bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 45
Genesis 45
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 44
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 46 →
1
Ва Юсуф пеши ҷамоате ки дар хузураш истода буданд, дигар худдорӣ карда натавонист, ва нидо кард: «Ҳамаро аз пеши ман берун бароред!» Ва касе назди Юсуф намонд, вақте ки ӯ худро ба бародаронаш шиносонид.
2
Ва бо овози баланд бигирист, ва мисриён шуниданд, ва аҳли байти фиръавн шунид.
3
Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман Юсуф ҳастам! Оё падарам зинда аст?» Вале бародаронаш ба ӯ ҷавоб дода наметавонистанд; зеро ки пеши ӯ мушавваш гардиданд.
4
Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Наздики ман биёед». Ва наздик омаданд. Ва гуфт: «Ман Юсуф, бародари шумо ҳастам, ки маро ба Миср фурӯхтед.
5
Вале акнун ғамгин ва мутаассиф нашавед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед; зеро ки Худо маро пеш аз шумо барои ҳифзи ҳаёт фиристод.
6
Зеро ҳоло ду сол шудааст, ки қаҳтӣ бар замин ҳукмфармост, ва боз панҷ соли дигар на шудгор мешавад, на дарав.
7
Лекин Худо маро пеш аз шумо фиристод, то ки шуморо дар замин боқӣ гузорад ва бо наҷоти бузурге ҳаёти шуморо нигоҳ дорад.
8
Пас, на шумо маро ба ин ҷо фиристодаед, балки Худо, ки Ӯ маро падар ба фиръавн, оғо ба тамоми аҳли байти вай ва ҳоким бар тамоми замини Миср гардонид.
9
Шитоб кунед ва назди падарам рафта, ба ӯ гӯед: писари ту Юсуф чунин мегӯяд: „Худо маро оғои тамоми Миср гардондааст; назди ман биё, таъхир накун.
10
Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.
11
Ва туро дар он ҷо ризқу рӯзӣ хоҳам дод, зеро ки боз панҷ сол қаҳтӣ мешавад; мабодо ту, ва аҳли байти ту, ва ҳар чизе ки дорӣ, бенаво гардед“.
12
Ва инак, чашмони шумо ва чашмони бародарам Биньёмин мебинад, ки ин манам, ки бо шумо сухан мегӯям.
13
Пас ба падарам аз тамоми ҷалоли ман дар Миср ва аз он чи дидед, хабар диҳед; ва шитоб намуда, падарамро ба ин ҷо биёред».
14
Ва бар гардани бародари худ Биньёмин афтода, бигирист; ва Биньёмин бар гардани ӯ гирья кард.
15
Ва ҳамаи бародарони худро бӯсид ва дар оғӯш гирифта, бигирист; ва баъд аз он бародаронаш бо ӯ гуфтугӯ карданд.
16
Вақте ки ба гӯши аҳли байти фиръавн овоза расид, ки бародарони Юсуф омадаанд, ин ба назари фиръавн ва ба назари чокаронаш хуш омад.
17
Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ба бародарони худ бигӯ: „Чунин бикунед: маркабҳои худро бор кунед, ва ба замини Канъон равона шавед;
18
Ва падари худ ва аҳли байти худро гирифта, назди ман биёед; беҳтарин замини Мисрро ба шумо хоҳам дод, ва аз фарбеҳии замин хоҳед хӯрд“.
19
Ва туро амр мефармоям ба онҳо бигӯӣ: „Чунин бикунед: аробаҳо аз замини Миср барои тифлони худ ва барои занони худ бигиред, ва падари худро бардошта биёред;
20
Ва аз тарк кардани чизу чораи худ таассуф нахӯред зеро ки беҳтарини тамоми замини Миср аз они шумост“»
21
Ва банӣ‐Исроил чунин карданд. Ва Юсуф, мувофиқи амри фиръавн, аробаҳо ба онҳо дод, ва тӯшаи роҳ ба онҳо дод
22
Ба ҳар яке аз онҳо як даста либос дод, вале ба Биньёмин сесад сиккаи нуқра ва панҷ даста либос дод.
23
Ва ҳамчунин барои падари худ даҳ хари боршуда бо нозу неъмати Миср ва даҳ модахари боршуда бо ғалла ва нон ва хӯрок барои сафари падари худ фиристод.
24
Ва бародарони худро фиристод, ва чун онҳо равона шуданд, ба онҳо гуфт: «Дар роҳ низоъ накунед».
25
Ва аз Миср баромаданд, ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд.
26
Ва ӯро огоҳ намуда, гуфтанд: «Юсуф ҳанӯз зинда аст, ва ӯ ҳокими тамоми замини Миср аст». Вале дили ӯ ошуфта шуд; зеро ки ба гапи онҳо бовар накард.
27
Ва ҳамаи суханонеро, ки Юсуф ба онҳо гуфта буд, ба ӯ нақл карданд; ва аробаҳоеро ки Юсуф барои овардани ӯ фиристода буд, бидид; ва рӯҳи падари онҳо, Яъқуб, боз зинда шуд.
28
Ва Исроил гуфт: «Бас аст! Писари ман Юсуф ҳанӯз зинда аст; меравам ва пеш аз мурданам ӯро мебинам».
← Chapter 44
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 46 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50