bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 16
Genesis 16
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 17 →
1
Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
2
Ва Сорай ба Абром гуфт: «Инак, Худованд маро аз зоидан боздошт; пас бо канизи ман бихоб: шояд, аз вай фарзанддор шавам». Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
3
Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
4
Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
5
Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».
6
Ва Абром ба Сорай гуфт: «Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун». Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.
7
Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.
8
Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ, ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».
9
Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Назди хотуни худ баргард ва зери дасти вай мутеъ шав».
10
Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Насли туро бисьёр афзун гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд».
11
Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Инак, ҳомила ҳастӣ, ва писаре хоҳӣ зоид, ва ӯро Исмоил ном хоҳӣ монд; зеро ки Худованд азияти туро шунидааст.
12
Ва ӯ марди ваҳшӣ хоҳад буд; дасти ӯ бар ҳама, ва дасти ҳама бар ӯ; пеши ҳамаи бародарони худ маскан хоҳад гирифт».
13
Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
14
Аз ин сабаб он чоҳ Беэр‐лаҳай‐рӯӣ ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.
15
Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.
16
Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50