bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 21
John 21
Tajik NT 1999
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
1
Пас аз он боз Исо дар соҳили кӯли Табария ба шогирдон намоён шуд. Намоён шуданаш чунин буд:
2
Шимъуни Петрус, Тумо, ки Дугоник номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд.
3
Шимъуни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман ба моҳигирӣ меравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба киштӣ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.
4
Ҳангоме ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исо аст.
5
Исо ба онҳо гуфт: «Эй бачаҳо! Оё хӯроке надоред?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не».
6
Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости киштӣ андозед, ва меёбед». Онҳо андохтанд, ва аз бисёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд.
7
Он шогирде ки Исо вайро дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъуни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар кӯл андохт.
8
Ва шогирдони дигар бо киштӣ омаданд, зеро аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад оринҷ, ва тӯри пур аз моҳиро мекашиданд.
9
Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи бо ангишт афрӯхта ва моҳии бар он гузошта ва нонро диданд.
10
Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳоло гирифтед, биёред».
11
Шимъуни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни калон, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисёрии моҳӣ тӯр надарид.
12
Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, ноништа кунед». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ пурсад: «Ту кистӣ?» Зеро медонистанд, ки Худованд аст.
13
Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.
14
Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз бархестанаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ намоён шуд.
15
Пас аз ноништа карданашон Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро чарон».
16
Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо».
17
Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ту аз ҳама чиз бохабар ҳастӣ; Ту медонӣ ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон.
18
Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: ҳангоме ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ, ва ба ҳар ҷое ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин ҳангоме ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз мекунӣ, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, мебарад».
19
Чунин гуфт, то ишора кунад, ки бо чӣ гуна марг вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз пайи Ман биё».
20
Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо ӯро дӯст медошт, аз паси онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки ҳангоми хӯроки шом ба сандуқи синаи Ӯ такя зада, гуфта буд: «Хоҷаам! Кист он ки Туро таслим мекунад?»
21
Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Пас вай чӣ мешавад?»
22
Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман бошад, ки то вақти омаданам вай монад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз пайи Ман биё».
23
Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд намемурад. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай намемурад, балки: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай монад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»
24
Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.
25
Боз бисёр корҳои дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар як ба як навишта шавад, ба гумонам, тамоми ҷаҳон ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист. Омин.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21