bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 11
Genesis 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 12 →
1
Дар тамоми замин як забон ва як лаҳҷа буд.
2
Ҷун аз шарқ кӯч мекарданд, даште дар замини Шинъор ёфтанд ва дар он ҷо маскан гирифтанд.
3
Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, хишт резем, ва онро дар дош пазем». Ва онҳоро хишт ба ҷои санг буд, ва қир ба ҷои гил.
4
Ва гуфтанд: «Биёед, шаҳре барои худ бино кунем, ва бурҷе ки сараш ба осмон бирасад; ва номе барои худ пайдо кунем, мабодо бар рӯи тамоми замин пароканда шавем».
5
Ва Худованд фурӯд омад барои дидани шаҳр ва бурҷе ки фарзандони одам бино мекарданд.
6
Ва Худованд гуфт: «Инак, қавм як аст, ва ҳамаи онҳоро забон як аст; ва ин корро шурӯъ кардаанд, ва акнун ҳар коре ки карданӣ шудаанд, барояшон дастнорас нахоҳад буд.
7
Пас фурӯд оем, ва забони онҳоро дар он ҷо махлут кунем, то ки сухани якдигарро нафаҳманд».
8
Ва Худованд онҳоро аз он ҷо бар рӯи тамоми замин пароканда кард; ва онҳо сохтани шаҳрро бас карданд.
9
Аз ҳамин сабаб он ҷоро Бобил номидаанд; зеро ки дар он ҷо Худованд забони тамоми заминро махлут кард, ва аз он ҷо Худованд онҳоро бар рӯи тамоми замин пароканда кард.
10
Ин аст насаби Сом: Сом садсола буд, ва Арфакшадро баъд аз ду соли тӯфон ба дуньё овард.
11
Ва Сом, баъд аз таваллуди Арфакшад, панҷсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
12
Ва Арфакшад сию панҷ сол бизист, ва Шолаҳро ба дуньё овард.
13
Ва Арфакшад, баъд аз таваллуди Шолаҳ, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14
Ва Шолаҳ сӣ сол бизист, ва Эбарро ба дуньё овард.
15
Ва Шолаҳ, баъд аз таваллуди Эбар, чорсаду се сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
16
Ва Эбар сию чор сол бизист, ва Фолаҷро ба дуньё овард.
17
Ва Эбар, баъд аз таваллуди Фолаҷ, чорсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
18
Ва Фолаҷ сӣ сол бизист, ва Рауро ба дуньё овард.
19
Ва Фолаҷ, баъд аз таваллуди Рау, дусаду нӯҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20
Ва Рау сию ду сол бизист, ва Саруҷро ба дуньё овард.
21
Ва Рау, баъд аз таваллуди Саруҷ, дусаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
22
Ва Саруҷ сӣ сол бизист, ва Ноҳӯрро ба дуньё овард.
23
Ва Саруҷ, баъд аз таваллуди Ноҳӯр, дусад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
24
Ва Ноҳӯр бисту нӯҳ сол бизист, ва Тораҳро ба дуньё овард.
25
Ва Ноҳӯр, баъд аз таваллуди Тораҳ, саду нуздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
26
Ва Тораҳ ҳафтод сол бизист, ва Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард.
27
Ва ин аст насаби Тораҳ: Тораҳ Абром, Ноҳӯр ва Ҳоронро ба дуньё овард. Ҳорон Лутро ба дуньё овард.
28
Ва Ҳорон пеш аз фавти падари худ Тораҳ, дар замини таваллуди худ, дар Ури калдониён мурд.
29
Ва Абром ва Ноҳӯр занон барои худ гирифтанд: номи зани Абром — Сорай ва номи зани Ноҳӯр — Милко, духтари Ҳорон, падари Милко ва падари Иско.
30
Ва Сорай бенасл буда, бача надошт.
31
Ва Тораҳ писари худ Абром ва набераи худ Лут, писари Ҳорон, ва келини худ Сорай, зани писараш Абромро гирифта, бо онҳо аз Ури калдониён берун омад, то ки ба замини Канъон бираванд, вале ба Ҳоррон расида, дар он ҷо маскан гирифтанд.
32
Ва айёми Тораҳ дусаду панҷ сол буд, ва Тораҳ дар Ҳоррон мурд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50