bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 16
John 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 17 →
1
Инро ба шумо гуфтам, то ба васваса наафтед.
2
Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо кушад, гумон мекунад, ки хизмате ба Худо мекунад.
3
Ва ин корҳоро мекунанд, чунки на Падарро шинохтаанд ва на Маро.
4
Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам. Ва инро аз ибтидо ба шумо нагуфтам, зеро бо шумо будам.
5
Аммо акнун Ман назди Фиристандаи Худ меравам, ва касе аз байни шумо аз Ман намепурсад: “Куҷо меравӣ?”
6
Вале чун инро ба шумо гуфтам, дили шумо пур аз ғам шуд.
7
Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо намеояд; ва агар равам, Ӯро назди шумо мефиристам.
8
Ва чун Ӯ ояд, хатои ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар ростӣ ва бар доварӣ исбот мекунад.
9
Бар гуноҳ, зеро ба Ман имон намеоваранд;
10
бар ростӣ, зеро назди Падари Худ меравам, ва дигар Маро намебинед;
11
бар доварӣ, зеро мири ин ҷаҳон маҳкум шудааст.
12
Боз бисёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо гӯям, лекин шумо ҳоло онҳоро наметавонед бардоред.
13
Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ мекунад; зеро аз худ намегӯяд, балки ҳар чи мешунавад, онро мегӯяд, ва аз рӯйдодҳои оянда ба шумо хабар медиҳад.
14
Он гоҳ Ӯ Маро ҷалол медиҳад, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар медиҳад.
15
Ҳар он чи Падар дорад, аз они Ман аст; бинобар ин гуфтам, ки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо хабар медиҳад.
16
Дере нагузашта Маро намебинед, ва боз дере нагузашта Маро мебинед; зеро Ман назди Падар меравам». Ғаму шодии шогирдон
17
Баъзе аз шогирдонаш ба якдигар гуфтанд: «Чист, ки Ӯ ба мо мегӯяд: “Дере нагузашта Маро намебинед, ва боз дере нагузашта Маро мебинед” ва: “Ман назди Падар меравам”?»
18
Ва онҳо гуфтанд: «Ин чист, ки Ӯ мегӯяд: “Дере нагузашта”? Намедонем, чӣ мегӯяд».
19
Исо чун донист, ки мехоҳанд аз Ӯ пурсанд, ба онҳо гуфт: «Оё ба якдигар дар ин бора баҳс мекунед, ки Ман гуфтам: “Дере нагузашта Маро намебинед, ва боз дере нагузашта маро мебинед”?
20
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: он гоҳ шумо гиря ва нола мекунед, лекин ҷаҳон шод мешавад; шумо ғамгин мешавед, лекин ғами шумо ба шодӣ табдил меёбад.
21
Зан ҳангоми зоидан ғамгин аст, чунки соати вай расидааст; лекин чун кӯдакро зоид, ғамашро фаромӯш мекунад ба сабаби шодии он ки одаме дар ҷаҳон таваллуд шуд.
22
Шумо низ акнун ғамгин ҳастед; лекин боз шуморо мебинам, ва дили шумо шод мешавад, ва ҳеҷ кас наметавонад он шодиро аз шумо гирад.
23
Ва дар он рӯз аз Ман чизе намепурсед. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар он чи аз Падар ба номи Ман хоҳиш кунед, ба шумо медиҳад.
24
То кунун ба номи ман чизе хоҳиш накардаед; хоҳиш кунед, то гиред ва шодии шумо комил гардад.
25
Ин чизҳоро бо масалҳо ба шумо гуфтам; лекин соате мерасад, ки дигар ба шумо бо масалҳо ҳарф намезанам, балки аз Падар ба шумо кушоду равшан хабар медиҳам.
26
Дар он рӯз ба номи Ман хоҳиш мекунед, ва Ман ба шумо намегӯям, ки аз Падар барои шумо илтимос мекунам;
27
зеро Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки шумо Маро дӯст доштаед, ва шумо бовар кардаед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам.
28
Ман аз ҷониби Падар омадам ва ба ҷаҳон ворид шудам; боз ҷаҳонро тарк мекунам ва назди Падар меравам».
29
Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Инак, акнун кушоду равшан сухан мегӯӣ, на бо масалҳо;
30
акнун медонем, ки Ту ҳама чизро медонӣ, ва эҳтиёҷ надорӣ, ки касе аз Ту чизе пурсад; аз ин рӯ бовар мекунем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ».
31
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Акнун бовар мекунед?
32
Инак, соате мерасад, ва акнун расидааст, ки шумо пароканда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман танҳо нестам, зеро Падар бо Ман аст.
33
Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то дар Ман осоиш дошта бошед. Дар ҷаҳон ранҷ мекашед, лекин хотирҷамъ бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21