bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 35
Genesis 35
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 34
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 36 →
1
Ва Худо ба Яъқуб гуфт: «Бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шав, ва он ҷо бинишин; ва он ҷо қурбонгоҳе бисоз барои Худо, ки ҳангоми гурехтанат аз пеши бародарат Эсов бар ту зоҳир гардид».
2
Ва Яъқуб ба аҳли байти худ ва ҳамаи касоне ки бо ӯ буданд, гуфт: «Худоҳои бегонаро, ки дар миёни шумост, дур созед, ва худро покиза кунед, ва либоси худро иваз намоед;
3
Ва бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шавем, ва он ҷо ман қурбонгоҳе бисозам барои Худо, ки маро дар рӯзи тангии ман иҷобат намуд, ва дар роҳе ки рафтам, бо ман буд».
4
Ва ҳамаи худоҳои бегонаро, ки дар дасташон буд, ва гӯшвораҳоро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд, ва Яъқуб онҳоро зери дарахти булут, қи дар наздикии Шакем буд, гӯр кард.
5
Ва кӯч карданд. Ва ваҳми Худо бар шаҳрҳои гирду пеши онҳо буд, ва банӣ‐Яъқубро таъқиб накарданд.
6
Ва Яъқуб ба Луз, ки дар замини Канъон аст, ва ҳамон Байт‐Ил бошад, расид; худи ӯ ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд.
7
Ва он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва он маконро Ил‐Байт‐Ил номид, зеро ки дар он ҷо, ҳангоме ки аз пеши бародари худ гурехт, бар ӯ Худо зоҳир гардида буд.
8
Ва Дебӯро, дояи Ривқо, мурд, ва дар домани Байт‐Ил, зери дарахти булут дафн карда шуд, ки онро булути гирья номид.
9
Вақте ки Яъқуб аз Фаддони Арам гашта меомад, Худо бар ӯ бори дигар зоҳир гардид, ва ӯро баракат дод.
10
Ва Худо ба ӯ гуфт: «Номи ту Яъқуб аст, аммо минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки номи ту Исроил хоҳад буд». Ва ӯро Исроил ном ниҳод.
11
Ва Худо ба ӯ гуфт: «Ман Худои Қодир ҳастам; борвар ва афзун шав; халқ ва гурӯҳи халқҳо аз ту ба вуҷуд оянд, ва подшоҳон аз камари ту бароянд.
12
Ва заминеро, ки ба Иброҳим ва Исҳоқ додаам, ба ту хоҳам дод, ва ба наслат баъд аз ту ин заминро хоҳам дод».
13
Ва Худо дар он ҷое ки бо ӯ сухан гуфт, аз пеши ӯ сууд кард.
14
Ва Яъқуб дар он ҷое ки Худо бо ӯ сухан гуфт, сутуне барпо намуд, сутуне аз санг; ва ҳадияи рехтанӣ бар он рехт, ва равған бар он рехт.
15
Ва Яъқуб он маконро, ки Худо дар он ҷо бо ӯ сухан гуфт, Байт‐Ил ном ниҳод.
16
Ва аз Байт‐Ил кӯч карданд; ва чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасанд, Роҳел зоид, ва дар зоиданаш душворӣ кашид.
17
Ва ҳангоме ки дар зоиданаш душворӣ мекашид, доя ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки ин низ бароят писар аст».
18
Ва дар вақти ҷон доданаш, зеро ки мурд, ӯро Бен‐Ӯнӣ ном ниҳод, вале падараш ӯро Биньёмин номид.
19
Ва Роҳел вафот ёфт, ва дар роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт‐Лаҳм бошад, дафн карда шуд.
20
Ва Яъқуб бар қабри ӯ сутуне гузошт, ки он то имрӯз сутуни қабри Роҳел аст.
21
Ва Исроил кӯч кард, ва хаймаи худро дар он тарафи бурҷи Эдар барафрошт.
22
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.
23
Писарони Леё: Реубен, нахустзодаи Яъқуб, Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун.
24
Писарони Роҳел: Юсуф ва Биньёмин.
25
Ва писарони Билҳо, канизи Роҳел: Дон ва Нафтолӣ.
26
Ва писарони Зилфо, канизи Леё: Ҷод ва Ошер. Инҳоянд писарони Яъқуб, ки дар Фаддони Арам ба ӯ таваллуд шуданд.
27
Ва Яъқуб назди падари худ Исҳоқ ба Мамре, ба Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, омад, ки он ҷо Иброҳим ва Исҳоқ дар мусофират буданд.
28
Ва айёми Исҳоқ саду ҳаштод сол буд.
29
Ва Исҳоқ ҷон супурд ва мурд, ва пиру солхӯрда шуда, ба қавми худ пайваст, ва писарони ӯ Эсов ва Яъқуб ӯро ба хок супурданд.
← Chapter 34
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 36 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50