bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 11
Luke 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 12 →
1
Рӯзе Ӯ дар ҷое дуо мегуфт, ва ҳангоме ки тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чунон ки Яҳё низ ба шогирдонаш ёд додааст».
2
Ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки дуо мегӯед, чунин гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Номи Ту муқаддас бод; Подшоҳии Ту биёяд; Хости Ту, чунон ки дар осмон аст, Дар замин ҳам ба амал ояд;
3
Нони ҳаррӯзаи моро рӯз ба рӯз ба мо деҳ;
4
Ва гуноҳҳои моро бубахш, Зеро мо низ ҳар касеро, ки ба мо гуноҳ кардааст, мебахшем; Ва моро ба озмоиш дучор накун, Балки моро аз шайтон раҳоӣ деҳ”».
5
Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки дӯсте дошта бошад ва нисфи шаб пеши ӯ омада, гӯяд: “Эй дӯст! Ба ман сето нон қарз деҳ,
6
зеро дӯсте аз роҳ назди ман даромадааст, ва ман чизе надорам, ки пешаш монам”;
7
ва ӯ аз дарун дар ҷавоби вай гӯяд: “Маро ташвиш надеҳ; дари хонаам баста, ва бачаҳоям бо ман дар ҷогаҳ хобидаанд; наметавонам бархеста, ба ту чизе диҳам”, —
8
ба шумо мегӯям, ки ҳарчанд аз рӯи дӯстӣ бархеста ба вай надиҳад ҳам, ба сабаби густохии вай бархеста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай медиҳад.
9
Ва Ман ба шумо мегӯям: хоҳиш кунед, ба шумо дода мешавад; ҷӯед, меёбед; дарро кӯбед, он ба шумо кушода мешавад.
10
Зеро ҳар кӣ хоҳиш кунад, мегирад, ва ҳар кӣ ҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро кӯбад, он ба ӯ кушода мешавад.
11
Ва кист аз шумо, ки падар бошад, ва писараш аз ӯ нон хоҳиш кунад, санге ба вай медиҳад? Ё моҳие хоҳиш кунад, ва ӯ ба ҷои моҳӣ море ба вай медиҳад?
12
Ё, агар тухме хоҳиш кунад, каждуме ба вай медиҳад?
13
Пас, агар шумо, ки бад ҳастед, ба фарзандони худ додани тӯҳфаҳои некро медониста бошед, пас Падари осмонӣ албатта ба онҳое ки аз Ӯ хоҳиш мекунанд, Рӯҳулқудсро медиҳад».
14
Боре Ӯ як девро, ки гунг буд, берун кард. Ҳангоме ки дев берун шуд, гунг ба гап даромад, ва мардум ҳайрон шуданд.
15
Лекин баъзе аз онҳо гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи Баал-Забул, сарвари девҳо, берун мекунад».
16
Ва дигарон, озмуданӣ шуда, аз Ӯ аломати осмонӣ талаб мекарданд.
17
Лекин Ӯ андешаҳои онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар подшоҳие ки дар худ ҷудоӣ дорад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонаводае ки дар худ ҷудоӣ дорад, фурӯ меғалтад.
18
Ва агар шайтон низ дар худ ҷудоӣ дошта бошад, подшоҳии вай чӣ гуна устувор истода метавонад? Зеро шумо мегӯед, ки Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам.
19
Агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо мешаванд.
20
Лекин агар Ман девҳоро бо ангушти Худо берун мекарда бошам, пас Подшоҳии Худо ба шумо омада расидааст.
21
Ҳангоме ки зӯрманди мусаллаҳ хонаи худро нигаҳбонӣ мекунад, дороии вай дар амон аст.
22
Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба вай ҳуҷум карда, ғолиб мебарояд, он гоҳ тамоми аслиҳаи вайро, ки ба он умед баста буд, кашида мегирад ва дороии вайро ба тороҷ медиҳад.
23
Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман зид аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, пароканда мекунад.
24
Ҳангоме ки рӯҳи нопок аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад. Чун наёфт, мегӯяд: “Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам”.
25
Ва гашта омада, онро ҷорӯбзада ва ороста меёбад.
26
Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва даромада, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад».
27
Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро мегуфт, як зан аз байни мардум овозашро баланд карда, ба Ӯ гуфт: «Хушо шикаме ки Туро бардоштааст, ва пистонҳое ки Туро шир додаанд!»
