bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 26
Genesis 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 27 →
1
Ва қаҳтие дар он замин рӯй дод, ба замми он қаҳтии аввал, ки дар айёми Иброҳим рӯй дода буд; ва Исҳоқ назди Абималик подшоҳи фалиштиён ба Ҷарор рафт.
2
Ва Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине ки ба ту бигӯям, маскан гир.
3
Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, бо ҷо хоҳам овард.
4
Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
5
Ба хотири он ки Иброҳим ба овози Ман гӯш дод ва он чиро, ки ба риоя карданаш амр фармуда будам: аҳкоми Маро, фароизи Маро ва қонунҳои Маро риоя кард».
6
Ва Исҳоқ дар Ҷарор маскан гирифт.
7
Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.
8
Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.
9
Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: „Хоҳари ман аст“?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
10
Ва Абималик гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Қариб буд, ки яке аз халқ бо занат ҳамхоб шавад, ва ту бар мо гуноҳе меовардӣ».
11
Ва Абималик ба тамоми халқ амр фармуда, гуфт: «Касе ки ба ин одам ва ба зани ӯ дасти тааддӣ дароз кунад, гирифтори марг хоҳад шуд».
12
Ва Исҳоқ дар он замин зироат кард, ва дар он сол садчандон ҳосил бардошт: Худованд ӯро баракат дод.
13
Ва ин мард бузург шуд, рафта‐рафта бузург шудан гирифт, то ба дараҷае ки бағоят бузург шуд.
14
Ва ӯро рамаҳои гӯсфандон ва рамаҳои говон, ва ғуломону канизони зиёде буд, ва фалиштиён ба ӯ ҳасад бурданд.
15
Ва ҳамаи чоҳҳоеро, ки ғуломони падараш дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, фалиштиён бастанд ва аз хок пур карданд.
16
Ва Абималик ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав, зеро ки аз мо хеле пурзӯртар шудаӣ».
17
Ва Исҳоқ аз он ҷо бирафт, ва дар водии Ҷарор фурӯд омад, ва дар он ҷо маскан гирифт.
18
Ва чоҳҳои обро, ки дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, ва фалиштиён онҳоро баъд аз вафоти Иброҳим баста буданд, Исҳоқ аз сари нав канд, ва ба онҳо ҳамон номҳоро дод, ки падараш ба онҳо дода буд.
19
Ва ғуломони Исҳоқ дар он водӣ ҳафра заданд, ва чоҳи оби зиндае дар он ҷо ёфтанд.
20
Ва чӯпонҳои Ҷарор бо чӯпонҳои Исҳоқ ҷанҷол карда, гуфтанд: «Ин об аз они мост». Ва ӯ он чоҳро Эсак номид, зеро ки бо ӯ баҳс карданд.
21
Ва чоҳи дигаре канданд; барои он низ ҷанҷол карданд; ва ӯ онро Ситно номид.
22
Ва аз он ҷо кӯч карда, чоҳи дигаре канд, ва барои он ҷанҷол накарданд; ва ӯ онро Раҳӯбӯт номида, гуфт, ки акнун Худованд маро вусъат дод, ва мо дар замин борвар хоҳем шуд.
23
Ва аз он ҷо ба Беэр‐Шобаъ омад.
24
Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».
25
Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва исми Худовандро хонд, ва хаймаи худро дар он ҷо барафрошт, ва ғуломони Исҳоқ чоҳе дар он ҷо канданд.
26
Ва Абималик ҳамроҳи Аҳузат, ки яке аз ёронаш буд, ва Фикӯл, ки сипаҳсолораш буд, аз Ҷарор назди ӯ омад.
27
Ва Исҳоқ ба онҳо гуфт: «Чаро назди ман омадед, дар сурате ки бо ман адоват карда ва маро аз назди худ ронда будед?»
28
Гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст, бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем,
29
То ки ба мо бадӣ накунӣ, чунон ки ба ту осебе нарасондем, балки ба ту фақат некӣ кардем ва туро ба саломатӣ фиристодем, ва акнун ту мубораки Худованд ҳастӣ».
30
Ва ӯ барои онҳо зиёфате барпо намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд.
31
Ва бомдодон бархоста, ба якдигар қасам ёд карданд; ва Исҳоқ бо онҳо видоъ намуд, ва онҳо аз пеши ӯ ба саломатӣ рафтанд.
32
Ва дар он рӯз чунон воқеъ шуд, ки ғуломони Исҳоқ омада, ӯро аз он чоҳе ки меканданд, хабар дода, гуфтанд: «Об ёфтем».
33
Ва ӯ онро Шибъо номид. Аз ин сабаб он шаҳр то имрӯз Беэр‐Шобаъ ном дорад.
34
Ва чун Эсов чилсола буд, Яҳудит духтари Беэри ҳиттӣ ва Босмат духтари Элӯни ҳиттиро ба занӣ гирифт.
35
Ва онҳо сабаби ғаму ғуссаи Исҳоқ ва Ривқо буданд.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50