bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 31
Genesis 31
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 30
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 32 →
1
Ва Яъқуб суханони писарони Лобонро шунид, ки мегуфтанд: «Яъқуб тамоми дороии падари моро гирифтааст, ва аз дороии падари мо тамоми ин сарватро ба вуҷуд овардааст».
2
Ва Яъқуб рӯи Лобонро дид, ва инак, нисбат ба ӯ на ончунон буд, ки дирӯз ва парирӯз буд.
3
Ва Худованд ба Яъқуб гуфт: «Ба замини падарат ва ба зодгоҳат баргард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
4
Ва Яъқуб кас фиристода, Роҳел ва Леёро ба саҳро, назди чорвои худ ҷеғ зад.
5
Ва ба онҳо гуфт: «Ман рӯи падари шуморо мебинам, ки нисбат ба ман на ончунон аст, ки дирӯз ва парирӯз буд. Аммо Худои падарам бо ман буд.
6
Ва шумо медонед, ки бо тамоми қуввати худ ба падари шумо хизмат кардам.
7
Ва падари шумо маро фиреб карда, даҳ маротиба музди маро тағьир дод, аммо Худо ӯро нагузошт, ки ба ман бадӣ кунад.
8
Ҳангоме ки ӯ гуфт: „Музди ту барраҳои хол‐хол бошад“, тамоми чорво хол‐хол зоид. Ва ҳангоме ки гуфт: „Музди ту барраҳои доғдор бошад“, тамоми чорво доғдор зоид.
9
Ва Худо чорвои падари шуморо гирифта, ба ман дод.
10
Боре, дар мавсими бордоршавии чорво, ман дар хоб чашм андохтам ва дидам, ва инак, такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешуданд, доғдор, хол‐хол ва ало буданд.
11
Ва фариштаи Худо дар хоб ба ман гуфт: „Эй Яъқуб!“ Гуфтам: „Лаббай!“
12
Ва гуфт: „Чашм андоз ва бубин, ки ҳамаи такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешаванд, доғдор, хол‐хол ва ало ҳастанд; зеро ки ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидаам.
13
Манам Худои Байт‐Ил, ҷое ки бар сутуне равған рехтӣ, ва бо Ман назр кардӣ. Акнун бархез, аз ин замин берун бирав; ва ба замини зодгоҳи худ баргард“».
14
Роҳел ва Леё ба ҷавоби ӯ гуфтанд: «Оё ҳанӯз дар хонаи падари мо ҳиссае ё меросе барои мо боқист?
15
Магар дар назари ӯ чун бегонаҳо ба шумор намеравем? Зеро ки моро фурӯхт, ва ҳатто пули моро хӯрд.
16
Бинобар ин тамоми сарвате ки Худо аз падари мо гирифтааст, аз они мо ва фарзандони мост. Ва акнун ҳар он чи Худо ба ту гуфтааст, ба ҷо овар».
17
Ва Яъқуб бархоста, фарзандон ва занони худро ба шутурон савор кард;
18
Ва тамоми чорво ва тамоми дороии худро, ки пайдо карда буд, яъне чорвои хусусии худро, ки дар Фаддони Арам пайдо карда буд, бо худ гирифт, то ки назди падари худ Исҳоқ ба замини Канъон биравад.
19
Ва азбаски Лобон барои буридани пашми чорвои худ рафта буд, Роҳел бутҳои падари худро дуздид.
20
Вале Яъқуб Лобони арамиро чапғалат дод, чунки ӯро аз рафтани худ огоҳ накард.
21
Ва ӯ бо ҳар он чи дошт, гурехт, ва бархоста, аз наҳр гузашт, ва рӯй ба ҷониби кӯҳи Ҷилъод ниҳод.
22
Ва дар рӯзи сеюм ба Лобон хабар доданд, ки Яъқуб гурехтааст.
23
Ва хешовандони худро бо худ гирифта, ҳафт рӯз ӯро дунболагирӣ кард, ва дар кӯҳи Ҷилъод ба ӯ даррасид.
24
Ва шабонгоҳ Худо дар хоби Лобони арамӣ зоҳир гардида, ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ».
25
Ва Лобон ба Яъқуб даррасид; ва Яъқуб хаймаи худро дар кӯҳ барафрошта буд, ва Лобон низ бо хешовандони худ дар кӯҳи Ҷилъод манзил кард.
26
Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Барои чӣ маро чапғалат додӣ ва духтаронамро мисли асирони ҳарбӣ гирифта бурдӣ?
27
Чаро пинҳонӣ гурехтӣ, ва маро дар иштибоҳ андохтӣ, ва чизе ба ман нагуфтӣ? Ман туро бо шодӣ ва сурудҳо, бо даф ва барбат гусел мекардам.
28
Ва маро нагузоштӣ, ки набераҳо ва духтарони худро бибӯсам; рафтори беақлонае кардӣ.
29
Дар дастам қуввате ҳаст, ки ба шумоён бадӣ кунам, вале Худои падари шумо дишаб ба ман хитоб карда, гуфт: „Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб неқ ё бад нагӯӣ“.
30
Ва акнун, ки рафтанӣ будӣ, зеро ба хонаи падари худ рағбати калон доштӣ, пас чаро худоёни маро дуздидӣ?»
