bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
John 2
John 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 3 →
1
Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил базми арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд.
2
Исо ва шогирдонашро низ ба базм даъват карда буданд.
3
Чун май камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Май надоранд».
4
Исо ба вай гуфт: «Ба Ману ту чӣ, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст».
5
Модараш ба хизматгузорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред».
6
Дар он ҷо, мувофиқи расми покшавии яҳудиён, шаш хуми сангин истода буд, ки ғунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд.
7
Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд.
8
Ва ба онҳо гуфт: «Акнун каме гирифта, ба сардори базм баред». Ва онҳо бурданд.
9
Чун сардор оби ба май табдилёфтаро чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро танҳо хизматгузороне ки обро кашида буданд, медонистанд, сардор домодро ҷеғ зада,
10
ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал майи хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту майи хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11
Ин саршавии муъҷизаҳое буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро аён кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12
Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омаданд, ва дар он ҷо рӯзҳои каме монданд.
13
Ва чун иди Песаҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Уршалим рафт.
14
Ва дид, ки дар ибодатгоҳ фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд.
15
Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз ибодатгоҳ берун ронд, ва тангаҳои саррофонро пош дода, мизҳошонро чаппа кард;
16
ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед».
17
Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст».
18
Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ҳуқуқи инро дорӣ?»
19
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин ибодатхонаро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо мекунам».
20
Яҳудиён гуфтанд: «Ин ибодатхонаро дар чилу шаш сол сохтаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?»
21
Лекин Ӯ дар бораи ибодатхонаи бадани Худ сухан мегуфт.
22
Ҳангоме ки Ӯ аз мурдагон бархест, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро гуфта буд, ва ба Китоб ва ба сухане ки Исо гуфта буд, бовар карданд.
23
Ва ҳангоме ки дар иди Песаҳ дар Уршалим буд, бисёр касон муъҷизаҳоеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба номи Ӯ имон оварданд.
24
Лекин Исо Худ ба онҳо боварӣ надошт, чунки ҳамаро мешинохт,
25
ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон гувоҳӣ диҳад, зеро он чи дар инсон аст, Худ медонист.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21