bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 12
John 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 13 →
1
Пас шаш рӯз пеш аз Песаҳ Исо ба Байт-Анё омад, ба он ҷое ки Элъозор мезист, ки мурда буд ва Ӯ вайро аз мурдагон бархезонда буд.
2
Дар он ҷо барои Ӯ хӯроки шом тайёр карданд, ва Марто хизмат мекард; ва Элъозор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари дастархон менишастанд.
3
Он гоҳ Марям паймонае аз равғани хушбӯи сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, ба пойҳои Исо молид ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконд; ва хона аз бӯи хуши равған пур шуд.
4
Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъуни Исқарютӣ, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт:
5
«Чаро ин равғани хушбӯй ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ба камбағалон дода шавад?»
6
Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори камбағалон буд, балки барои он ки дузд буд: ҳамёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт.
7
Пас Исо гуфт: «Вайро ором гузор, вай инро барои рӯзи дафни Ман нигоҳ доштааст;
8
зеро камбағалон ҳамеша назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам».
9
Мардуми бисёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то на танҳо Исоро, балки низ Элъозорро, ки аз мурдагон бархезонда буд, бинанд.
10
Он гоҳ сардорони коҳинон қарор доданд, ки Элъозорро низ кушанд,
11
чунки ба хотири вай бисёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.
12
Фардои он, мардуми бисёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Уршалим меояд,
13
шохаҳои дарахти хурморо гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Ҳӯшионо! Муборак аст Подшоҳи Исроил, Ки ба номи Худованд меояд!»
14
Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:
15
«Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд».
16
Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба ёд оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд.
17
Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Элъозорро аз қабр ҷеғ зад ва аз мурдагон бархезонд.
18
Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ ин муъҷизаро нишон додааст.
19
Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, ҳама ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад».
20
Дар байни онҳое ки дар ид барои парастиш омада буданд, баъзе юнониҳо буданд.
21
Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт-Сайдои Ҷалил буд, омаданд, ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй хоҷа! Мо мехоҳем Исоро бинем».
22
Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс бо Филиппус ба Исо гуфтанд.
23
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.
24
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода намурад, он танҳо мемонад; лекин агар мурад, самари фаровон меоварад.
25
Касе ки ҷони худро дӯст медорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат дорад, то ҳаёти абадӣ онро нигоҳ медорад.
26
Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, хизматгузори Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро гиромӣ медорад.
27
Акнун ҷони Ман парешон аст; чӣ гӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.
28
Эй Падар! Номи Худро ҷалол деҳ!» Дарҳол овозе аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам, ва боз ҷалол медиҳам».
29
Пас мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Тундар буд». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт».
30
Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин овоз на аз барои Ман, балки барои шумо омад.
31
Акнун доварӣ бар ин ҷаҳон аст; акнун мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад;
32
ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда шавам, ҳамаро сӯи Худ мекашам».
33
Инро гуфт, то ишора кунад, ки бо чӣ марг Ӯ бояд мурад.
34
Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад мемонад; пас чӣ гуна мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?»
35
Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то торикӣ шуморо фаро нагирад. Ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад куҷо меравад.
36
То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.
37
Бо вуҷуди муъҷизаҳои бисёре ки дар пеши назарашон нишон дод, ба Ӯ имон наоварданд,
38
то сухани Ишаъёи пайғамбар ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, Ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор гардид?»
39
Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:
40
«Чашмони онҳоро кӯр кардааст Ва дили онҳоро сахт гардондааст, То бо чашмони худ набинанд Ва бо дили худ нафаҳманд Ва рӯ наоваранд Ва Ман онҳоро шифо надиҳам».
41
Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд.
42
Бо вуҷуди ин ҳатто бисёре аз сардорон ба Ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;
43
зеро эҳтироми одамонро бештар аз эҳтироми Худо дӯст медоштанд.
44
Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст;
45
ва ҳар кӣ маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст.
46
Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
47
Ва агар касе суханони Маро шунида, имон наоварад, Ман бар вай доварӣ намекунам; зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот бахшам.
48
Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ мекунад.
49
Зеро Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман фармудае дод, ки чӣ гӯям ва чӣ гуна сухан ронам;
50
ва Ман медонам, ки фармудаи Ӯ ҳаёти абадист. Пас, он чи Ман мегӯям, ҳамон аст, ки Падар фармудааст, то гӯям».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21