bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 33
Genesis 33
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 34 →
1
Ва Яъқуб чашм андохта, дид, ки инак, Эсов меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст. Ва бачаҳоро ба Леё ва Роҳел ва ду каниз тақсим кард.
2
Ва канизонро бо бачаҳошон пеш гузошт, ва Леёро бо бачаҳояш дар ақиби онҳо, ва Роҳелро бо Юсуф дар охир.
3
Ва худаш пешопеши онҳо рафт, ва ҳафт маротиба то замин саҷда кард, то ки ба бародари худ расид.
4
Ва Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид, ва бигиристанд.
5
Ва Эсов чашм андохта, занону бачагонро дид, ва гуфт: «Инҳо ба ту кистанд?» Гуфт: «Фарзандоне ки Худо ба бандаат бахшидааст».
6
Ва канизон бо бачаҳошон наздик омада, саҷда карданд.
7
Ва Леё бо бачаҳояш низ наздик омада, саҷда карданд. Ва дар охир Юсуф ва Роҳел наздик омада, саҷда карданд.
8
Ва гуфт: «Аз баҳри чист туро тамоми ин гурӯҳе ки ба он вохӯрдам?» Гуфт: «То ки дар назари оғоям илтифот ёбам».
9
Ва Эсов гуфт: «Эй бародарам, ман бисьёр дорам; он чи аз они туст, аз они ту бошад».
10
Ва Яъқуб гуфт: «Не, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, тӯҳфаи маро аз дастам бигир; зеро ки рӯи туро дидам, мисли дидани рӯи Худо, ва ту ба ман бо чашми нек назар кардӣ.
11
Баракати маро, ки бароят оварда шуд, бигир; чунки Худо ба ман эҳсон кардааст, ва ҳама чиз дорам». Ва чун Яъқуб ӯро розӣ кард, ӯ гирифт.
12
Ва гуфт: «Кӯч карда, биравем; ва ман пешопеши ту меравам».
13
Ва Яъқуб гуфт: «Оғоям медонад, ки бачагон нозуканд, ва гӯсфандон ва говони ширдеҳ бо ман аст, ва агар онҳоро як рӯз ҳай кунанд, тамоми чорво мемирад.
14
Бигзор оғоям аз бандаи худ пештар биравад, ва ман мувофиқи коре ки маро дар пеш аст, ва мувофиқи қадами бачагон оҳиста‐оҳиста равона мешавам, то ки назди оғоям ба Сеир бирасам».
15
Ва Эсов гуфт: «Аз мардуме ки бо мананд, назди ту мегузорам». Гуфт: «Чӣ лозим аст? Фақат дар назари оғоям илтифот ёбам шудааст».
16
Ва ҳамон рӯз Эсов роҳи худро пеш гирифта, ба Сеир баргашт.
17
Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.
18
Ва Яъқуб аз Фаддони Арам баргашта, сиҳат саломат ба шаҳри Шакем, ки дар замини Канъон аст, омад ва дар рӯ ба рӯи шаҳр манзил кард.
19
Ва он қитъаи заминро, ки дар он ҷо барои худ хайма барафрошта буд, аз дасти фарзандони Ҳамӯр, падари Шакем, ба сад сикка харид.
20
Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 34 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50