bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 21
Genesis 21
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 22 →
1
Ва Худованд Сороро, чунон ки гуфта буд, тафаққуд намуд; ва Худованд он чи ба Соро гуфта буд, ба амал овард.
2
Ва Соро ҳомила шуда, ба Иброҳим дар пириаш писаре зоид, дар мӯҳлате ки Худо ба ӯ гуфта буд.
3
Ва Иброҳим писари мавлуди худро, ки Соро ба ӯ зоид, Исҳоқ ном ниҳод.
4
Ва Иброҳим писари худ Исҳоқро дар ҳаштрӯзагиаш хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд.
5
Ва Иброҳим дар вақти таваллуди писараш Исҳоқ садсола буд.
6
Ва Соро гуфт: «Худо барои ман ханда сохт, ва ҳар кӣ бишнавад, ба ман ханда хоҳад кард».
7
Ва гуфт: «Кист, ки ба Иброҳим мегуфт: „Соро кӯдаконро хоҳад маконид“? Зеро ки писаре дар пириаш зоидаам».
8
Ва он писар калон шуд, ва ӯро аз сина ҷудо карданд; ва дар рӯзе ки Исҳоқро аз сина ҷудо карданд, Иброҳим зиёфати калоне дод.
9
Ва Соро дид, ки писари Ҳоҷари мисрӣ, ки ба Иброҳим зоида буд, ханда мекунад.
10
Ва ба Иброҳим гуфт: «Ин канизро бо писараш пеш кун; зеро ки писари ин каниз бо писари ман Исҳоқ ворис нахоҳад буд».
11
Вале ин сухан дар назари Иброҳим дар ҳаққи писараш хеле бад омад.
12
Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.
13
Ва аз писари каниз низ халқе ба вуҷуд меоварам, чунки ӯ насли туст».
14
Ва бомдодон Иброҳим бархост, ва нон ва машки обе гирифт, ва ба Ҳоҷар дода, бар китфи ӯ гузошт, ва ӯро бо писар равона кард; ва ӯ бирафт, ва дар биёбони Беэр‐Шобаъ роҳро гум кард.
15
Ва чун оби машк тамом шуд, писарро зери буттае гузошт.
16
Ва ба масофати тиррас дур рафта, дар рӯ ба рӯи вай нишаст, зеро ки гуфт: «Мурдани писарро набинам». Ва дар рӯ ба рӯи вай нишаста, овози худро баланд кард ва бигирист.
17
Ва Худо овози бачаро шунид; ва фариштаи Худо аз осмон Ҳоҷарро нидо карда, ба вай гуфт: «Эй Ҳоҷар, туро чӣ шуд? Натарс; зеро ки Худо овози бачаро аз он ҷое ки ҳаст, шунид.
18
Бархез ва писарро бардошта, дасташро бигир; зеро ки аз вай халқи азиме ба вуҷуд хоҳам овард».
19
Ва Худо чашмони ӯро воз кард, ва ӯ чоҳи обе дид, ва пеш рафта, машкро об пур кард, ва бачаро нӯшонид.
20
Ва Худо бо он бача буд; ва ӯ калон шуда, сокини биёбон гашт; ва камонкаш шуд.
21
Ва дар биёбони Форон иқомат дошт; ва модараш зане аз замини Миср барои ӯ гирифт.
22
Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Абималик бо Фикӯл, ки сипаҳсолори ӯ буд, ба Иброҳим рӯ оварда, гуфт: «Дар ҳар коре ки мекунӣ, Худо бо туст;
23
Ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».
24
Ва Иброҳим гуфт: «Ман қасам ёд мекунам».
25
Ва Иброҳим Абималикро мазаммат намуд аз боиси чоҳи обе ки ғуломони Абималик бо зӯрӣ гирифта буданд.
26
Вале Абималик гуфт: «Намедонам, кист, ки ин корро кардааст, ту низ ба ман нагуфтаӣ; ман низ то имрӯз нашнидаам».
27
Ва Иброҳим гӯсфандон ва говон гирифта, ба Абималик дод, ва ҳар ду иттифоқ бастанд.
28
Ва Иброҳим ҳафт барраи модаро аз рама ҷудо кард.
29
Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Ин ҳафт барраи мода, ки дар ин ҷо ҷудо кардӣ, барои чист?»
30
Гуфт: «Ин ҳафт барраи модаро аз дасти ман бигир, то барои ман шаҳодате бошад, ки ин чоҳро ман кандаам».
31
Аз ин сабаб он маконро Беэр‐Шобаъ номид; зеро ки дар он ҷо ҳар дуяшон қасам ёд карданд.
32
Ва дар Беэр‐Шобаъ иттифоқ бастанд; ва Абималик бо сипаҳсолори худ Фикӯл бархост, ва ба замини фалиштиён баргаштанд.
33
Ва дар Беэр‐Шобаъ ниҳолҳои газ шинонд, ва дар он ҷо исми Худованд Худои ҷовидониро хонд.
34
Ва Иброҳим дар замини фалиштиён айёми зиёд чун мусофире зиндагӣ кард.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50