bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 29
Genesis 29
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 30 →
1
Ва Яъқуб ба роҳ даромада, ба замини аҳли машриқ равона шуд.
2
Ва дид, ки инак, дар саҳро чоҳе ҳаст, ва дар гирду пешаш се рамаи гӯсфандон хобидааст; зеро ки аз он чоҳ рамаҳоро об медоданд; ва санги калоне бар даҳани чоҳ буд.
3
Ва чун ҳамаи рамаҳо дар он ҷо ҷамъ мешуданд, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонида, рамаҳоро об медоданд; ва пас аз ин боз сангро дар ҷои он, ба даҳани чоҳ мегузоштанд.
4
Ва Яъқуб ба онҳо гуфт: «Бародаронам, шумо аз куҷоед?» Гуфтанд: «Мо аз Ҳорронем».
5
Ба онҳо гуфт: «Оё Лобон ибни Ноҳӯрро мешиносед?» Гуфтанд: «Мешиносем».
6
Ба онҳо гуфт: «Оё вай саломат аст?» Гуфтанд: «Саломат аст; инак, духтараш Роҳел бо рама меояд».
7
Гуфт: «Инак, рӯз ҳанӯз равшан аст; вақти ҷамъ кардани чорво нест; рамаҳоро об диҳед, ва рафта, чаронед».
8
Гуфтанд: «Наметавонем, то даме ки ҳамаи рамаҳо ҷамъ шаванд, ва сангро аз даҳани чоҳ биғалтонанд; он гоҳ рамаро об медиҳем».
9
Ҳанӯз бо онҳо гап зада истода буд, ки Роҳел бо рамаи падари худ омад, зеро ки ӯ онро мечаронид.
10
Ва чун Яъқуб Роҳел духтари тағои худ Лобон ва рамаи тағои худ Лобонро дид, Яъқуб наздик шуда, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонид ва рамаи тағои худ Лобонро об дод.
11
Ва Яъқуб Роҳелро бӯсид ва овози худро баланд карда, гирист.
12
Ва Яъқуб Роҳелро огоҳ намуд, ки ӯ ҷияни падари вай ва писари Ривқо мебошад. Роҳел тозон рафта, падари худро огоҳ кард.
13
Ва чун Лобон хабари хоҳарзодаи худ Яъқубро шунид, ба пешвозаш шитофт, ва ӯро дар оғӯш гирифта, бӯсид, ва ба хонаи худ овард; ва ӯ ҳамаи ин гапҳоро ба Лобон ҳикоят кард.
14
Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат ту устухон ва гӯшти ман ҳастӣ». Ва назди вай муддати як моҳ истод.
15
Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Азбаски хеши ман ҳастӣ, ба ман муфт хизмат мекунӣ магар? Ба ман бигӯй, ки муздат чист?»
16
Ва Лобон ду духтар дошт; номи калони Леё ва номи хурдӣ Роҳел буд.
17
Ва чашмони Леё заиф буд, вале Роҳел хушандом ва хушрӯй буд.
18
Ва Яъқуб ба Роҳел дил баста буд, ва гуфт: «Барои духтари хурдиат Роҳел ба ту ҳафт сол хизмат мекунам».
19
Ва Лобон гуфт: «Ӯро ба ту бидиҳам беҳтар аст аз он ки ба марди дигаре бидиҳам; назди ман бимон».
20
Ва Яъқуб барои Роҳел ҳафт сол хизмат кард, ва онҳо ба назараш мисли якчанд рӯз намуданд, чунки варо дӯст медошт.
21
Ва Яъқуб ба Лобон гуфт: «Занамро ба ман бисупор, зеро мӯҳлати ман пур шуд, то ки бо вай бихобам».
22
Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.
23
Вале шомгоҳ духтари худ Леёро гирифта, пеши ӯ овард; ва ӯ бо вай хобид.
24
Ва Лобон канизи худ Зилфоро ба духтари худ Леё ба канизӣ дод.
25
Ва бомдодон маълум шуд, ки ин Леё будааст. Ва ба Лобон гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Магар барои Роҳел назди ту хизмат накардам? Чаро маро фиреб додӣ?»
26
Ва Лобон гуфт: «Дар макони мо чунин намекунанд, ки хурдиро аз калонӣ пештар бидиҳанд.
27
Ҳафтаи тӯи арӯсии инро тамом кун, ва хурдиро низ ба ту медиҳам, ба бадали хизмате ки назди ман боз ҳафт соли дигар бикунӣ».
28
Ва Яъқуб чунин кард; ва ҳафтаи варо тамом кард. Ва Лобон духтари худ Роҳелро ба ӯ ба занӣ дод.
29
Ва Лобон канизи худ Билҳоро ба духтари худ Роҳел ба канизӣ дод.
30
Ва бо Роҳел низ хобид, ва Роҳелро аз Леё бештар дӯст медошт; ва боз ҳафт соли дигар назди Лобон хизмат кард.
31
Ва чун Худованд дид, ки Леё номаҳбуб аст, батни ӯро кушод, вале Роҳел нозой монд.
32
Ва Леё ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Реубен ном ниҳод, зеро гуфт: «Худованд мусибати маро дид, ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт».
33
Ва бори дигар ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Зеро Худованд шунид, ки ман номаҳбуб ҳастам, ва инро низ ба ман бахшид». Ва ӯро Шимъӯн номид.
34
Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Акнун, ин дафъа, шавҳарам бо ман хоҳад пайваст, зеро ки ба вай се писар зоидам». Бинобар ин ӯро Левӣ ном ниҳод.
35
Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Ин дафъа Худовандро ҳамд мегӯям». Бинобар ин ӯро Яҳудо номид. Ва аз зоидан монд.
← Chapter 28
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 30 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50