bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 18
John 18
Tajik NT 1999
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 19 →
1
Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи дараи Қидрӯн рафт; дар он ҷо боғе буд, ки Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.
2
Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.
3
Пас Яҳудо як даста сарбозон ва нигаҳбононро аз сардорони коҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.
4
Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?»
5
Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд.
6
Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», — онҳо пас рафта, ба замин афтоданд.
7
Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро».
8
Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар маро ҷустуҷӯ мекунед, инҳоро монед раванд», —
9
то он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додаӣ, якеро аз даст надодаам».
10
Он гоҳ Шимъуни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малик ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурид.
11
Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун. Оё он косаеро, ки Падар ба Ман додааст, нанӯшам?»
12
Он гоҳ дастаи сарбозон бо мириҳазори худ ва нигаҳбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда, бастанд,
13
ва аввал Ӯро назди Ҳонон бурданд, зеро вай падарарӯси Қаёфо, саркоҳини ҳамон сол, буд.
14
Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён тавсия дода буд, ки беҳтар аст як кас барои мардум мурад.
15
Шимъуни Петрус ва як шогирди дигар аз паси Исо рафтанд. Азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад.
16
Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.
17
Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони ин Шахс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам».
18
Дар ин миён ғуломон ва нигаҳбонон бо ангишт оташ афрӯхта буданд, чунки ҳаво хунук буд, ва гирди он истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.
19
Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.
20
Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар ибодатгоҳ, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам;
21
чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, пурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».
22
Ҳангоме ки инро гуфт, яке аз нигаҳбонон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт: «Ба саркоҳин ин гуна ҷавоб медиҳӣ?»
23
Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадӣ гувоҳӣ деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?»
24
Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристода буд.
25
Ва Шимъуни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Оё ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам».
26
Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?»
27
Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.
28
Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба қасри ҳоким бурданд. Ва саҳарии барвақт буд; ва онҳо ба қасри ҳоким надаромаданд, то нопок нашаванд ва Песаҳро хӯранд.
29
Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар ин Шахс доред?»
30
Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем».
31
Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гиред ва мувофиқи шариати худ бар Ӯ доварӣ кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо раво нест, ки касеро кушем», —
32
то он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.
33
Он гоҳ Пилотус боз ба қасри ҳоким даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?»
34
Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?»
35
Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқи Ту ва сардорони коҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?»
36
Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, навкарони Ман меҷангиданд, то Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин ҳоло Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест».
37
Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту худ мегӯӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад».
38
Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростӣ чист?» Чун инро гуфт, боз назди яҳудиён баромада, ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам»;
39
лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар Песаҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»
40
Боз ҳама фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Барабборо». Бараббо як роҳзан буд.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21