bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 40
Genesis 40
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 39
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 41 →
1
Баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки соқии подшоҳи Миср ва нонвой пеши оғои худ подшоҳи Миср хато карданд.
2
Ва фиръавн ба ду дарбории худ: ба сарсоқӣ ва ба сарнонвой хашм гирифт.
3
Ва онҳоро дар хонаи сардори посбонон, дар зиндоне ки Юсуф он ҷо бандӣ буд, андохт.
4
Сардори посбонон Юсуфро бар онҳо баргумошт, ва ӯ ба онҳо хизмат мекард. Ва муддате онҳо дар ҳабс буданд.
5
Ва соқӣ ва нонвои подшоҳи Миср, ки дар зиндон бандӣ буданд, ҳар ду дар як шаб хоб диданд, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб диданд.
6
Ва бомдодон Юсуф назди онҳо омада, дид, ки инак, онҳо бедимоғ ҳастанд.
7
Ва аз дарбориёни фиръавн, ки бо ӯ дар хонаи оғояш буданд, пурсида, гуфт: «Чаро имрӯз чеҳраи шумо ғамгин аст?»
8
Ба ӯ гуфтанд: «Хобе дидем, ва касе нест, ки онро таъбир кунад». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Оё таъбирҳо аз Худо нест? Ба ман нақл кунед».
9
Ва сарсоқӣ хоби худро ба Юсуф нақл карда, гуфт: «Хоб дидам, ки инак, токе пеши ман буд;
10
Ва ток се шоха дошт; ва он бишукуфт, ва ғӯра баст, ва шингилҳои ангураш пухт.
11
Ва ҷоми фиръавн дар дастам буд, ва ангурҳоро гирифта, дар ҷоми фиръавн фушурдам, ва ҷомро ба дасти фиръавн додам».
12
Ва Юсуф ба вай гуфт: «Таъбираш ин аст: се шоха се рӯз аст.
13
Баъд аз се рӯз фиръавн саратро барафрозад ва ба мансабат баргардонад, ва ҷоми фиръавнро ба дасти вай хоҳӣ дод, ба тариқи пештара, ки соқии ӯ будӣ.
14
Вақте ки аҳволи ту некӯ шавад, маро ёд кун; ва ба ман эҳсон фармуда, маро назди фиръавн зикр намо, ва маро аз ин хона берун овар.
15
Зеро ки ман аз замини ибриён дуздида шудаам; ва ин ҷо низ ҳеҷ коре накардаам, ки маро дар зиндон андозанд».
16
Ва чун сарнонвой дид, ки некӯ таъбир кард, ба Юсуф гуфт: «Ман низ хоб дидам, ки инак, се сабад кулча бар сари ман аст;
17
Ва дар сабади болоӣ ҳар гуна хӯрок барои фиръавн аз ҳунари нонвой мебошад; вале мурғон онҳоро аз сабаде ки бар сари ман аст, мехӯранд».
18
Ва Юсуф ба ҷавоб гуфт: «Таъбираш ин аст: се сабад се рӯз аст;
19
Баъд аз се рӯз фиръавн сари туро аз танат ҷудо кунад, ва туро бар дарахте овезад; ва мурғон гӯшти баданатро бихӯранд».
20
Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.
21
Ва сарсоқиро ба мансаби ӯ баргардонид, ва ӯ ҷомро ба дасти фиръавн дод.
22
Вале сарнонвойро ба дор кашид, чунон ки Юсуф ба онҳо таъбир карда буд.
23
Ва сарсоқӣ Юсуфро ба ёд наовард, балки ӯро фаромӯш кард.
← Chapter 39
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 41 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50