bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 12
Genesis 12
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 13 →
1
Ва Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.
2
Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
3
Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост».
4
Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.
5
Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.
6
Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.
7
Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.
8
Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт‐Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва хаймаи худро барафрошт, ва Байт‐Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард ва исми Худовандро хонд.
9
Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.
10
Ва дар он замин қаҳтӣ буд. Ва Абром ба Миср фурӯд омад, то ки дар он ҷо зиндагӣ кунад; зеро ки қаҳтӣ дар он замин шиддат ёфт.
11
Вақте ки ба Миср наздик меомад, ба зани худ Сорай гуфт: «Инак, ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ;
12
Ва чун мисриён туро бинанд, гӯянд: „Ин зани ӯст“; пас маро бикушанд, ва туро зинда нигоҳ доранд.
13
Пас бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ки ба хотири ту ба ман некӣ шавад, ва ҷонам ба туфайли ту зинда монад».
14
Ва ҳангоме ки Абром ба Миср омад, мисриён ин занро диданд, ки хеле хушрӯй аст;
15
Ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фиръавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.
16
Ва ба хотири вай ба Абром некӣ кард; ва Абром соҳиби гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва ғуломон, ва канизон, ва хачирон, ва шутурон гардид.
17
Ва Худованд фиръавн ва аҳли байти ӯро аз боиси Сорай, зани Абром, ба балоҳои бад гирифтор кард.
18
Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?
19
Чаро гуфтӣ: „Вай хоҳари ман аст“? Ва ман варо ба занӣ гирифтанӣ будам. Ва акнун инак зани ту; бигир ва бирав».
20
Ва фиръавн дар ҳаққи ӯ ба одамони худ амр фармуд, ва ӯро бо занаш ва бо ҳар чизе ки дошт, гуселониданд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50