bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 20
Genesis 20
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 21 →
1
Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард.
2
Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.
3
Ва Худо пеши Абималик дар хоби шаб омада, ба ӯ гуфт: «Инак, ту мемирӣ аз боиси ин зан, ки гирифтаӣ; зеро ки вай зани шавҳардор аст».
4
Ва Абималик ҳанӯз ба вай наздикӣ накарда буд, ва гуфт: «Худоё! Наход ки халқи одилро низ бикушӣ?
5
Магар ӯ ба ман нагуфт: „Вай хоҳари ман аст“? Худи вай ҳам гуфт: „Ӯ бародари ман аст“. Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам».
6
Ва Худо ба ӯ дар хоб гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ.
7
Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».
8
Ва Абималик бомдодон бархоста, тамоми ғуломони худро хонд, ва ҳамаи ин суханонро ба самъашон расонд; ва ин одамон хеле ҳаросон шуданд.
9
Ва Абималик Иброҳимро хонда, ба ӯ гуфт: «Чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Ба ту чӣ гуноҳ кардам, ки бар ман ва бар мамлакати ман гуноҳи азиме овардӣ? Корҳои накарданӣ ба ман кардӣ».
10
Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Чиро дар назар доштӣ, ки ин корро кардӣ?»
11
Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.
12
Ва дар ҳақиқат низ вай хоҳари ман аст: духтари падарам, аммо на духтари модарам; ва зани ман шуд.
13
Ва инак, ҳангоме ки Худо маро аз хонаи падарам ба роҳи мусофират андохт, ба вай гуфтам: эҳсоне ки ба ман бояд бикунӣ, ин аст, ки ҳар ҷо биравем, дар ҳаққи ман бигӯӣ: „Ӯ бародари ман аст“».
14
Ва Абималик гӯсфандон, ва говон, ва ғуломон, ва канизон гирифта, ба Иброҳим бахшид, ва занаш Сороро ба ӯ баргардонд.
15
Ва Абималик гуфт: «Инак, замини ман пеши туст; ҳар ҷо, ки писанди назарат афтад, сокин шав».
16
Ва ба Соро гуфт: «Инак, ҳазор сиккаи нуқра ба бародарат додам; инак, ин барои ту чашмбанд аст пеши ҳамаи касоне ки бо ту ҳастанд, ва пеши ҳама бегуноҳият исбот шуд».
17
Ва Иброҳим пеши Худо дуо гуфт, ва Худо Абималик, ва зани ӯ, ва канизони ӯро шифо бахшид, ва онҳо зоён шуданд.
18
Зеро ки Худованд батни тамоми аҳли байти Абималикро аз боиси Соро, зани Иброҳим, сахт баста буд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50