bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 10
Luke 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 11 →
1
Пас аз ин, Худованд боз ҳафтод нафари дигарро интихоб кард, ва онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳр ва ҷое ки Худаш рафтанӣ буд, фиристод.
2
Ба онҳо гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам. Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад.
3
Равед! Инак, шуморо монанди баррагон ба миёни гургон мефиристам.
4
Ҳеҷ ҳамёне, тӯрбае ва пойафзоле бо худ набаред, ва ба ҳеҷ кас дар роҳ салом нагӯед.
5
Ба ҳар хонае ки медароед, аввал гӯед: “Салом бар ин хона бод! ”
6
Агар дар он ҷо писари осоиш бошад, саломи шумо бар вай қарор мегирад; вагарна, сӯи шумо бармегардад.
7
Дар ҳамон хона монед ва аз он чи доранд, хӯред ва нӯшед; зеро меҳнаткаш сазовори музди худ аст. Аз хона ба хона нагузаред.
8
Агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул кунанд, аз он чи пеши шумо мемонанд, хӯред;
9
ва беморонеро, ки дар он ҷо ҳастанд, шифо диҳед, ва ба онҳо гӯед: “Подшоҳии Худо ба шумо наздик шудааст”.
10
Ва агар дар шаҳре ки меоед, шуморо қабул накунанд, ба кӯчаҳои он баромада, гӯед:
11
“Ҳатто чангеро, ки аз шаҳри шумо бар мо нишастааст, бар шумо меафшонем; лекин донед, ки Подшоҳии Худо ба шумо наздик шудааст”.
12
Ба шумо мегӯям, ки ҳолати Садӯм дар он рӯз аз ҳолати он шаҳр сабуктар мешавад.
13
Вой бар ту, эй Кӯразин! Вой бар ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар муъҷизаҳое ки дар шумо рӯй доданд, дар Сур ва Сидун рӯй медоданд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд.
14
Лекин дар рӯзи доварӣ ҳолати Сур ва Сидун аз ҳолати шумо сабуктар мешавад.
15
Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дунёи мурдагон сарнагун мешавӣ.
16
Ҳар кӣ шуморо шунавад, Маро мешунавад, ва ҳар кӣ шуморо рад кунад, Маро рад мекунад; ва ҳар кӣ Маро рад кунад, Фиристандаи Маро рад мекунад».
17
Он ҳафтод бо шодмонӣ баргашта, гуфтанд: «Хоҷа! Девҳо низ ба номи Ту ба мо фармонбардор мебошанд».
18
Ба онҳо гуфт: «Ман шайтонро чун барқ аз осмон афтода дидам.
19
Инак, ба шумо қудрат медиҳам, ки морон ва каждумон ва тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар намерасонад.
20
Аммо аз он шод нашавед, ки рӯҳҳо ба шумо фармонбардор мебошанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмон навишта шудаанд».
21
Дар ҳамон соат Исо дар Рӯҳ хушҳол шуда, гуфт: «Туро эй Падар, эй Фармонравои осмону замин ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва доноён пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ. Оре, эй Падар! Зеро хушнудии Ту дар ин буд».
22
Ва ба шогирдон рӯй оварда, гуфт: «Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст; ва ҳеҷ кас ғайр аз Падар намедонад, ки Писар кист; ва ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист, ғайр аз Писар ва касе ки Писар ба вай ошкор кардан хоҳад».
23
Ва алоҳида ба шогирдони Худ рӯ оварда, гуфт: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо мебинед, мебинанд!
24
Зеро ба шумо мегӯям, бисёре аз пайғамбарон ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, шунаванд, ва нашуниданд».
25
Ва инак, як шариатдон бархест ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфт: «Эй Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти абадӣ шавам?»
26
Ба вай гуфт: «Дар Таврот чӣ навишта шудааст? Ва ту чӣ тавр мехонӣ?»
27
Дар ҷавоб гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми қувват ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дор, ва ёратро монанди худат дӯст дор».
28
Ба вай гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ; чунин кун, то ки ҳаёт дошта бошӣ».
29
Вале вай, ки мехост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»
30
Исо дар ҷавоб гуфт: «Як шахс, ки аз Уршалим ба Ариҳо мерафт, ба дасти роҳзанон афтод; онҳо либосашро кашиданд, ӯро маҷрӯҳ карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
31
Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд, ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт.
32
Ҳамчунин левизодае, ки дар он ҷо роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт.
33
Аммо як шахси сомарӣ, ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва ӯро дида, дилаш сӯхт,
34
ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва май рехту захмбандӣ кард, ва ӯро ба маркаби худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ ғамхорӣ намуд.
35
Фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби корвонсарой дод ва ба вай гуфт: “Ба ин шахс нигоҳубин кун; ва агар аз ин зиёд харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту медиҳам”.
36
Пас, ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ёри он шахсе буд, ки ба дасти роҳзанон афтод?»
37
Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Рав, ва ту низ чунин кун».
38
Ва ҳангоме ки мерафтанд, Ӯ ба деҳае даромад, ва зане ки Марто ном дошт, Ӯро дар хонаи худ пазироӣ намуд.
39
Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, суханони Ӯро гӯш мекард.
40
Лекин Марто ба хизматгузорӣ банд буд, ва наздик омада, гуфт: «Хоҷаам! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро дар хизмат танҳо гузоштааст? Ба вай гӯй, ки ба ман ёрдам диҳад».
41
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Марто! Марто! Ту оид ба чизҳои бисёр ғамхорӣ ва давутоз мекунӣ,
42
аммо танҳо як чиз даркор аст. Марям ҳиссаи некӯро интихоб кардааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24