bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 32
Genesis 32
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 31
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 33 →
1
Ва Яъқуб роҳи худро пеш гирифт. Ва фариштагони Худо ба ӯ вохӯрданд.
2
Ва чун Яъқуб онҳоро дид, гуфт: «Ин лашкари Худост!» Ва он мавзеъро Маҳаноим номид.
3
Ва Яъқуб пешопеши худ назди бародараш Эсов ба сарзамини Сеир, ба саҳрои Адӯм қосидонро фиристод;
4
Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ба оғоям Эсов бигӯед, ки бандаи ту Яъқуб чунин арз мекунад: „Бо Лобон иқомат доштам, ва то кунун таваққуф намудам;
5
Ва ман молики барзаговон ва харон ва гӯсфандон, ва ғуломон ва канизон мебошам; ва фиристодам, то ки оғоямро огоҳӣ диҳам ва дар назарат илтифот ёбам“».
6
Ва қосидон назди Яъқуб баргашта, гуфтанд: «Назди бародарат Эсов расидем; ва ӯ ба пешвози мо меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст».
7
Ва Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд, ва касонеро, ки бо ӯ буданд, ва гӯсфандон ва говон ва шутуронро ба ду бошишгоҳ тақсим кард.
8
Ва гуфт: «Агар Эсов ба як бошишгоҳ омада, онро зарба занад, бошишгоҳи дигар наҷот меёбад».
9
Ва Яъқуб гуфт: «Эй Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, эй Худованде ки ба ман гуфтаӣ: „Ба замини худ ва ба зодгоҳи худ баргард, ва Ман ба ту эҳсон кунам“!
10
Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Урдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам.
11
Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.
12
Ва Ту гуфтаӣ: „Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарьё гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд“».
13
Ва он шабро дар ҳамон ҷо гузаронд. Ва аз он чи дар дасташ буд, тӯҳфае барои бародари худ Эсов гирифт:
14
Дусад модабуз ва бист нарбуз, дусад меш ва бист қӯчқор,
15
Сӣ модашутури ширдеҳ бо бачаҳошон, чил модагов ва даҳ барзагов, бист модахар ва даҳ нархар.
16
Ва ба дасти ғуломони худ ҳар рамаро алоҳида дод, ва ба ғуломони худ гуфт: «Аз пеши ман гузашта равед, ва дар мобайни рамаҳо фосилае бигзоред».
17
Ва ба нахустин амр фармуда, гуфт: «Чун бародарам Эсов ба ту вохӯрад, ва аз ту пурсида, бигӯяд: „Аз они кистӣ? Ва куҷо меравӣ? Ва инҳо, ки пеши туст, аз они кист?“
18
Ба ӯ бигӯй: „Аз они бандаат Яъқуб аст; инҳо тӯҳфаест, ки ба оғоям Эсов фиристода шудааст; ва инак, худаш низ дар ақиби мост“».
19
Ва ҳамчунин ба дуюмин, ба сеюмин ва ба ҳамаи онҳое ки аз ақиби рамаҳо мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Чун ба Эсов бирасед, ба ӯ чунин гӯед;
20
Ва низ гӯед: „Инак, бандаат Яъқуб дар ақиби мост“». Зеро ба дили худ гуфт: «Дили ӯро бо тӯҳфае ки пешопеши ман меравад, нарм мекунам ва баъд аз он бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам; шояд, маро қабул кунад».
21
Ва тӯҳфа пешопеш гузашта рафт; ва ӯ он шабро дар бошишгоҳ гузаронд.
22
Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз маъбари Яббӯқ гузашт.
23
Ва онҳоро гирифта, аз он наҳр гузаронид, ва тамоми дороии худро гузаронид.
24
Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;
25
Ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фушурда шуд.
26
Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам».
27
Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб».
28
Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».
29
Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.
30
Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
31
Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.
32
Сабаб ҳамин аст, ки банӣ‐Исроил ирқуннисоро, ки дар банди сурин аст, то имрӯз намехӯранд, зеро ки ба ирқуннисои банди сурини Яъқуб расида буд.
← Chapter 31
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 33 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50