bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 34
Genesis 34
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 35 →
1
Ва Дино, духтари Леё, ки ба Яъқуб зоида буд, барои дидани духтарони он замин берун рафт.
2
Ва Шакем, писари Ҳамӯри ҳиввӣ, ки амири он замин буд, ӯро дид, ва ӯро гирифт, ва бо ӯ хобид, ва ба номӯси ӯ таҷовуз кард.
3
Ва дилаш ба Дино, духтари Яъқуб баста шуда, ошиқи он духтар гашт, ва суханони дилпазир ба он духтар гуфт.
4
Ва Шакем ба падари худ Ҳамӯр гуфт: «Ин духтарро барои ман ба занӣ бигир».
5
Ва Яъқуб шунид, ки ба номӯси духтараш Дино таҷовуз намудааст; вале азбаски писаронаш бо чорвои ӯ дар саҳро буданд, Яъқуб то омадани онҳо хомӯш нишаст.
6
Ва Ҳамӯр, падари Шакем, назди Яъқуб берун рафт, то ки бо ӯ сухан гӯяд.
7
Ва чун писарони Яъқуб аз саҳро омада, инро шуниданд, ин мардон малул шуданд ва хеле ба хашм омаданд, зеро ки бо духтари Яъқуб хобида, қабоҳате дар ҳаққи Исроил карда буд, ва ин кирдор нораво буд.
8
Ва Ҳамӯр бо онҳо гап зада, гуфт: «Дили писарам Шакем шефтаи духтари шумост, пас ӯро ба вай ба занӣ бидиҳед.
9
Ва бо мо қудову анда шуда, духтарони худро ба мо бидиҳед ва духтарони моро барои худ бигиред.
10
Ва бо мо ҳамнишин шавед, ва ин замин дар ихтиёри шумо бошад; дар он бимонед, ва тиҷорат кунед, ва онро тасарруф намоед».
11
Ва Шакем ба падар ва бародарони духтар гуфт: «Фақат дар назари шумоён илтифот ёбам шудааст, ва он чи ба ман бигӯед, хоҳам дод.
12
Маҳр ва тӯҳфаҳои зиёде талаб кунед, ва он чи ба ман бигӯед, хоҳам дод, фақат духтарро ба занӣ ба ман бидиҳед».
13
Ва писарони Яъқуб ба ҷавоби Шакем ва падараш Ҳамӯр бо макр сухан ронданд, зеро ки ба номӯси хоҳари онҳо Дино таҷовуз карда буд.
14
Ва ба онҳо гуфтанд: «Чунин корро карда наметавонем, ки хоҳари худро ба шахси номахтун бидиҳем, зеро ки ин барои мо нанг аст.
15
Фақат бо он шарт ба шумо розигӣ медиҳем, ки мисли мо бошед, ва тамоми наринаи худро хатна кунед.
16
Он гоҳ духтарони худро ба шумо бидиҳем ва духтарони шуморо барои худ бигирем, ва бо шумо ҳамнишин гардида, як қавм шавем.
17
Вале агар ба мо гӯш надиҳед ва хатна накунед, духтари худро гирифта, баромада меравем».
18
Ва суханони онҳо ба назари Ҳамӯр ва ба назари Шакем писари Ҳамӯр писанд афтод.
19
Ва он ҷавон дар иҷрои ин кор таъхир накард; зеро ки духтари Яъқубро дӯст медошт. Ва ӯ аз тамоми аҳли байти падараш мӯҳтарамтар буд.
20
Ва Ҳамӯр ва писараш Шакем назди дарвозаи шаҳри худ омаданд ва бо мардуми шаҳри худ гап зада, гуфтанд:
21
«Ин одамон бо мо сулҳандеш ҳастанд; бигзор онҳо дар ин замин маскан гиранд ва дар он тиҷорат кунанд; ва инак, замини фарох дар ихтиёри онҳост. Духтарони онҳоро ба занӣ бигирем, ва духтарони худро ба онҳо бидиҳем.
22
Фақат бо чунин шарт онҳо розианд бо мо ҳамнишин гардида, як қавм шаванд, ки ҳар наринаи мо низ хатна карда шавад, чунон ки онҳо махтун мебошанд.
23
Оё рамаҳои онҳо, дороии онҳо, ва тамоми чорвои онҳо аз они мо намешавад? Фақат ба онҳо розигӣ диҳем, ва онҳо бо мо ҳамнишин хоҳанд шуд».
24
Ва ба суханони Ҳамӯр ва писараш Шакем ҳамаи касоне ки аз дарвозаи шаҳри ӯ мебаромаданд, розӣ шуданд, ва ҳар наринаро ҳамаи онҳое ки аз дарвозаи шаҳри ӯ мебаромаданд, хатна карданд.
25
Ва дар рӯзи сеюм, ҳангоме ки онҳо дардманд буданд, ду писари Яъқуб, Шимъӯн ва Левӣ, бародарони Дино, ҳар яке шамшери худро гирифта, далерона ба шаҳр ҳамла оварданд, ва ҳамаи мардонро куштанд;
26
Ва Ҳамӯр ва писараш Шакемро ба дами шамшер куштанд, ва Диноро аз хонаи Шакем гирифта, берун омаданд.
27
Писарони Яъқуб назди кушташудагон омаданд, ва шаҳрро тороҷ карданд, зеро ки ба номӯси хоҳари онҳо таҷовуз карда буданд.
28
Гӯсфандони онҳоро, ва говони онҳоро, ва харони онҳоро, ва он чи дар шаҳр ва он чи дар саҳро буд, гирифтанд.
29
Ва тамоми сарвати онҳоро, ва ҳамаи кӯдакони онҳоро, ва занони онҳоро асир карданд, ва он чи дар хонаҳо буд, тороҷ карданд.
30
Ва Яъқуб ба Шимъӯн ва Левӣ гуфт: «Маро ба изтироб андохтед, ва маро дар назари сокинони ин сарзамин, яъне канъониён ва фариззиён, манфур гардондед. Ва одами ман камшумор аст, ва агар бар зидди ман ҷамъ шуда, маро зарба зананд, ман бо аҳли байтам маҳв гардам».
31
Гуфтанд: «Магар равост, ки бо хоҳари мо мисли фоҳишае амал кунад?»
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 35 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50