bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 19
Genesis 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 20 →
1
Ва он ду фаришта бегоҳирӯзӣ ба Садӯм омаданд, ва Лут назди дарвозаи Садӯм нишаста буд. Ва чун Лут онҳоро дид, ба пешвози онҳо бархост, ва рӯй бар замин ниҳода, саҷда кард.
2
Ва гуфт: «Эй оғоёни ман! Ба хонаи бандаи худ биёед, ва шабро гузаронед, ва пойҳои худро бишӯед, ва бомдодон бархоста, роҳи худро пеш гиред». Вале гуфтанд: «Не, шабро дар кӯча мегузаронем».
3
Ва чун онҳоро бисьёр илтиҷо намуд, назди ӯ равона шуда, ба хонааш даромаданд. Ва ӯ онҳоро зиёфат дод, ва фатир пухт; ва онҳо тановул карданд.
4
Ҳанӯз ба хоб нарафта буданд, ки сокинони шаҳр, мардони Садӯм, аз ҷавон то пир, тамоми халқ аз ҳар ҷониб хонаро иҳота карданд.
5
Ва Лутро ҷеғ зада, гуфтанд: «Куҷоянд он касоне ки имшаб назди ту омаданд? Онҳоро назди мо берун овар, то ки бо онҳо бихобем».
6
Ва Лут назди онҳо дар пеши остона берун омад, ва дарро аз ақиби худ бибаст,
7
Ва гуфт: «Эй бародаронам, зинҳор, бадӣ накунед.
8
Инак, ман ду духтар дорам, ки бокира ҳастанд; беҳтар, ки онҳоро назди шумо берун оварам, ва он чи дар назари шумо писанд ояд, бо онҳо бикунед; фақат ба ин мардон ҳеҷ коре накунед, зеро ки онҳо зери сояи сақфи ман омадаанд».
9
Ва гуфтанд: «Дафъ шав!» Ва гуфтанд: «Ин яке барои иқомат омад, ва мехоҳад довар бошад? Акнун ба ту, назар ба онҳо, бадтар муомила мекунем». Ва бо шиддат ба ин мард, яъне ба Лут, ҳамла оварда, наздик шуданд, то ки дарро бишкананд.
10
Вале он мардон дастҳои худро дароз карда, Лутро назди худ ба хона дароварданд, ва дарро бастанд.
11
Ва мардумеро, ки назди дари хона буданд, аз хурд то калон, ба кӯрӣ гирифтор карданд, ба тавре ки онҳо аз ёфтани дар оҷиз монданд.
12
Ва он мардон ба Лут гуфтанд: «Оё каси дигаре дар ин ҷо дорӣ? Домодон, ва писарон, ва духтарони худ, ва ҳар киро, ки дар шаҳр дорӣ, аз ин макон берун овар.
13
Зеро ки мо ин маконро маҳв хоҳем кард; чунки фиғон аз дасти онҳо пеши Худованд бисьёр шудааст, ва Худованд моро фиристод, ки онро маҳв созем».
14
Ва Лут берун рафта, бо домодонаш, ки духтарони ӯро гирифтанӣ буданд, гап зад, ва гуфт: «Бархезед, аз ин макон равед; зеро ки Худованд ин шаҳрро маҳв мекунад». Вале ба назари домодонаш чунин намуд, ки ӯ ҳазлбозӣ мекунад.
15
Ва ҳангоми дамидани субҳ он фариштагон Лутро шитоб кунонда, гуфтанд: «Бархез, зани худро бо ду духтаре ки пешат ҳастанд, бигир, то ки аз боиси гуноҳи ин шаҳр нобуд нашавӣ».
16
Ва чун дер мекард, он мардон дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд, — чунки Худованд бар ӯ шафқат кард, — ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд.
17
Вақте ки онҳоро берун оварданд, гуфт: «Ҷони худро раҳо кун; ба ақиб нигоҳ накун, дар ҳеҷ ҷои ин водӣ наист; ба кӯҳ гурехта рав, то ки нобуд нашавӣ».
18
Вале Лут ба онҳо гуфт: «Не, Худоё!
19
Инак, бандаат дар назарат илтифот ёфтааст, ва эҳсони азиме ба ман кардӣ, ки ҷонамро раҳоӣ додӣ; вале ман кудрати он надорам, ки ба кӯҳ гурехта равам, мабодо балое ба сарам ояду бимирам.
20
Инак, он шаҳр барои гурехта рафтан наздик аст, ва ин чизи андак аст; ба он ҷо гурехта равам — ин, охир, чизи андак аст, — ва ҷонам зинда мемонад».
21
Ва ба ӯ гуфт: «Инак, дар ин бобат ҳам туро рӯихотир мекунам: шаҳреро, ки гуфтӣ, вожгун намесозам.
22
Шитобон ба он ҷо гурехта рав; зеро ки то ба он ҷо нарасӣ, чизе карда наметавонам». Аз ин сабаб он шаҳр Сӯар номида шудааст.
23
Офтоб бар замин тулӯъ кард, вақте ки Лут ба Сӯар расид.
24
Ва Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз ҷониби Худованд аз осмон боронид.
25
Ва он шаҳрҳоро, ва тамоми водиро, ва ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт.
26
Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист, ва сутуни намак гардид.
27
Ва бомдодон Иброҳим бархоста, сӯи маконе рафт, ки он ҷо пеши Худованд истода буд.
28
Ва чун ба ҷониби Садӯм ва Амӯро ва тамоми замини водӣ назар андохт, дид, ки инак, дуди он замин чун дуди хумдон боло меравад.
29
Ва ҳангоме ки Худо шаҳрҳои водиро маҳв мекард, Худо Иброҳимро ба хотир овард, ва Лутро аз миёни он харобӣ берун кард дар ҳини вожгун сохтани шаҳрҳое ки Лут дар онҳо иқомат дошт.
30
Ва Лут аз Сӯар баромад, ва бо ду духтари худ дар кӯҳ маскан гирифт: зеро ки аз сокин шудан дар Сӯар тарсид, ва бо ду духтараш дар мағорае сукунат ихтиёр кард.
31
Ва духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Падари мо пир шудааст, ва марде бар рӯи замин нест, ки аз рӯи одати тамоми замин бо мо бихобад.
32
Биё, падари худро шароб нӯшонем, ва бо ӯ бихобем, то насле аз падари худ нигоҳ дорем».
33
Ва ҳамон шаб падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари калонӣ омада, бо падари худ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
34
Рӯзи дигар духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Инак, дишаб бо падарам хобидам; имшаб низ ӯро шароб нӯшонем, ва ту даромада, бо ӯ бихоб, то ки насле аз падари худ нигоҳ дорем».
35
Он шаб низ падари худро шароб нӯшонданд, ва духтари хурдӣ бо ӯ хобид, ва ӯ аз хобидан ва хестани вай огоҳ нашуд.
36
Ва ҳар ду духтари Лут аз падари худ ҳомила шуданд.
37
Ва духтари калонӣ писаре зоид, ва ӯро Мӯоб ном ниҳод; ва ӯ то имрӯз падари мӯобиён аст.
38
Ва духтари хурдӣ низ писаре зоид, ва ӯро Бин‐Аммӣ ном ниҳод; ӯ то имрӯз падари банӣ‐Аммӯн аст.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50