bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 44
Genesis 44
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 43
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 45 →
1
Ва Юсуф ба нозири хонаи худ амр фармуда, гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, аз хӯрокворӣ пур кун, ва нуқраи ҳар якеро дар даҳани халтааш бимон;
2
Ва ҷоми маро, он ҷоми нуқраро, дар даҳани халтаи он хурдӣ бо қимати ғаллаи ӯ бимон». Ва мувофиқи сухане ки Юсуф гуфт, иҷро кард.
3
Бомдодон, чун чашми рӯз кушода шуд, ин мардонро бо харони онҳо равона карданд.
4
Онҳо аз шаҳр баромада, ҳанӯз чандон дур нарафта буданд, ки Юсуф ба нозири хонаи худ гуфт: «Бархоста, аз ақиби ин одамон шитоб кун, ва чун ба онҳо даррасидӣ, бигӯй: „Чаро бадӣ ба ивази некӣ кардед?
5
Оё ин ҳамон ҷом нест, ки оғоям аз он менӯшад? Ва ӯ бо он фол мекушояд. Он чи кардед, бад кардед“».
6
Ва ба онҳо даррасид, ва ин суханонро ба онҳо гуфт.
7
Ба ӯ гуфтанд: «Чаро оғои мо чунин суханонро мегӯяд? Ҳошо, ки ғуломонат коре мисли ин бикунанд.
8
Он нуқраеро, ки дар даҳани ҳалтаҳои худ ёфта будем, аз замини Канъон назди ту гашта овардем; пас чӣ гуна аз хонаи оғоят нуқра ё тилло медуздем?
9
Назди ҳар яке аз ғуломонат ёфт шавад, бимирад; ва мо низ ғуломони оғои ту бошем».
10
Гуфт: «Майлаш; аз рӯи гуфтаи шумо шавад: назди касе ки ёфт шавад, ӯ ғуломи ман бошад, ва шумо озод бошед».
11
Ва шитоб намуда, ҳар яке халтаи худро ба замин фуроварданд, ва ҳар яке халтаи худро кушоданд.
12
Ва кофтуков кард; аз калонӣ сар карда, бо хурдӣ тамом кард; ва ҷом аз халтаи Биньёмин ёфт шуд.
13
Ва либосҳои худро чок заданд, ва ҳар яке хари худро бор карда, ба шаҳр баргаштанд.
14
Вақте ки Яҳудо ва бародаронаш ба хонаи Юсуф омаданд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд, ва пеши ӯ бар замин афтоданд.
15
Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардед? Оё надонистед, ки шахсе мисли ман албатта фол мекушояд?»
16
Яҳудо гуфт: «Ба оғои худ чӣ гӯем? Чӣ арз кунем? Ва чӣ гуна худро сафед намоем? Худо гуноҳи ғуломонатро дарьёфтааст; инак, мо ғуломони оғои худ бошем, ҳам мо ва ҳам он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд».
17
Гуфт: «Ҳошо, ки ман чунин кунам: он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд, ғуломи ман бошад, ва шумо ба саломатӣ назди падари худ биравед».
18
Ва Яҳудо ба ӯ наздик омада, гуфт: «Эй оғои ман, марҳамат фармуда ба ғуломи худ изн бидеҳ, ки сухане ба гӯши оғои худ бигӯям, ва бар ғуломи худ хашм нагир; зеро ки ту чун фиръавн ҳастӣ.
19
Оғоям аз ғуломонаш пурсида, гуфт: „Оё шуморо падар ё бародаре ҳаст?“
20
Ва ба оғои худ арз кардем, ки моро падари пире ҳаст, ва ӯро писари пиронсолагӣ, писари хурдӣ, ки бародараш мурдааст, ва ӯ аз модари худ танҳо мондааст; ва падараш ӯро дӯст медорад.
21
Ва ба ғуломони худ гуфтӣ: „Ӯро назди ман биёред, то ки ба ӯ чашм андозам“.
22
Ва ба оғои худ гуфтем: „Он ҷавон аз падари худ ҷудо шуда наметавонад, ва агар аз падари худ ҷудо шавад, ӯ хоҳад мурд“.
23
Вале ба ғуломони худ гуфтӣ: „Агар бародари хурдии шумо бо шумо наояд, рӯи маро дигар нахоҳед дид“.
24
Ва ҳангоме ки назди ғуломат, падари худ, омадем, суханони оғои худро ба ӯ нақл кардем.
25
Ва падари мо гуфт: „Баргардед, ва андаке хӯрокворӣ барои мо бихаред“.
26
Гуфтем: „Рафта наметавонем; лекин агар бародари хурдии мо бо мо равад, меравем; зеро ки рӯи он мардро дида наметавонем, агар бародари хурдии мо бо мо набошад“.
27
Ва ғуломат, падарам, ба мо гуфт: „Шумо медонед, ки занам ба ман дуто зоида буд.
28
Ва яке аз назди ман берун рафт, ва ман гуфтам: албатта дарида шудааст; ва то кунун ӯро надидаам;
29
Ва агар инро низ аз назди ман бибаред, ва зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд“.
30
Ва акнун агар назди ғуломат, падари худ, биравем, ва ин ҷавон бо мо набошад, ва ҳол он ки ҷони ӯ бо ҷони вай баста аст,
31
Ва чун бубинад, ки писар нест, ӯ хоҳад мурд; ва ғуломонат мӯи сафеди ғуломат, падари худро бо андӯҳ ба гӯр хоҳанд бурд.
32
Зеро ки ғуломат назди падари худ зомини писар шуда, гуфтам: „Агар ӯро назди ту набиёрам, умрбод пеши падари худ гуноҳкор бошам“.
33
Ва акнун бигзор, ки ғуломат ба ивази ин ҷавон дар бандагии оғои худ бимонад, ва ин ҷавон бо бародарони худ биравад.
34
Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».
← Chapter 43
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 45 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50