bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 39
Genesis 39
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 38
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 40 →
1
Ва Юсуфро ба Миср бурданд; ва ӯро Фӯтифар ном марди мисрӣ, ки дарбории фиръавн, сардори посбонон буд, аз дасти исмоилиёне ки ӯро ба он ҷо бурда буданд, харид.
2
Ва Худованд бо Юсуф буд; ва ӯ марди комьёб шуд, ва дар хонаи оғои мисрии худ бимонд.
3
Ва оғояш дид, ки Худованд бо ӯст, ва ҳар он чи ӯ мекунад, Худованд дар дасти ӯ муваффақият меоварад.
4
Ва Юсуф дар назари вай илтифот ёфт, ва ба вай хизмат мекард. Ва ӯро ба хонаи худ баргумошт, ва тамоми дороии худро ба дасти ӯ дод.
5
Ва аз ҳамон вақте ки ӯро ба хонаи худ ва ба тамоми дороии худ баргумошт, Худованд хонаи он мисриро барои хотири Юсуф баракат дод, ва баракати Худованд бар ҳамаи дороии вай чи дар хона, чи дар саҳро буд.
6
Ва ҳар он чи дошт, ба дасти Юсуф вогузошт; ва аз он чи бо ӯ буд, ҳеҷ хабар надошт, ҷуз ноне ки мехӯрд. Ва Юсуф хушандом ва хушрӯй буд.
7
Ва баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки зани оғояш бар Юсуф чашм андохта, гуфт: «Бо ман бихоб».
8
Вале ӯ розӣ нашуда, ба зани оғои худ гуфт: «Инак, оғои ман аз он чи бо ман дар хона аст, хабар надорад, ва ҳар он чи дорад, ба дасти ман додааст;
9
Аз ман калонтаре дар ин хона нест; ва ӯ ҳеҷ чизе аз ман дареғ надоштааст, ҷуз ту, чунки ту зани ӯ ҳастӣ; пас чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?»
10
Ва агарчи вай ҳаррӯза ба Юсуф сухан мегуфт, ки бо вай бихобад ва назди вай бошад, ӯ гапи варо гӯш намекард.
11
Ва рӯзе воқеъ шуд, ки ӯ ба хона даромад, то ки бо кори худ машғул шавад, аммо аз аҳли хона касе он ҷо, дар хона набуд;
12
Вай ӯро аз ҷомааш дошта, гуфт: «Бо ман бихоб». Вале ӯ ҷомаи худро дар дасти вай монда, давид ва берун рафт.
13
Чун зан дид, ки Юсуф ҷомаи худро дар дасти вай монд ва давида, берун рафт,
14
Аҳли хонаашро фарьёд карда, гуфт: «Бубинед, марди ибриро назди мо овард, то ки моро масхара кунад. Ӯ назди ман омад, то ки бо ман бихобад; лекин ман бо овози баланд фарьёд задам;
15
Ва чун шунид, ки ман овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаашро пеши ман монд ва давида, берун рафт».
16
Ва ҷомаи ӯро назди худ нигоҳ дошт то вақте ки оғояш ба хона омад.
17
Ва ба вай ҳамон суханонро такрор карда, гуфт: «Он ғуломи ибрӣ, ки ба мо овардӣ, назди ман омад, то ки маро масхара кунад;
18
Ва чун овози худро баланд карда, фарьёд задам, ҷомаи худро пеши ман монд ва гурехта, берун рафт».
19
Вақте ки оғояш суханони зани худро шунид, ки ба ӯ нақл карда, гуфт: «Ғуломат ба ман чунин рафтор кард», ӯ ба ғазаб омад;
20
Ва оғои Юсуф ӯро гирифта, дар зиндоне андохт, ки дар он ҷо маҳбусони подшоҳ буданд. Ва он ҷо ӯ дар зиндон буд.
21
Ва Худованд бо Юсуф буд, ва ба ӯ эҳсон мекард, ва ӯро дар назари сардори зиндон илтифот бахшид.
22
Ва сардори зиндон ҳамаи маҳбусонеро, ки дар зиндон буданд, ба дасти Юсуф дод, ва ҳар коре ки дар он ҷо мекарданд, ӯ идоракунандаи он буд.
23
Сардори зиндон ба ҳеҷ як чизе ки дар дасти Юсуф буд, нигоҳ намекард: чунки Худованд бо ӯ буд, ва дар ҳар кори ӯ Худованд муваффақият меовард.
← Chapter 38
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 40 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50