Ту Маро фиристодӣ ва онҳоро дӯст медорӣ, чунон ки Маро дӯст медорӣ.
24
Эй Падар! Мехоҳам онҳое ки ба Ман додаӣ, дар он ҷое ки мебошам, бо Ман бошанд, то ҷалоли Маро ки ба Ман додаӣ, бинанд, чунки Маро пеш аз бунёдшавии ҷаҳон дӯст доштӣ.
25
Эй Падари росткор! Ҷаҳон Туро намешиносад; лекин Ман Туро мешиносам, ва инҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодӣ.
26
Ва Ман ба онҳо номи Туро шиносондам ва боз ҳам мешиносонам, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад, ва Ман низ дар онҳо бошам».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21