bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 8
John 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 9 →
1
Лекин Исо ба кӯҳи Зайтун рафт.
2
Ва саҳарии барвақт боз ба ибодатгоҳ омад, ва тамоми мардум омаданд; ва Ӯ нишаста, онҳоро таълим медод.
3
Дар ин вақт китобдонон ва фарисиён занеро, ки дар амали зино дастгир карда буданд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода,
4
барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд: «Устод! Ин зан дар ҳолати зино кардан дастгир шуд.
5
Ва Мусо дар шариат ба мо фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд; аммо Ту чӣ мегӯӣ?»
6
Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушт бар рӯи замин менавишт ва /ба онҳо/ аҳамият намедод.
7
Чун пурсиданро давом доданд, Ӯ рост шуда, ба онҳо гуфт: «Он ки аз миёни шумо бегуноҳ аст, ба вай санги якумро партояд».
8
Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт.
9
Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна меистод.
10
Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Он даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?»
11
Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй Хоҷа!» Исо гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; рав ва дигар гуноҳ накун».
12
Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ намеравад, балки нури ҳаётро дорад».
13
Он гоҳ фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту бар Худ шаҳодат медиҳӣ, шаҳодати Ту рост нест».
14
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Гарчанде Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, шаҳодати Ман рост аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам; лекин шумо намедонед, ки Ман аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам.
15
Шумо аз рӯи ҷисм доварӣ мекунед, вале Ман ҳеҷ касро доварӣ намекунам.
16
Ва агар Ман доварӣ кунам, доварии Ман рост аст, чунки Ман танҳо нестам, балки Падаре ки Маро фиристод, бо Ман аст.
17
Ва низ дар шариати шумо навишта шудааст, ки шаҳодати ду кас рост аст.
18
Ман бар Худ шаҳодат медиҳам, ва низ Падаре ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат медиҳад».
19
Ба Ӯ гуфтанд: «Падари Ту куҷост?» Исо ҷавоб дод: «Шумо на Маро мешиносед ва на Падари Маро; агар Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
20
Ин суханонро Исо дар назди ганҷина, ҳангоме ки дар ибодатгоҳ таълим медод, гуфт; ва ҳеҷ кас Ӯро дастгир накард, чунки соати Ӯ ҳанӯз нарасида буд.
21
Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ман меравам, ва шумо Маро меҷӯед, ва дар гуноҳҳои худ мемуред; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед оед».
22
Яҳудиён гуфтанд: «Оё Ӯ мехоҳад Худро кушад, ки мегӯяд: “Ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед оед”?»
23
Ба онҳо гуфт: «Шумо аз поин мебошед, Ман аз боло; шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, лекин Ман аз ин ҷаҳон нестам.
24
Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ мемуред; зеро агар бовар накунед, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ мемуред».
25
Ба Ӯ гуфтанд: «Ту кистӣ?» Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамонам, ки аз аввал ҳам ба шумо гуфтам.
26
Ман чизҳои бисёр дорам, ки дар бораи шумо гӯям ва доварӣ кунам; лекин Фиристандаи Ман ҳақ аст, ва Ман ҳар чи аз Ӯ шунидаам, ба ҷаҳон мегӯям».
27
Онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо дар бораи Падар сухан мегӯяд.
28
Исо ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки Писари Одамро баланд бардоштед, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам, ва аз Худ коре намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям.
29
Фиристандаи Ман бо Ман аст; Падар Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша корҳои писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам».
30
Чун инро гуфт, бисёр касон ба Ӯ имон оварданд.
31
Он гоҳ Исо ба яҳудиёне ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман монед, ба ростӣ шогирдони Ман ҳастед,
32
ва ростиро мешиносед, ва ростӣ шуморо озод мекунад».
33
Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо аз насли Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ гуна Ту мегӯӣ, ки “озод мешавед”?»
34
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.
35
Лекин ғулом ҳамеша дар хона намемонад; писар ҳамеша мемонад.
36
Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ба ростӣ озод мешавед.
37
Медонам, ки аз насли Иброҳим ҳастед; лекин Маро куштан мехоҳед, чунки каломи Ман дар шумо намеғунҷад.
38
Ман он чи назди Падари Худ дидаам, мегӯям; ва шумо он чи назди падари худ дидаед, мекунед».
39
Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед;
40
валекин ҳоло Маро куштан мехоҳед, ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям; Иброҳим чунин коре накардааст.
41
Шумо корҳои падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз фосиқӣ таваллуд нашудаем; мо як Падар дорем — Худо».
42
Исо ба онҳо гуфт: «Агар Худо падари шумо мебуд, Маро дӯст медоштед, чунки Ман аз ҷониби Худо баромада, назди шумо омадаам; зеро Ман ба хости Худ наомадаам, балки Ӯ Маро фиристод.
43
Чаро сухани Маро намефаҳмед? Чунки каломи Маро наметавонед шунавед.
44
Падари шумо иблис аст, ва шумо орзуҳои падари худро ба амал овардан мехоҳед. Вай аз ибтидо одамкуш буд ва дар ростӣ устувор намонд, зеро дар вай ростӣ нест. Ҳангоме ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.
45
Лекин азбаски Ман сухани ростро ба шумо мегӯям, ба Ман имон намеоваред.
46
Кист аз шумо, ки Маро ба гуноҳе таъна зада тавонад? Пас агар Ман сухани ростро гӯям, чаро ба Ман имон намеоваред?
47
Касе ки аз Худост, ба суханони Худо гӯш медиҳад; шумо ба он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
48
Он гоҳ яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Оё дуруст нагуфтаем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»
49
Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари Худро эҳтиром мекунам, вале шумо ба Ман беэҳтиромӣ мекунед.
50
Ман ҷалоли Худро намеҷӯям: Яке ҳаст, ки меҷӯяд ва доварӣ мекунад.
51
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро намебинад».
52
Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Акнун донистем, ки Ту дев дорӣ. Иброҳим ва пайғамбарон мурданд, вале Ту мегӯӣ: “Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро намечашад”.
53
Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз пайғамбарон, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?»
54
Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро ҷалол диҳам, ҷалоли Ман ҳеҷ аст; Маро Падари Ман ҷалол медиҳад, ки дар бораи Ӯ шумо мегӯед: “Ӯ Худои мост”.
55
Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар гӯям, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешавам. Лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам.
56
Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бинад; ва дид ва шод гардид».
57
Яҳудиён ба Ӯ гуфтанд: «Ҳанӯз панҷоҳсола ҳам нестӣ, ва Ту Иброҳимро дидаӣ?»
58
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки Иброҳим бошад, Ман ҳастам».
59
Он гоҳ санг бардоштанд, то Ӯро сангсор кунанд. Лекин Исо пинҳон шуд ва аз миёни онҳо гузашта, аз ибодатгоҳ берун шуд ва рафт.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21