bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Genesis 14
Genesis 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 15 →
1
Ва воқеъ шуд дар айёми Амрофал подшоҳи Шинъор, Арйӯк подшоҳи Алосор, Кадорлоӯмар подшоҳи Элом ва Тидъол подшоҳи Ҷӯим,
2
Ки онҳо бо Бараъ подшоҳи Садӯм, Биршаъ подшоҳи Амӯро, Шиноб подшоҳи Адмо, Шамэбар подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, ҷанг карданд.
3
Ҳамаи онҳо дар водии Сиддим, ки ҳамон баҳри Намак бошад, бо ҳам пайвастанд.
4
Дувоздаҳ сол онҳо дар хизмати Кадорлоӯмар буданд ва дар соли сездаҳум исьён карданд.
5
Ва дар соли чордаҳум Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо ӯ буданд, омада, рафоиёнро дар Аштарут‐Қарнайн, зузиёнро дар Ҳом ва эмиёнро дар Шове‐Қирьётаим шикаст доданд,
6
Ва ҳӯриёнро дар кӯҳи онҳо Сеир то Ил‐Форон, ки дар шафати биёбон аст.
7
Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.
8
Он гоҳ подшоҳи Садӯм, подшоҳи Амӯро, подшоҳи Адмо, подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, берун омаданд; ва онҳо дар водии Сиддим ба ҷанг даромаданд,
9
Бо Кадорлоӯмар подшоҳи Элом, Тидъол подшоҳи Ҷӯим, Амрофал подшоҳи Шинъор ва Арйӯк подшоҳи Алосор; чор подшоҳ бо панҷ.
10
Ва водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир буд; ва подшоҳони Садӯм ва Амӯро рӯй ба гурез оварда, ба он ҷо афтоданд; ва боқимондагон ба кӯҳистон гурехтанд.
11
Ва ҳамаи дорони Садӯм ва Амӯроро бо тамоми озуқаи онҳо гирифта рафтанд.
12
Ва бародарзодаи Абром, Лутро, ки дар Садӯм сокин буд, бо дороияш гирифта рафтанд.
13
Ва гурезае омада, ба Аброми ибрӣ хабар дод, ва ӯ дар булутзори Мамреи амӯрӣ, ки бародари Ашкӯл ва бародари Онер буд, истиқомат дошт, ва онҳо иттифоқчиёни Абром буданд.
14
Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.
15
Ва шабонгоҳ тақсим шуда, ба онҳо тохт, ӯ ва ғуломонаш; ва онҳоро шикаст дод ва то ба Ҳӯбо, ки аз Димишқ ба тарафи шимол аст, таъқиб намуд.
16
Ва тамоми дороиро баргардонид, ва хеши худ Лут ва дороии ӯро, ва занон ва қавмро низ.
17
Вақте ки ӯ, баъд аз шикаст додани Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо вай буданд, баргашта меомад, подшоҳи Садӯм назди водии Шове, ки ҳамон водии подшоҳ бошад, ба пешвози ӯ баромад.
18
Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.
19
Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;
20
Ва муборак аст Худои Таоло, ки душманонатро ба дастат таслим кард». Ва Абром ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод.
21
Ва подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Ашхосро ба ман бидеҳ, ва дороиро барои худ бигир».
22
Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,
23
Ки аз тамоми дороии ту риштае ё даволи кафше нагирам, то нагӯӣ: „Ман Абромро бой гардондам“, —
24
Магар фақат он чи чавонон хӯрданд, ва ҳиссаи одамоне ки ҳамроҳи ман рафтанд: бигзор Онер, Ашкӯл ва Мамре ҳиссаи худро бигиранд».
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50