bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 9
John 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 10 →
1
Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид.
2
Шогирдон аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?»
3
Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки дар вай корҳои Худо бояд ошкор мегардиданд.
4
То вақте ки рӯз аст, Ман бояд корҳои Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре кунад.
5
То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».
6
Инро гуфта, оби даҳон бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро бар чашмони кӯр молид,
7
ва ба вай гуфт: «Рав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ (ки тарҷумааш “фиристода” аст) шустушӯй кун». Вай рафта, шустушӯй кард, ва бино шуда, омад.
8
Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?»
9
Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва дигарон гуфтанд: «Танҳо ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам».
10
Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ гуна чашмони ту воз шуданд?»
11
Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: “Рав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ шустушӯй кун”. Ман рафта, шустушӯй кардам ва бино шудам».
12
Ва ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам».
13
Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14
Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, шанбе буд.
15
Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ гуна бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман шустушӯй карда, бино шудам».
16
Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ гуна як шахси гуноҳкор чунин муъҷизаҳо нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ҷудоӣ афтод.
17
Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст».
18
Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,
19
аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чӣ гуна вай акнун бино шудааст?»
20
Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст;
21
лекин акнун чӣ гуна бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем. Вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад».
22
Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро яҳудиён пештар забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро Масеҳ донад, аз куништ ронанд.
23
Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед».
24
Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, ҷеғ зада, гуфтанд: «Худоро ҷалол деҳ; мо медонем, ки он Шахс гуноҳкор аст».
25
Дар ҷавобашон гуфт: «Гуноҳкор буданашро намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва акнун бино ҳастам».
26
Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ гуна чашмони туро воз кард?»
27
Ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо гуфта будам, ва гӯш надодед; чаро дубора шунидан мехоҳед? Оё шумо низ шогирдони Ӯ шудан мехоҳед?»
28
Вайро дашном дода, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем.
29
Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин ин Шахсро намедонем аз куҷост».
30
Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард.
31
Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду хости Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад.
32
Аз азал шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад.
33
Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист».
34
Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд шудаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд.
35
Исо чун шунид, ки вайро бадар ронданд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Худо имон дорӣ?»
36
Дар ҷавоб гуфт: «Хоҷаам, Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам?»
37
Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад».
38
Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард.
39
Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд».
40
Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Оё мо низ кӯр ҳастем?»
41
Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад».
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21