bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 23
Genesis 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 24 →
1
Ва айёми зиндагонии Соро саду бисту ҳафт сол буд: ин аст солҳои умри Соро.
2
Ва Соро дар Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон мурд, ва Иброҳим омад, то ки барои Соро навҳа ва гирья кунад.
3
Ва Иброҳим аз пеши мурдаи худ бархост, ва ба фарзандони Ҳит сухан ронда, гуфт:
4
«Ман пеши шумо ғарибу мусофир ҳастам: мақбарае дар байни худ ба моликияти ман бидиҳед, то ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам».
5
Ва фарзандони Ҳит ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфтанд:
6
«Эй оғои мо, сухани моро бишнав: ту дар миёни мо амири Худо ҳастӣ; дар беҳтарин мақбараи мо мурдаи худро дафн кун; ҳеҷ кадоме аз мо мақбараи худро аз ту барои дафни мурдаат дареғ нахоҳад дошт».
7
Ва Иброҳим бархоста, ба мардуми он замин, яъне ба фарзандони Ҳит таъзим намуд,
8
Ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Агар шумо розӣ бошед, ки мурдаи худро аз пешам дафн кунам, сухани маро бишнавед ва аз Афрӯн ибни Сӯҳар барои ман илтимос кунед,
9
То мағораи Макфелоро, ки аз они ӯст ва дар канори саҳрои ӯ воқеъ аст, ба ман бидиҳад, ба қимати пурра барои мақбара дар миёни шумо ба моликияти ман бидиҳад».
10
Ва Афрӯн дар миёни фарзандони Ҳит нишаста буд; ва Афрӯни ҳиттӣ дар самъи фарзандони Ҳит, дар пеши ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд, ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
11
«Не, оғои ман, сухани маро бишнав: ин саҳроро ба ту медиҳам ва мағораро, ки дар он воқеъ аст, ба ту медиҳам, дар пеши назари фарзандони қавми худ онро ба ту медиҳам, мурдаи худро дафн кун».
12
Ва Иброҳим пеши мардуми он замин таъзим намуд,
13
Ва дар самъи мардуми он замин ба Афрӯн сухан ронда, гуфт: «Агар ту ба гапам гӯш андозӣ, ман ба ту барои саҳро нуқра медиҳам: онро аз ман бигир, то ки мурдаи худро дар он ҷо дафн кунам».
14
Ва Афрӯн ба Иброҳим ҷавоб дода, гуфт:
15
«Эй оғои ман! Сухани маро бишнав: қимати замин чорсад сиқл нуқра аст; ин дар миёни ману ту чист? Мурдаи худро дафн кун».
16
Ва Иброҳим сухани Афрӯнро шунида, он маблағро, ки дар самъи фарзандони Ҳит гуфта буд, яъне чорсад сиқл нуқраи роиҷулмуомиларо ба Афрӯн баркашида дод.
17
Ва саҳрои Афрӯн, ки дар назди Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, яъне саҳро ва мағораи он, бо ҳамаи дарахтоне ки дар он саҳро ва дар тамоми ҳудуди гирду пеши он буд,
18
Ба моликияти Иброҳим мубаддал шуд дар пеши назари фарзандони Ҳит, яъне ҳамае ки ба дарвозаи шаҳри ӯ медаромаданд.
19
Ва пас аз ин Иброҳим зани худ Сороро дар мағораи саҳрои Макфело, дар рӯ ба рӯи Мамре, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, дар замини Канъон дафн кард.
20
Ва он саҳро бо мағорае ки дар он воқеъ аст, аз ҷониби фарзандони Ҳит ба моликияти Иброҳим барои мақбара мубаддал шуд.
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50