bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 17
Genesis 17
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 18 →
1
Вақте ки Абром наваду нӯҳсола буд, Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои Қодирам; пеши Ман роҳ рав ва покдоман бош;
2
Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту барқарор мекунам, ва туро хеле ва хеле афзун мегардонам».
3
Ва Абром бар рӯи худ афтод, ва Худо суханашро ба ӯ давом дода, гуфт:
4
«Ман — инак аҳди Ман бо ту: ту падари халқҳои бисьёр хоҳӣ буд.
5
Ва номи ту минбаъд Абром хонда нашавад; балки номи ту Иброҳим хоҳад буд; зеро ки туро падари халқҳои бисьёр мегардонам.
6
Ва туро хеле ва хеле борвар месозам, ва аз ту халқҳо ба вуҷуд меоварам, ва подшоҳон аз ту ба вуҷуд меоянд.
7
Ва аҳди Худро дар миёни Худам ва ту, ва насли ту баъд аз ту, барқарор мекунам, ки дар ҳамаи наслҳои онҳо аҳди ҷовидонӣ бошад, то ки туро, ва баъд аз ту насли туро Худо бошам.
8
Ва замини мусофирати туро, тамоми замини Канъонро ба ту, ва баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам; ва Худои онҳо хоҳам буд».
9
Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Вале ту аҳди Маро риоя кун, ту, ва баъд аз ту насли ту, дар ҳамаи наслҳои онҳо.
10
Ин аст аҳди Ман, ки риоя хоҳед кард дар миёни Ман ва шумо, ва насли ту баъд аз ту: ҳар наринаи шумо хатна карда шавад.
11
Ва ғилофаки худро хатна кунед, то аломати аҳде бошад, ки дар миёни Ман ва шумост.
12
Ва дар ҳаштрӯзагӣ ҳар наринаи шумо дар ҳамаи наслҳои шумо хатна карда шавад, хоҳ хоназод бошад, хоҳ зархарид аз ҳар аҷнабие ки аз насли ту нест.
13
Ҳар хоназоди ту ва ҳар зархариди ту ҳатман хатна карда шавад, то ки аҳди Ман дар ҷисми шумо аҳди ҷовидонӣ бошад.
14
Вале наринаи номахтун, ки ғилофаки худро хатна накарда бошад, он кас аз байни халқи худ маҳв гардад; вай аҳди Маро поймол кардааст».
15
Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Зани худ Сорайро Сорай нахон; балки номаш Соро бошад.
16
Ман варо баракат хоҳам дод, ва писаре низ аз вай ба ту хоҳам бахшид; варо баракат хоҳам дод, ва халқҳо аз вай ба вуҷуд оянд, ва подшоҳони халқҳо аз вай пайдо шаванд».
17
Ва Иброҳим бар рӯи худ афтода, хандид ва дар дили худ гуфт: «Наход ки аз марди садсола бача шавад, ва Соро дар навадсолагӣ бизояд?»
18
Ва Иброҳим ба Худо гуфт: «Кошки Исмоил пеши Ту зиндагӣ кунад!»
19
Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
20
Дар ҳаққи Исмоил ҳам туро шунидам: инак, ӯро баракат медиҳам, борвар мегардонам, хеле ва хеле афзун месозам; дувоздаҳ амирон аз ӯ пайдо шаванд; ва аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меоварам.
21
Вале аҳди Худро бо Исҳоқ барқарор хоҳам кард, ки Соро ӯро соли дигар дар ҳамин вақт ба ту хоҳад зоид».
22
Ва Худо сухан гуфтанро бо ӯ бас карда, аз пеши Иброҳим сууд намуд.
23
Ва Иброҳим писари худ Исмоил ва ҳамаи хоназодон ва зархаридони худро, яъне ҳар наринаи аҳли байти Иброҳимро гирифта, ғилофаки онҳоро дар ҳамон рӯз хатна кард, чунон ки Худо ба ӯ гуфта буд.
24
Ва Иброҳим наваду нӯҳсола буд, вақте ки ғилофаки ӯ хатна шуд.
25
Ва писараш Исмоил сездаҳсола буд, вақте ки ғилофакаш хатна шуд.
26
Дар ҳамон рӯз Иброҳим ва писараш Исмоил хатна шуданд.
27
Ва ҳамаи наринаҳои аҳли байти ӯ, хоҳ хоназодон, хоҳ зархаридони аҷнабӣ, бо ӯ хатна шуданд.
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50