bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 19
John 19
Tajik NT 1999
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 20 →
1
Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, фармуд тозиёнааш зананд.
2
Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд,
3
ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» Ва Ӯро торсакӣ мезаданд.
4
Боз Пилотус баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то донед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам».
5
Ва Исо, тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар, берун омад. Ва Пилотус ба онҳо гуфт: «Инак он Одам!»
6
Чун сардорони коҳинон ва нигаҳбонон Ӯро диданд, фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш, ба салиб каш!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гирифта, ба салиб кашед, чунки ман дар Ӯ айбе намеёбам».
7
Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд мурад, чунки Худро Писари Худо кардааст».
8
Чун Пилотус ин суханро шунид, зиёдтар тарсид.
9
Ва боз ба қаср даромада, ба Исо гуфт: «Ту аз куҷоӣ?» Лекин Исо ба вай ҷавоб надод.
10
Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро ба салиб кашам ва қудрат дорам Туро озод кунам?»
11
Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад».
12
Ва аз он вақт Пилотус кӯшиш дошт Ӯро озод кунад. Лекин яҳудиён фарёд зада, гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, зидди қайсар сухан мегӯяд».
13
Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овард ва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст.
14
Рӯзи тайёрии Песаҳ буд, ки тақрибан дар соати шаш ба яҳудиён гуфт: «Инак Подшоҳи шумо!»
15
Лекин онҳо фарёд заданд: «Ӯро нест кун, нест кун, ба салиб каш!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё Подшоҳи шуморо ба салиб кашам?» Сардорони коҳинон ҷавоб доданд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем».
16
Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ба салиб кашанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.
17
Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба маҳалле ки “Ҷои косахонаи сар” ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд;
18
ва дар он ҷо Ӯро ба салиб кашиданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф, ва Исо дар миёна.
19
Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшоҳи яҳудиён».
20
Бисёре аз яҳудиён он айбномаро хонданд, зеро ҷое ки Исо ба салиб кашида шуд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд.
21
Сардорони коҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд: «Нанавис: “Подшоҳи яҳудиён”, балки навис: “Ӯ мегуфт, ки Манам Подшоҳи яҳудиён”».
22
Пилотус ҷавоб дод: «Он чи навиштам, навиштам».
23
Ва сарбозон, чун Исоро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд. Лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд.
24
Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: «Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад», то /гуфтаи/ Китоб ба амал ояд, ки мегӯяд: “Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд”. Ва сарбозон чунин карданд.
25
Дар назди салиби Исо модари Ӯ, хоҳари модараш, Марями зани Клӯпо ва Марями Маҷдалия истода буданд.
26
Чун Исо модари Худ ва он шогирдеро, ки вайро дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт: «Эй зан, инак писари ту!»
27
Сипас ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.
28
Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то /гуфтаи/ Китоб ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам».
29
Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари зуфо гузоштанд ва наздики даҳони Ӯ бурданд.
30
Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд». Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.
31
Азбаски рӯзи тайёрии ид буд, — зеро он шанбе иди бузург буд, — яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро шикананд ва поён фуроваранд, то ки ҷасадҳоро бар салиб дар рӯзи шанбе намонанд.
32
Сарбозон омада, соқи пойҳои нафари якум ва нафари дигарро, ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, шикастанд.
33
Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд,
34
балки яке аз сарбозон ба паҳлуи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
35
Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад, ки рост мегӯяд, то шумо низ имон оваред.
36
Зеро ин рӯй дод, то /гуфтаи/ Китоб ба амал ояд, ки мегӯяд: “Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста намешавад”.
37
Ва Китоб боз дар ҷои дигар мегӯяд: “Ба он Касе ки найза задаанд, хоҳанд нигарист”. Қабри,,,,\ Исо
38
Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ромо ва аз тарси яҳудиён шогирди ниҳонии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро гирад. Ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, ҷасади Исоро гирифт.
39
Ва Никӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад паймона мурр ва уди омехта овард.
40
Онҳо ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи одати дафни яҳудиён, хушбӯиҳо пошида, ба кафан печонданд.
41
Дар он ҷое ки Ӯ ба салиб кашида шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас гузошта нашуда буд.
42
Дар он ҷо Исоро гузоштанд, чунки рӯзи тайёрии иди яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21