bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 8
Genesis 8
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 9 →
1
Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.
2
Ва чашмаҳои варта ва равзанҳои осмон баста шуд, ва борон аз осмон бозистод.
3
Ва об рафта‐рафта аз рӯи замин баргашт, ва баъд аз гузаштани саду панҷоҳ рӯз об кам шуд.
4
Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, киштӣ бар кӯҳҳои Аророт қарор гирифт.
5
Ва то моҳи даҳум об рафта‐рафта кам мешуд; ва дар рӯзи аввали моҳи даҳум қуллаҳои кӯҳҳо намудор шуд.
6
Ва баъд аз гузаштани чил рӯз Нӯҳ даричаи киштиро, ки сохта буд, воз кард.
7
Ва зоғро сар дод, ва он берун парида, мерафту меомад, то даме ки оби рӯи замин хушк шуд.
8
Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст.
9
Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
10
Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
11
Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
12
Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
13
Ва дар соли шашсаду якум, дар моҳи аввал, дар рӯзи якуми моҳ, оби рӯи замин хушк шуд; ва Нӯҳ сарпӯши киштиро бардошта, нигарист, ва инак, рӯи замин хушк буд.
14
Ва дар моҳи дуюм, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳ, замин хушк шуд.
15
Ва Худо Нӯҳро хитоб карда, гуфт:
16
«Аз киштӣ берун ой, ту, ва занат, ва писаронат, ва занони писаронат бо ту.
17
Ва ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки назди худ дорӣ, ҳар махлуқеро аз паррандагон, ва чорпоён, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, бо худ берун овар, то ки бар замин паҳн шуда раванд, ва борвар ва афзун шаванд».
18
Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ берун омаданд.
19
Ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва тамоми ҳайвоноти хазанда, ва ҳамаи паррандагон, ва ҳар чӣ бар замин ҳаракат мекунад, мувофиқи ҷинсҳои худ, аз киштӣ баромаданд.
20
Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.
21
Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
22
Минбаъд дар тамоми айёми замин кишт ва дарав, сармо ва гармо, тобистон ва зимистон, рӯз ва шаб хотима нахоҳад ёфт».
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50