28
Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».
29
Ҳангоме ки мардум бештар ҷамъ омадан гирифтанд, Ӯ ба сухан оғоз карда, гуфт: «Ин насл бад аст; вай аломате металабад, ва ба вай ғайр аз аломати Юнуси пайғамбар аломате дода намешавад.
30
Зеро, чунон ки Юнус аломате барои мардуми Нинве буд, ҳамчунин Писари Одам низ барои ин насл мешавад.
31
Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бар мардони ин насл бархеста, онҳоро маҳкум мекунад, чунки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз канорҳои замин омад; ва инак, Шахсе аз Сулаймон бузургтар ин ҷост.
32
Мардони Нинве дар рӯзи доварӣ бар ин насл бархеста, онро маҳкум мекунанд, чунки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, Шахсе аз Юнус бузургтар ин ҷост.
33
Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, дар ҷои ниҳоне ё зери зарфе намегузорад, балки бар чароғдон мегузорад, то онҳое ки ба хона медароянд, рӯшноиро бинанд.
34
Чароғи бадан чашм аст; пас, агар чашмат нек бошад, тамоми баданат низ равшан мешавад; аммо агар бад бошад, баданат низ торик мешавад.
35
Пас, ҳушёр бош: мабодо рӯшноие ки дар туст, торикӣ бошад.
36
Вале агар баданат пурра равшан буда, ҳеҷ як қисми торике надошта бошад, он тамоман равшан мешавад, ба монанди он ки чароғе бо дурахши худ туро равшан карда бошад».
37
Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, як фарисӣ Ӯро ба хонаи худ барои хӯрок даъват кард; Ӯ омада, назди дастархон нишаст.
38
Фарисӣ чун дид, ки Ӯ пеш аз хӯрок даст нашуст, ҳайрон шуд.
39
Лекин Худованд ба вай гуфт: «Ҳоло шумо, эй фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва бадӣ пур аст.
40
Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст?
41
Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед, он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза мешавад.
42
Аммо вой бар шумо, эй фарисиён, ки аз пудина, испанд ва ҳар гуна сабзавот даҳяк медиҳед, вале ростӣ ва муҳаббати Худоро ба назар намегиред; бояд онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
43
Вой бар шумо, эй фарисиён, ки дӯст медоред дар куништҳо болонишин бошед ва дар кӯчаву бозор ба шумо салом гӯянд.
44
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки монанди гӯрҳои нонамоён ҳастед, ки одамон дар болои онҳо роҳ мераванд ва инро намедонанд».
45
Дар ҷавоб яке аз шариатдонон ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Бо ин суханонат моро низ меранҷонӣ».
46
Аммо Ӯ гуфт: «Вой бар шумо низ, эй шариатдонон, ки борҳои душворро бар дӯши одамон мегузоред, лекин худатон як ангуштро ҳам ба он борҳо намерасонед.
47
Вой бар шумо, ки мақбараҳои пайғамбаронро месозед, ва ҳол он ки падарони шумо онҳоро куштаанд.
48
Пас шумо аз корҳои падарони худ гувоҳӣ медиҳед ва аз онҳо розӣ ҳастед; онҳо пайғамбаронро куштанд, ва шумо мақбараҳошонро месозед».
49
Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: “Ба наздашон пайғамбарон ва расулонро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро мекушанд ва баъзеро таъқиб мекунанд,
50
то ки хуни тамоми пайғамбарон, ки аз вақти бунёдшавии ҷаҳон рехта шудааст, бар гардани ин насл бошад:
51
аз хуни Ҳобил то хуни Закарё, ки дар миёни қурбонгоҳ ва ибодатхона кушта шудааст”. Ҳа, ба шумо мегӯям, ки он бар гардани ин насл мешавад.
52
Вой бар шумо, эй шариатдонон, ки калиди донишро гирифтаед; худатон надаромадед, ва ба онҳое ки даромадан мехостанд, монеъ шудед».
53
Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро ба онҳо мегуфт, китобдонон ва фарисиён ба Ӯ сахт фишор оварда, боз бисёр чизҳоро аз Ӯ пурсидан гирифтанд,
54
ва дар камин буданд, то ки аз забонаш чизе шунида, Ӯро айбдор кунанд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24