31
Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Зеро тарсидам ва гумон кардам, ки мабодо духтарони худро аз ман бо зӯрӣ бигирӣ.
32
Назди ҳар кас худоёнатро биёбӣ, ӯ зинда намонад! Дар ҳузури хешовандони мо ҳар он чи аз чизу чораат назди ман бишносӣ, барои худ бигир». Вале Яъқуб намедонист, ки Роҳел онҳоро дуздидааст.
33
Ва Лобон ба хаймаи Яъқуб, ва ба хаймаи Леё, ва ба хаймаи ду каниз даромад, лекин наёфт. Ва аз хаймаи Леё баромада, ба хаймаи Роҳел даромад.
34
Ва Роҳел бутҳоро гирифта, зери зини шутур ниҳод, ва бар онҳо нишаст. Ва Лобон тамоми хаймаро тафтиш кард, лекин наёфт.
35
Ба падараш гуфт: «Ба назари оғои ман бад нанамояд, ки дар ҳузурат бархоста наметавонам, зеро ки қоидаи занон бар ман аст». Ва ҷустуҷӯ карда, бутҳоро наёфт.
36
Ва Яъқуб ба хашм омада, бо Лобон мунозира кард. Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Гуноҳ ва хатои ман чист, ки маро таъқиб мекунӣ?
37
Модоме ки ҳамаи чизҳои маро тафтиш кардӣ, аз ҳамаи чизҳои хонаи худ чӣ ёфтӣ? Ин ҷо пеши хешовандони ман ва хешовандони худ бинеҳ, то ки дар миёни ҳар дуи мо ҳакам шаванд.
38
Дар ин бист сол, ки ман бо ту будам, мешҳо ва модабузҳои ту бача напартофтаанд, ва қӯчқорҳои рамаи туро нахӯрдаам;
39
Ҳайвони кафидаро пеши ту наовардаам: худам товонашро медодам; чизе хоҳ рӯзона талаф мешуд ва хоҳ шабона талаф мешуд, талофии онро аз ман мегирифтӣ.
40
Рӯзҳо аз гармӣ ва шабҳо аз хунукӣ азоб мекашидам; ва хоб аз чашмам мегурехт.
41
Чунин буд бист соли умри ман дар хонаи ту. Ба ту чордаҳ сол барои ду духтарат ва шаш сол барои чорвоят хизмат кардам; ва ту даҳ маротиба музди маро тағьир додӣ.
42
Агар Худои падарам, Худои Иброҳим ва Ҳайбати Исҳоқ бо ман намебуд, ту ҳоло маро тиҳидаст равона мекардӣ. Худо мусибати маро, ва ранҷи дастҳои маро дид, ва дишаб доварӣ кард».
43
Ва Лобон ба ҷавоби Яъқуб гуфт: «Ин духтарон духтарони мананд; ва ин фарзандон фарзандони мананд; ва ин чорво чорвои ман аст, ва ҳар он чи ту мебинӣ, аз они ман аст; пас имрӯз ба ин духтарони худам ва ба фарзандоне ки зоидаанд, ман чӣ кор карда метавонам?
44
Ва акнун биё, ман ва ту аҳд бибандем, то ки дар миёни ман ва ту шаҳодате бошад».
45
Ва Яъқуб санге гирифта, мисли сутуне рост монд.
46
Ва Яъқуб ба хешовандони худ гуфт: «Санг ҷамъ кунед!» Ва онҳо санг ҷамъ карда, пуштае сохтанд; ва дар он ҷо, бар пушта хӯрок хӯрданд.
47
Ва Лобон онро Яҷар‐Соҳадуто номид, вале Яъқуб онро Ҷалъэд номид.
48
Ва Лобон гуфт: «Имрӯз ин пушта дар миёни ман ва ту шоҳид аст». Ба ин сабаб онро Ҷалъэд номид,
49
Ва Мисфо низ; ба он сабаб, ки гуфт: «Худованд дар миёни ман ва ту дидбонӣ кунад, вақте ки аз назари якдигар ғоиб шавем.
50
Агар духтарони маро озор диҳӣ, ва агар болои духтарони ман занони дигар бигирӣ, агарчи ҳеҷ касе дар миёни мо нест, вале огоҳ бош, ки Худо дар миёни ман ва ту шоҳид аст».
51
Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Инак ин пушта ва инак сутуне ки дар миёни худам ва ту гузоштам.
52
Ин пушта шоҳид аст ва ин сутун шоҳид аст, ки ман аз ин пушта сӯи ту нагзарам, ва ту аз ин пушта ва ин сутун бо қасди баде сӯи ман нагзарӣ.
53
Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.
54
Ва Яъқуб дар он кӯҳ ҷонвареро қурбонӣ кард, ва хешовандони худро ба нон хӯрдан даъват намуд, ва онҳо нон хӯрданд ва дар кӯҳ шабро гузаронданд.
55
Бомдодон Лобон бархоста, набераҳо ва духтарони худро бӯсид, ва онҳоро баракат дод, ва равона шуд, ва Лобон ба маскани худ баргашт.
← Chapter 30
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 32 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50