bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 48
Genesis 48
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 47
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 49 →
1
Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Юсуф гуфтанд: «Инак, падарат бемор аст». Ва ду писари худ, Менашше ва Эфроимро бо худ гирифт.
2
Ва Яъқубро огоҳ карда, гуфтанд: «Инак, писарат Юсуф назди ту меояд». Ва Исроил қувваҳои худро ҷамъ карда, бар бистар биншаст.
3
Ва Яъқуб ба Юсуф гуфт: «Худои Қодир дар Луз, дар замини Канъон, бар ман зоҳир гардида, маро баракат дод,
4
Ва ба ман гуфт: „Инак, Ман туро борвар ва афзун мегардонам, ва аз ту қавмҳои зиёде ба вуҷуд меоварам, ва ин заминро баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам“.
5
Ва ҳоло ду писарат, ки дар замини Миср ба ту зоида шудаанд неш аз он ки назди ту ба Миср биёям, онҳо аз они ман ҳастанд; Эфроим ва Менашше, мисли Реубен ва Шимъӯн, аз они ман хоҳанд буд.
6
Вале насле ки баъд аз онҳо ба вуҷуд оварӣ, аз они ту бошанд. Онҳо бо номи бародарони худ дар амлокашон номида шаванд.
7
Ва ҳангоме ки ман аз Фаддон меомадам, Роҳел назди ман дар замини Канъон мурд, чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасам, ва ӯро дар он ҷо ба сари роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт‐Лаҳм бошад, дафн кардам».
8
Ва Исроил писарони Юсуфро дид, ва гуфт: «Инҳо кистанд?»
9
Ва Юсуф ба падари худ гуфт: «Инҳо писарони мананд, ки Худо ба ман дар ин ҷо додааст». Гуфт: «Онҳоро наздики ман биёр, то ки онҳоро баракат диҳам».
10
Ва чашмони Исроил аз пирӣ хира шуда буд: дида наметавонист. Онҳоро наздики ӯ овард, ва ӯ онҳоро бӯсида, ба оғӯш кашид.
11
Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Гумон надоштам, ки рӯи туро мебинам; ва инак, Худо насли туро низ ба ман нишон дод».
12
Ва Юсуф онҳоро аз миёни ду зонуи ӯ берун овард, ва рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда кард.
13
Ва Юсуф ҳар дуи онҳоро гирифт, Эфроимро ба дасти рости худ, муқобили дасти чапи Исроил, ва Менашшеро ба дасти чапи худ, муқобили дасти рости Исроил, ва наздики ӯ овард.
14
Вале Исроил дасти рости худро дароз карда, бар сари Эфроим ниҳод, ки вай хурдӣ буд, ва дасти чапи худро бар сари Менашше. Қасдан дастҳояшро чунин ниҳод, ва ҳол он ки Менашше нахустзода буд.
15
Ва Юсуфро баракат дода, гуфт: «Он Худое ки пешаш падаронам Иброҳим ва Исҳоқ роҳ мерафтанд, он Худое ки маро аз аввали ҳастиям то имрӯз чӯпонӣ мекунад,
16
Он фариштае ки маро аз ҳар бадӣ раҳоӣ медиҳад, ин наврасонро баракат диҳад; ва номи ман ва номҳои падаронам Иброҳим ва Исҳоқ дар онҳо хонда шавад, ва дар васати замин бисьёр афзоиш ёбанд».
17
Ва Юсуф дид, ки падараш дасти рости худро бар сари Эфроим ниҳод; ин ба назараш бад намуд. Ва дасти падари худро гирифт, то ки онро аз сари Эфроим бар сари Менашше гузаронад;
18
Ва Юсуф ба падари худ гуфт: «Ин тавр не, падарам, зеро ки нахустзода ин аст, дасти рости худро ба сари ӯ бимон».
19
Вале падараш розӣ нашуда, гуфт: «Медонам, писарам, медонам; ӯ низ қавме хоҳад шуд, ва ӯ низ бузург хоҳад шуд; валекин бародари хурдияш аз ӯ бузургтар хоҳад шуд, ва аз насли ӯ халқи сершуморе ба вуҷуд хоҳад омад».
20
Ва дар он рӯз онҳоро баракат дода, гуфт: «Дар ту Исроил баракат хоста, гӯяд: „Худо туро мисли Эфроим ва Менашше гардонад“». Ва Эфроимро бар Менашше бартарӣ дод.
21
Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Инак, ман мемирам. Ва Худо бо шумо хоҳад буд, ва шуморо ба замини падарони шумо боз хоҳад гардонид.
22
Ва ман ба ту қитъаи зиёда аз бародаронат медиҳам, ки онро аз дасти амӯриён бо шамшер ва камони худ гирифтаам».
← Chapter 47
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 49 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50