bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 19
Luke 19
Tajik NT 1999
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 20 →
1
Ва Ӯ ба Ариҳо ворид шуда, аз он мегузашт.
2
Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватманд буд,
3
мехост Исоро бинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд.
4
Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бинад, чунки Ӯ бояд аз пеши он мегузашт.
5
Ҳангоме ки Исо ба он ҷо расид, боло нигариста, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фуруд ой, зеро имрӯз бояд дар хонаи ту монам».
6
Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазироӣ намуд.
7
Ва ҳама инро дида, ғур-ғур карда мегуфтанд, ки Ӯ дар хонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.
8
Аммо Заккай бархеста, ба Худованд гуфт: «Эй Хоҷа! Нисфи дороии худро ба бенавоён медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар бозмегардонам».
9
Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст;
10
зеро Писари Одам омадааст, то гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад».
11
Ҳангоме ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд, зеро Ӯ дар наздикии Уршалим буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Подшоҳии Худо падид ояд.
12
Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахси асилзодае ба кишвари дурдаст мерафт, то ки подшоҳӣ ба даст оварда, баргардад.
13
Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: “Бо ин пул то вақти баргаштанам хариду фурӯш кунед”.
14
Аммо аҳли шаҳраш ба вай душманӣ доштанд ва аз паси вай намояндагон фиристоданд, то гӯянд: “Намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад”.
15
Ва ҳангоме ки вай подшоҳиро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода, буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст.
16
Якумӣ омада, гуфт: “Хоҷаам! Як минои ту даҳ мино фоида овард”.
17
Ба ӯ гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизи андак боваринок будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав”.
18
Дуюмӣ омада, гуфт: “Хоҷаам! Як минои ту панҷ мино фоида овард”.
19
Ба ӯ низ гуфт: “Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав”.
20
Сеюмӣ омада, гуфт: “Хоҷаам! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам;
21
зеро ман аз ту тарсидам, чунки марди дилсахте ҳастӣ: он чи нагузоштаӣ, мегирӣ, он чи накоштаӣ, медаравӣ”.
22
Ба ӯ гуфт: “Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи бад! Ту медонистӣ, ки ман шахси дилсахт ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам.
23
Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш гирам? ”
24
Ва ба ҳозирон гуфт: “Он миноро аз ӯ гирифта, ба касе ки даҳ мино дорад, диҳед”.
25
Ба ӯ гуфтанд: “Эй Хоҷа! Вай даҳ мино дорад”.
26
“Ба шумо мегӯям, ки ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад.
27
Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман кушед”».
28
Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Уршалим равона шуд.
29
Ва чун ба Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анё, ба кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода,
30
ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, равед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред.
31
Ва агар касе аз шумо пурсад: “Чаро воз мекунед? ” — ба вай гӯед: “Худованд ба он эҳтиёҷ дорад”».
32
Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.
33
Ҳангоме ки онҳо курраро воз мекарданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?»
34
Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтиёҷ дорад».
35
Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор карданд.
36
Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд.
37
Ҳангоме ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наздик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шодикунон бо овози баланд Худоро барои ҳамаи муъҷизаҳое ки дида буданд, ситоиш карда,
38
мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба номи Худованд меояд! Осоиш дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»
39
Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Шогирдони Худро манъ кун».
40
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо фарёд мекунанд».
41
Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирён шуд,
42
ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиши ту мебарад! Аммо ин акнун аз чашмони ту ниҳон аст.
43
Зеро рӯзҳое ба сарат меоянд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо месозанд ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг меоваранд,
44
туро ва фарзандони туро дар дохили ту ба хок яксон мекунанд ва дар ту санге бар санге боқӣ намегузоранд, чунки вақти дидори Худовандро бо худат надонистӣ».
45
Ва ба ибодатгоҳ даромада, ба берун рондани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, сар кард,
46
ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки “хонаи Ман хонаи дуо аст”, аммо шумо онро дуздхона кардаед».
47
Ва ҳар рӯз дар ибодатгоҳ таълим медод. Аммо сардорони коҳинон, китобдонон ва бузургони мардум дар пайи нобуд кардани Ӯ буданд,
48
вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум пайваста ба суханони Ӯ гӯш медоданд.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24