bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 38
Genesis 38
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 37
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 39 →
1
Ва воқеъ шуд дар он замон, ки Яҳудо аз пеши бародарони худ рафта, назди шахси адӯломӣ, ки Ҳиро ном дошт, меҳмон шуд.
2
Ва дар он ҷо Яҳудо духтари марди канъониро, ки Шуа ном дошт, дид; варо ба занӣ гирифт, ва бо вай хобид.
3
Вай ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Эр ном ниҳод.
4
Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид; ва ӯро Ӯнон ном ниҳод.
5
Ва боз писаре зоид, ва ӯро Шело ном ниҳод. Дар вақти таваллуди ӯ Яҳудо дар Казиб буд.
6
Ва Яҳудо ба нахустзодаи худ Эр зане гирифт, ки номаш Томор буд.
7
Ва нахустзодаи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд бад буд, ва Худованд ӯро миронид.
8
Ва Яҳудо ба Ӯнон гуфт: «Бо зани бародарат бихоб ва ҳамчун додаршӯй варо ба занӣ гирифта, насле барои бародари худ ба вуҷуд овар».
9
Вале Ӯнон медонист, ки он насл аз они ӯ нахоҳад буд; бинобар ин, ҳар гоҳ, ки назди зани бародараш мехобид, манӣ ба замин мерехт, то ки насле барои бародари худ надиҳад.
10
Ва ин кори ӯ дар назари Худованд бад намуд; ӯро низ миронид.
11
Ва Яҳудо ба келини худ Томор гуфт: «Дар хонаи падари худ бева бинишин то даме ки писарам Шело калон шавад». Зеро гуфт: «Мабодо ӯ низ мисли бародаронаш бимирад». Ва Томор рафта, дар хонаи падари худ бимонд.
12
Вақти бисьёре гузашт, ва духтари Шуа, зани Яҳудо, мурд. Ва Яҳудо, баъд аз он ки тасаллӣ ёфт, бо дӯсти худ Ҳирои адӯломӣ назди пашм бу рони рамаи худ ба Тимно рафт.
13
Ва ба Томор хабар дода, гуфтанд: «Инак, падаршӯят барои буридани пашми рамаи худ ба Тимно меравад».
14
Ва либоси бевагии худро кашида, ба сари худ чодаре партофт, ва рӯяшро пӯшида, назди дарвозаи Энаим, ки дар сари роҳи Тимно мебошад, нишаст; зеро дид, ки Шело калон шудааст, ва ӯро ба вай ба занӣ надоданд.
15
Ва ӯро Яҳудо бидид, ва ӯро фоҳиша гумон кард, зеро ки он зан рӯи худро пӯшида буд.
16
Ва аз роҳ ба тарафи ӯ гашта, гуфт: «Биё, бо ту бихобам». Зеро надонист, ки келини ӯст. Гуфт: «Ба ман чӣ медиҳӣ, агар бо ман бихобӣ?»
17
Гуфт: «Бузғолае аз рама мефиристам». Гуфт: «Оё то вақти фиристоданат гараве медиҳӣ?»
18
Гуфт: «Ба ту чӣ гарав диҳам?» Гуфт: «Мӯҳр ва зуннори худро, ва асое ки дар даст дорӣ». Ва ба ӯ дод, ва бо ӯ хобид; ва ӯ аз вай ҳомила шуд.
19
Ва бархоста, бирафт, ва чодарро аз сари худ кашида, либоси бевагии худро пӯшид.
20
Ва Яҳудо бузғоларо ба воситаи дӯсти адӯломии худ фиристод, то ки гаравро аз дасти он зан бигирад; вале ӯро наёфт.
21
Ва аз мардуми он мавзеъ пурсида, гуфт: «Он фоҳишае ки дар сари роҳи Энаим нишаста буд, куҷост?» Гуфтанд: «Фоҳишае дар ин ҷо набуд».
22
Ва назди Яҳудо баргашта, гуфт: «Ӯро наёфтам; ва мардуми он мавзеъ низ гуфтанд, ки фоҳишае дар ин ҷо набуд».
23
Ва Яҳудо гуфт: «Бигзор барои худ нигоҳ дорад, мабодо расво шавем; инак, ин бузғоларо фиристодам; вале ту ӯро наёфтӣ».
24
Ва баъд аз гузаштани қариб се моҳ ба Яҳудо хабар дода, гуфтанд: «Келинат Томор зино кардааст, ва инак, аз зино низ ҳомила шудааст». Ва Яҳудо гуфт: «Ӯро берун оред, то ки сӯзонида шавад».
25
Вақте ки ӯро берун оварданд, ӯ назди падаршӯи худ фиристода, гуфт: «Ман аз соҳиби ин чизҳо ҳомила шудаам». Ва гуфт: «Бишнос, ки ин мӯҳр ва зуннор ва асо аз они кист».
26
Ва Яҳудо шинохта, гуфт: «Ҳақ ба ҷониби ӯст, чунки ӯро ба писари худ Шело надодам». Вале дигар ҳаргиз бо ӯ нахобид.
27
Дар вақти зоиданаш маълум шуд, ки дар батнаш экизак аст.
28
Ва ҳангоме ки мезоид, яке дасти худро берун овард; ва доя риштаи қирмизӣ гирифта, бар дасташ баст, ва гуфт: «Ин аввал берун омад».
29
Вале дасташро боз кашид; ва инак, бародараш берун омад. Ва доя гуфт: «Чӣ гуна рахнае барои худ кушодаӣ!» Ва ӯро Форас ном ниҳоданд.
30
Сонӣ бародари ӯ, ки бар дасташ риштаи қирмизӣ буд, берун омад, ва ӯро Зораҳ номиданд.
← Chapter 37
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 39 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50